Муҳрагиле, ки худро гуҳар мепиндорад

№66 (3051) 03.06.2013

Неши ақраб на аз пайи кин аст,

Муқтазои табиаташ ин аст.

Банда беҳуда навиштаамро бо чунин байт оғоз накардаам, зеро сухан сари ақрабе меравад, ки дар қиболи некӣ бадиро раво донистааст. Вақте аз вай сабаби чунин амалкардашро пурсон мешаванд, маълум мегардад, ки ин иқдом на аз пайи кин, балки дар заминаи  талаботи табиати ақраб амалӣ шудааст.

Чунин хислат ба Додоҷони Атовулло-«Ватандор»- и ватанозор низ хос аст. Аслан, ҳаргиз нияти  вокуниш ба андешаҳои сафсатаомез ва аз ҳақиқати воқеӣ фарсахҳо дури номбурдаро надоштам, зеро таваҷҷуҳ ба ин сафсатаҳо сарфи беҳудаи вақт ва харҷи барабаси неруи зеҳнӣ аст, на чизи дигар. Вале «пешниҳод»-и навори «Тӯйи писари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамрадиф бо «шарҳ» ва «эзоҳи» чеҳраи «ошно» Додоҷони Атовулло тариқи канали К+, ки марзи журналистикаи касбиро бо тамоми арзу тӯлаш дағалона убур намудаву ба ҳаёти шахсии нафаре, ки тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад, дасти таарруз дароз намудааст, маро водор намуд, ки чанд андешаро, ки бовар дорам, дар муқоиса бо суханони пойдарҳавои мавсуф, асоси воқеӣ доранд, манзури хонандагони рӯзнома намоям.

Қабл аз ҳама мехоҳам  зикр созам, ки бояд шабакаи телевизионии К+ барои пахши чунин «барнома»-е, ки маҳаки асосиаш даъват ба эътироз, нобоварӣ ва даъват ба тазоҳуроту табаддулоти давлатӣ буда, барои ягон расонаи касбӣ роиҷ нест, тибқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санаду қонунҳои байналмилалии танзимкунандаи фаъолияти воситаҳои ахбори омма посух гӯяд.

Ҳар инсони солимфикр ҳанӯз аз лаҳзаҳои нахустини ин сафсатабарнома дарк менамояд, ки бо чунин тарз пешниҳод кардани барнома дар ягон қолаби журналистикаи  муосир ва меъёрҳои инсонӣ намеғунҷад. Дар оғози ҳазённома Д. Атовулло тамошобинонро ба тӯйи, ба гуфти ӯ, дӯсти дар қавсайнаш, ки чанд сол муқаддам баргузор гашта буд, даъват менамояд. Бо чунин сенария шуруъ намудани «барнома» далели возеҳи он аст, ки Д. Атовулло воқеан ҳам солимфикр нест, ҳазёнбарнома саропо аз туҳмати беасос иборат буд ва ҳоло инкори як қисми онҳоро бо далелҳои асоснок бамаврид медонам.

Банда интизор будам, ки шахсони масъул ва нухбагони аҳли зиёи кишвар, ки аз меҳрубонӣ ва лутфу марҳамати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бархурдоранду посух гуфтан ба ин сафсатаҳо  вазифаи ҷониашон аст, дар ин ҷода иқдом мекунанд. Вале афсус… Воситаҳои ахбори оммаи мамлакат низ, ки аксар маврид аз рӯйдоду воқеоти аз лиҳози моҳият ба як фулус намеарзида ҳангома месозанд, ба истиснои ҳафтаномаҳои «ССCР» ва «Фараж», «ба даҳонашон об гирифтанд».

Шояд онҳо ба он назаранд, ки «саг меҷакаду корвон ба роҳаш идома медиҳад». Нафаре аз дӯстон баъд аз амалкарди  мавсуф иброз дошт, ки ин дар замони  пеш буд, ки «саг меҷакиду корвон ба роҳаш идома медод». Ҳоло бошад, бо рушди ҷомеа ва тақозои замон сари вақт вокуниш зоҳир кардан ва  муҷозот намудани «саг» зарур аст. Банда бо дӯстам комилан ҳамфикрам. Чунки таҳқири як нафар, ки ба назари банда, дар маҷмуъ таҳқири  миллат маҳсуб меёбад, ба ҳеҷ ваҷҳ бояд бе посух намонад. Маҳз хомӯширо ихтиёр намудани мо аз ҷониби Атовуллоҳо сӯистифода мешавад. Бигзор номбурда дар мавриди сиёсати давлат ва Ҳукумат андешаҳояшро бо риояи муқаррароти мавҷуда, бо пешниҳоди далелу арқоми асоснок иброз намояд. Ин ҳаққи шаҳрвандии  ӯст (агар шаҳрванди Тоҷикистон бошад!), касе ба ин «озодандеш» монеа эҷод намесозад. Вале, ин тарз таҳия кардани «барнома» ва таҳмили андешаҳои муғризона ба сари бинандагон, ки қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санаду қавоини байналмилалиро дағалона вайрон намуда,  дар маҷмуъ ба ҳаёти шахсии Сарвари давлат дахл намудааст, ҳаргиз қобили қабул нест. Пешравиҳои кишвари азизи мо барои Д. Атовулло мисли кордест, ки ба гӯшту нохунаш расидааст, хорест, ки ба дидагонаш мехалад ва устухонеро шабеҳ аст, ки дар гулӯяш дармонда. Миёни мардум маҳбубияти зиёд доштани Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон низ боиси рашки ӯ шудааст. Шояд «ҳамкасб»-и «гиромӣ-и мо фаромӯш кардааст, ки:

 Обру зотист Бедил, варна  монанди гуҳар

 Муҳраи гил ҳам тавонист дар дили дарё нишаст.

Ман дар тавсифи шахсияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои кишварамон, ки бевосита ба номи ин абармард рабт доранд, чизе намегӯям, зеро чизе «аён аст, ҳоҷат ба баён нест». Аз ҷониби дигар, Сарвари давлат ба тамаллуқ ниёз надорад ва онҳоеро, ки ба ӯ тамаллуқ мезананд, зарур аст ба ҷойи чунин «хизмати хирсона» дар чунин мавридҳо аз кишвар, миллат ва Роҳбари хеш дифоъ кунанд. Табиист, ки дифоъ аз муқаддасоти зикршуда аз хушомадгӯиҳои нолозим бамаротиб муҳимтару заруртар аст.

Амалҳои Д. Атовулло «душманӣ бо офтоб аз аблаҳист»-ро шабеҳ аст. Итминонам комил аст, ки агар дар садри давлати Тоҷикистон аз арши аъло фаришта қарор дошта бошад ҳам, ӯ барои ин нафар ба ҳеҷ ваҷҳ мақбул нахоҳад буд. Тарҷумаи ҳоли мавсуф, ки банда бо вуҷуди доштани маълумоти зиёд аз оварданаш худдорӣ менамоям, далели гуфтаҳои болост.  Вале моро бояд аз ин ҳазёнҳо боке  набошад, зеро:

Гар айби хоки поки Сиистон кунад касе,

Дарё палид менашавад аз даҳони саг.

Сохторҳои марбутаро мебояд дар навбати аввал чӣ гуна ба дасти чунин ашхос расидани сабти маросими сифр хонаводагии шахси аввали кишварро муайян ва гунаҳкоронро хеле сахт муҷозот намоянд. Д. Атовулло бошад, мақоли халқии «пеши табарро бо пахта бояд гирифт»-ро сармашқи кори худ қарор дода, манбаи барои худаш мақбули дастраснамоии ин наворро баён дошт, ки дурустии онро ба виҷдонаш (агар он бошад) ҳавола менамоям. Итминонам комил аст, ки парда аз рӯйи ин асрор бардошта хоҳад шуд.

Додоҷони Атовулло дар ин «барномааш» хитоб мекунад, ки «мо то кай тоқат мекунем?». Ин ибораро мо — сокинони Тоҷикистон бояд дар қиболи «иқдомот»-и ин «ватандор» гӯем: Ин моем, ки рафторҳои ноҷавонмардонаи шуморо то ин ҳадд таҳаммул мекунем. Ба андешаи инҷониб, пешниҳоди ин «барнома» поёни фаъолияти оппозитсионии (агар воқеан ҳам чунин бошад) номбурда  аст, зеро агар то ин замон дар дохили  Тоҷикистон чанд нафаре ба андешаҳои ӯ мувофиқ буданд, баъд аз ин иқдоми ноҷавонмардонааш ҳатман  онҳо низ пушт сӯйи ин нафар хоҳанд гардонид. Равоншод падари бузургворам, ки аз шумори шахсиятҳои фарҳангӣ ва баобруй маҳсуб меёфтанд, агар бо нафаре аз  ҳамдеҳагон заррае бошад ҳам ғубори хотир медоштанд, чун аз ҳудуди деҳа, берун мерафтанд дар ҳолати зарурӣ бо он нафар ҳамфикр буданду аз мавқеаш ҳимоят мекарданд. Д.Атовулло бошад, аз хориҷи мамлакат бо кӯмаки «дӯстони Тоҷикистон» санги маломат ба сари миллати худ мезанад. «Хуш ба ҳолаш».

Харҷи тӯйи писари Президентро «ҷаноб»-и Атовуллоев ба 1,5 – 2 миллион доллари амрикоӣ баробар донистааст, ки бори дигар сафсата будани суханаш аст. Агар ӯ ҳисобу китобро гум карда бошад, хушбахтона, дигарон онро фаромӯш накардаанд.  Муътақидам, ки агар ин нафар виҷдон медошт, як тӯйи хоксоронаро, ки дар доираи хонавода ва даъвати теъдоди ками дӯстон баргузор гаштаву дастархони муҳайёгардида низ хеле хоксорона буд, чунин «нархгузорӣ» намекард. Онҳое, ки ин наворҳоро мутаваҷҷеҳ шуда бошанд, фикри бандаро тасдиқ мекунанд. Мутмаинам, ки Роҳбари ягон кишвари олам чунин хоксорона тӯйи фарзандашро, ки шумораи меҳмонон ҳудуди 150 нафар бошаду дар дастархон ба ҷуз меваҳо, шарбат ва обҳои маъдании истеҳсоли худӣ ва чанд газаку хӯроки хоксорона чизи дигаре пешниҳод накарда бошад,  баргузор намекунад.

Ҳамагон хуб дар хотир дорем, ки дар арафаи тӯйи хонадоршавиаш писарбузурги Сарвари давлатамон аз хонаи ятимон дидан намуда, барои онҳо дастархони идона густурда буд, ки ин дар таҷрибаи ҷаҳонӣ камназир аст. Ҳатто соҳибкорони кишвари моро, ки дар заминаи ин сиёсате, ки ба қавли Д.Атовулло «ягон намуди озодӣ вуҷуд надорад», фаъолият доранду сармоя ҷамъ овардаанд,  шукуҳу шаҳомат ва хароҷоти тӯйҳояшон аз ин тӯй бамаротиб бештар аст. Дар мавриди арғушт рафтан дар базми хурсандии хонадоршавии фарзандон, махсусан писари аввал,  аслан бояд андешаи дигар вуҷуд надошта бошад. Биёед, даст рӯйи сина монему бигӯем, ки оё  дар олам нафаре ҳаст, ки дар чунин базми хурсандии хонадоршавии фарзандаш шодӣ накунаду арғушт наравад. Муътақидам, чунин шахс нест ва агар бошад, ба қавли Ҳилолии бузургвор «ё одам нест ё аз ин олам нест».

Дар мавриди шумораи ҳунармандони  маҳфили зикршуда низ ҳазёнҳои Д. Атовулло идома ёфта, ин теъдод зиёда аз сад нафар арзёбӣ гардидааст. Ҳол он ки ин шумора бамаротиб камтар аст.

Мушоҳида мешуд, ки «ватандор» зимни шарҳу эзоҳаш ба навори мазкур хеле мушкилӣ мекашид, ки ин аз нашинохтани чеҳраҳо ва мутобиқат накардани мубтадо ба хабари ҷумлаҳои пойдарҳавояш  баръало эҳсос мегашт. Хандаовар аст, ки «дар замоне, ки ба маҳ бояд рафт», номбурда бо пешниҳоди ин навор аз зери нохун чирк мекобад. Чунин муносибат зарбулмасали халқиро, ки нотавонбин бинобар наёфтани айби шахси дигар, «думи сагатон каҷ» гуфтааст, ба хотир меорад. Ӯ зимни «шарҳаш» ҳатто ашхоси марҳумро, бо вуҷуди ба кишвари мо умуман рабт надоштанашон, таҳқир намуда, Муаммар Қаззовӣ ва Садом Ҳусейнро диктатор меномад. Имрӯз, бо гузашти вақти на он қадар зиёд, собит гашт, ки нафарони фавқуззикр ҳамон гунае, ки аз ҷониби «қаҳрамон»-и мо зикр шуд, набуда, баръакс қурбонии сиёсат ва манфиатҳои абарқудратҳои ҷаҳон шудаанду ин мамлакатҳо, на шумори кишварҳои пешрафтаи демократӣ, балки рӯйхати минтақаҳои даргири оламро зиёд намуданд. Хушбахтона, ҳамватанони  мо шаҳди ин «ғамхориҳо»-ро хеле барвақт чашидаанд ва хуб медонанд, ки «чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ». Ҳанӯз 22 сол муқаддам аввалин қурбонии ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, инсони барӯманду меҳандӯст, ҳамшаҳрии Д. Атовулло, нахустин сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» -  Муродуллоҳи Шерализода дар таснифи  ӯ чунин навишта буд: «Шунидаам, ҳастанд зумрае ҳамарӯза бо васвасаи шайтон аз китфи чап бо як ният аз хоб мехезанд. Ва он ният ин аст, ки имрӯз ҳам аз иғвохалтаю дасисатӯрбаи худ порае ба атроф партоб кунанду бозори ҳангоматалабонро гарм созанд. Агар шуду дасисаю иғвои навбатӣ ба ҳадаф расид, ин зумра ҳамон рӯзро бо табъи болида паси сар мекунанд ва агар не, рӯзашон сиёҳу шомашон торик, авқоташон талху шабашон ҳаром мегардад. Сад ҳайф, ки шумо дар ин ҷавонӣ ба чунин бемории ваҳим гирифтор шудаед ва кирми ҳасуду бадхоҳиву нотавонбинӣ вуҷудатонро ором намегузораду онро ҳамвора арраву парма мекунад».

Ба ин суханони арзанда чизе илова намуданро зарур намешуморам…

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»