ДУШАНБЕ. (Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум») Тибқи маълумоти фаврии Корхонаи ҷумҳуриявии воҳиди давлатии «Мубориза бар зидди малах» то санаи 19 апрели соли 2013 дар ҷумҳурӣ масоҳати паҳнгаштаи малах 49185 гектарро ташкил медиҳад, ки дар майдони 25348 гектари он коркард гузаронида шудааст. Барои мубориза бар зидди малах 34 адад трактори дорупошаки ОВХ ва дастгоҳи аэрозолӣ, 839 адад дорупошаки дастӣ ва 2091 нафар қувваи корӣ сафарбар гардидааст. Мавзеъҳои паҳнгаштаи малах дар вилояти Хатлон 37630 гектар, Суғд 3605 гектар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 7950 гектарро ташкил медиҳад.
Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон