ДУШАНБЕ. (Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»)Чанде пеш дар толори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии адибон- Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзоев, нависанда Амирхон Аҳмадхонов ва тарҷумон Амирхон Азимов бо шунавандагони муассисаи мазкур баргузор гашт. Чорабиниро сардори Академия, генерал – лейтенанти милитсия Розиқзода Абдулҳакими Шералӣ ҳусни оғоз бахшида, нақши созандаи асарҳои бадеиро дар пешрафту ташаккули соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла милитсия, муҳим арзёбӣ намуд.
Ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист.
Эмомалӣ Раҳмон