КВД «Тоҷикаэронавигатсия» аз ҷумлаи корхонаҳоест, ки ба он танҳо бо иҷозатномаи махсус ворид шудан мумкин аст. Ба мо -рӯзноманигорон имкон даст дод, ки чандин бор ба ин ҷо омада, бо фаъолияти муҳиму арзишноки аҳли корхона шинос шавем ва бо роҳбарияти корхона суҳбат намоем. Ҳар гоҳе ба ин ҷо биёем, моро ёвари директори генералӣ, шахси хушмуомилаю бомаърифат Аббоси Афсаҳзод, писари яке аз олимони машҳури адабиётшиноси тоҷик шодравон Аълохон Афсаҳзод пешвоз гирифта, роҳнамойӣ мекунад. Ин дафъа низ баъди анҷоми расмиятҳои гузариш аз нуқтаҳои пазиройии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва баромадан ба саҳни он, ҳамроҳ бо А. Афсаҳзод савори мошини махсус ба идораи КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ки дар як кунҷи фурудгоҳ воқеъ аст, рафтем.
Сарварии ин корхонаро Анвар Баҳодурович Махсудов бар уҳда дорад. Вай роҳбари кордон, мутахассиси варзида, шахси ҷиддӣ, вале табиатан меҳрубону бомаърифат ва хоксор аст. Эшон дорои тахассусҳои иқтисодчӣ ва муҳандиси идораи ҳаракати ҳавоӣ мебошад. Омӯзишгоҳи ҳавопаймоӣ-техникии авиатсияи граждании шаҳри Рига (1981), Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1990) ва Академияи авиатсияи граждании шаҳри Санкт-Петербургро (1993) хатм кардааст. Фаъолияти касбии А. Махсудов аз соли 1981 ба сифати муназзими хадамоти идораи ҳаракати ҳавоии Раёсати авиатсияи граждании Тоҷикистон оғоз ёфта, то вазифаи директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» расидааст.
КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар системаи нақлиёти ҳавоии мамлакат аз ҷумлаи идораҳои асосӣ ва муҳим ба шумор меравад. Тавре сарвари корхона иброз медорад:
-Вазифаи асосии мутахассисони мо дар маҷмуъ таъмини бехатарии парвозҳои киштиҳои ҳавоӣ дар фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Барои анҷоми ин вазифаи басо масъулиятнок дониши баланд ва дарки масъулият лозим аст. Дар самти татбиқу иҷрои ин аҳдоф корҳои доимии методӣ оид ба пешгирии вайронкунии талаботи ҳуҷҷату асноди идории роҳбарикунандаву технологӣ ва интизоми меҳнат гузаронида, мунтазам нақшаи чорабиниҳо оид ба барқарорнамоии воситаҳои таъминоти радиотехникӣ, метеорологӣ ва ғайра боздид ва такмил дода мешаванд.
Ҳамчунин дар радифи фаъолияти ҳаррӯза кори зиёд ба анҷом мерасад, ки натиҷаҳои шаш моҳи аввали соли ҷорӣ далел бар ин гуфтаҳост. Дар ин давра сифат ва самаранокии кор баланд гардид. Хизматҳои аэронавигатсионӣ ба 191 ширкати ҳавопаймоии сохторҳои ватаниву хориҷа пешкаш карда мешаванд, ки аз ҷумлаи онҳо 23-тоаш ширкати иҷрокунандаи парвозҳои доимӣ ва 168-тоаш ширкати иҷрокунандаи парвозҳои ғайридоимӣ мебошанд. Таҳлил нишон дод, ки ширкатҳои авиатсионӣ барои иҷрои парвозҳо ба аэродромҳои кишварамон аз 125 навъ киштии ҳавопаймоӣ истифода мебаранд.
Дар фаъолияти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» корбурд ва таҳияи асноди марбути молиявию хоҷагӣ дар асоси барномаи «1С-Муҳосибот – Тоҷикистон» пайомади ҳашт таҳлил натиҷагирӣ мегардад, ки пурра ҷавобгӯйи талаботи стандартҳои байналмилалии ҳисоботдиҳии молиявӣ (МСФО) мебошад. Корхона шуруъ аз 1 июни соли 2013 тамоми намуди ҳисоботҳои андозиро бо сохторҳои марбутаи давлатӣ таври электронӣ анҷом медиҳад. Дар нимсолаи аввали соли равон даромади умумии муассиса 25 432,63 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,54 фоиз зиёдтар аст. Пардохтҳои КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2013-ум 8 423 187 сомониро ташкил дод.
Қарзҳои дебиторӣ, бе ба инобат гирифтани қарзи ба се сол боздошташудаи ҶСК «Тоҷик Эйр» дар ҳаҷми 8 181 376 сомонӣ, ба 30 июни соли 2013 ин зайл аст: ҶСК «Тоҷик Эйр» — 2 457 613 сомонӣ, ҶДММ «Сомон Эйр» — 1 601 478 сомонӣ, ҶСП «Ист Эйр» — 486 085 сомонӣ.
Пардохти қарзи кредитории КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ки аз ҶСК «Тоҷик Эйр» интиқол шуда буд, тибқи реҷаи бо бонк мувофиқашуда пардохт гардида, ба 30 июни соли 2013 дар маҷмуъ 4 059 356 сомониро ташкил медиҳад, ки аз маблағи ибтидоӣ бамаротиб кам аст.
Дар нимсолаи аввали соли 2013 муассиса ба 32 734 адад киштии ҳавопаймоӣ хизмат пешкаш намуд, ки 3 692 адад, яъне 10,14 фоиз камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 мебошад (соли 2012 – 36 426).
Сабаби асосии камшавӣ бинобар пастшавии шиддатнокии парвозҳои киштиҳои ҳавопаймоии Қувваҳои коалитсионии байналмилалӣ ба самти Афғонистон, минтақаи МНЁ-ро давр зада гузаштани ҳавопаймоҳои ширкати «Uzbekistan airways», танҳо 60 фоиз парвозҳои нақшавиро иҷро кардани ширкатҳои «Тоҷик Эйр» ва «Ист Эйр» дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа ва аз истифодаи масирҳои транзитии Тоҷикистон даст кашидани ширкатҳои «Britishmidlandairways», «Evergreenintlairlines» ва «TAAGAngolaairlines» ба амал омаданд.
Дар нимсолаи аввал, дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Австрия ба ҶумҳурииТоҷикистон ва баргузории Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Австрия «Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ва Ширкати австриягии «FrequentisAG» ба имзо расид. Ҳайати намояндагии корхона дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии «Евразия», ки дар шаҳри Ростови лаби Дони Федератсияи Россия гузашт, иштирок намуд.
Корхона дар доираи кӯмак ба муҳтоҷон, аз ҷумла маъюбон, кӯдакони бепарастору ятиммондаи хонаҳои кӯдакон ва муассисаҳои махсусгардонида як қатор корҳои хайрро анҷом дод.
Вазъи кунунии фаъолияти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» нишон медиҳад, ки корхона манфиатовар буда, пардохтҳо ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазаму саривақтианд. Ҳамчунин барои рушди сохторҳои муассиса фонди баэътидолорандаи молиявӣ фароҳам оварда шуда, сатҳу сифати хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ бинобар дастрасӣ ба таҷҳизоту низомҳои муосири пешрав тамоюли беҳбудиву рушд дорад.
Дар маҷмуъ, КВД «Тоҷикаэронавигатсия» тибқи «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2011 №165) амал намуда, зина ба зина татбиқи аркони марбути онро амалӣ мекунад.
-Мутахассиси аэронавигатсия ба содир кардани хатои хурдтарин ҳақ надорад, зеро як хато метавонад боиси ҳодисаи нохуше гардад,-мегӯяд А. Махсудов ва меафзояд:- Дар ин замина бо хушнудӣ метавонам бигӯям, ки то ҳол, Худоро шукр, бо айби корхонаи мо ягон ҳодисаи нохуш рух надодааст.
Баъди анҷоми суҳбат, вақте ба саҳни ҳавлии корхона баромадем таваҷҷуҳи моро, дар баробари «мурғони фулодин»- майдони ҳавойӣ, гулҳои рангоранги паҳлуи бино ба худ кашид. Ин гулзор ва қитъаи киштзори сабз аз завқи баланди зебоипарастӣ ва заҳматкашии роҳбарияту мутахассисони КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дарак медиҳад.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»