Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию амалии байналмилалӣ бахшида ба 90 — солагии мақомоти адлия дар мавзӯи «Рушди мақомоти адлия дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ва нақши он дар низоми идоракунии давлатӣ» баргузор гардид.
Дар кори конференсия масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони созмонҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ иштирок намуданд.
Онро муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдуманнони Ғаффор ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба фаъолияти мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 90 сол суханронӣ намуд. Мавсуф аз ҷумла иброз дошт, ки дар радифи дигар мақомоти давлатӣ 14 декабри соли 1924 ниҳоди ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти адлия, суд ва прокуратура — Комиссариати халқии адлия таъсис ёфт. Соли 1946 номи расмии мақомот аз Комиссариати халқии адлия ба Вазорати адлия иваз гардид. Минбаъд низ ин сохтор тағйири ном менамояд. Чунончӣ, 17 ноябри соли 1958 ваколатҳои вазорат ба уҳдаи Комиссияи юридикӣ, ки бо фармони Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон таъсис дода шуда буд, вогузор гардид. Танҳо соли 1970 Вазорати адлия дубора барқарор шуд.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки принсипи волоияти қонун ҳукмфармост, Вазорати адлия ба сифати мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи меъёрэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ-криминалистӣ, таъмини иҷрои қарорҳои судӣ ва ғайра ба роҳ мондааст.
Иштирокчиёни конференсия оид ба нақши мақомоти адлия дар низоми идоракунии давлатӣ, аз ҷумла бақайдгирии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бақайдгирии ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, нотариати давлатӣ, таърихи рушди экспертиза ва нақши он дар ошкорсозии ҷиноят андешаронӣ намуданд.
Муовини вазири адлияи Федератсияи Россия Алханов Алӣ Дадашевич дар суханронии худ аз ҳамкориҳои судманди вазоратҳои адлияи ду кишвари ба ҳам дӯст ёдовар шуд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»