Нуздаҳуми марти соли равон дар боғи «800-солагии Москва» Намоишгоҳи лоиҳаҳои беҳтарини иншооти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комилзода Абдувалӣ Ҳаким изҳор дошт, ки намоишгоҳи мазкур бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ташкил гардид, ки мақсад аз он пешниҳод кардани лоиҳаҳои замонавии бо унсурҳои санъати меъмории миллӣ таҳияшуда ва огоҳ шудан аз дастовардҳо ва пешниҳодҳои ҳамдигар мебошад. Номбурда ҳамчунин афзуд, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо дар мубодилаи таҷриба низ мусоидат менамояд. Мавсуф таъкид кард, ки таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба меъмориву сохтмон имконият дод, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ садҳо иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода дода шавад.
-Мо-тоҷикон, ки фарҳанги қадима дорем, бояд ҳангоми сохтмони дилхоҳ иморат аз санъати миллии меъмориамон фаровон истифода барем,-иброз дошт А.Комилзода.
Дар намоишгоҳ 63 ташкилоту корхонаи лоиҳакашӣ иштирок намуда, зиёда аз 200 лоиҳаи бино ва иншооти гуногунро ба маърази тамошо гузошта буданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»