Аз 27 то 30 сентябри соли ҷорӣ дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳ-ярмаркаи молҳои содиротии ноҳияи мухтори Синтсзян-Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой доир мегардад.
Ба ин муносибат 26 сентябр дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз ташкилкунандагони ин намоишгоҳ мебошад, нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар он масъулини Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ноҳияи мухтори Синтсзян-Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой, асосан аз ҳавзаи Қошғар, иштирок доштанд. Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асаналӣ Карамалиев роҷеъ ба ҳадафҳои ташкили ин чорабинии муҳим ва барои ҳамкориҳои ду давлат аҳамиятнок ибрози назар карда, меҳмононро хайра мақдам гуфт. Муовини губернатори кишвари Қошғар Ван Юн Ҷӣ аз пазиройии гарму самимии ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фароҳам овардани шароити хуб барои ташкили намоишгоҳ изҳори миннатдорӣ карда, роҷеъ ба намоишгоҳ маълумот дод. Вай, аз ҷумла иттилоъ дод, ки дар ин намоишгоҳ намояндагони 70 корхона ширкат варзида, беш аз 1000 номгуйи молу маҳсулотро пешкаш менамоянд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»