Россия эътимоди комил надорад, ки дар ҳолати ба сари қудрат омадани мухолифин манофеи ӯ беш аз имрӯза ба назар гирифта мешавад. Нафаре, ки ба ҷойи Раҳмон меояд, аз кадом самтҳои сиёсати хориҷӣ кор мегирад, барои мо маълум нест.
М. Кабирӣ кӯшиш намуда истодааст, ки дар бозиҳои барояш душвор «қартаи асосӣ»-ро дар даст нигоҳ дорад. Роҳбари ҲНИТ дар тӯли ҳафт соли охир вонамуд мекард, ки ӯ ба сиёсати бузург майл надорад ва дар интихоботи ноябрии соли 2013 иштирок карданӣ нест.
«Ба фикри шахсии ман беҳтар мебуд, агар ҳизбҳои сиёсии исломӣ дар маъракаҳои интихоботӣ номзадии намояндагони худро пешниҳод намекарданд»,-гуфта буд ӯ. Аммо қабл аз шуруи сабқатҳои пешазинтихоботӣ ӯ ва ёронаш фаъол шуданд: «Мо ба таври ҷиддӣ ба интихобот омодагӣ мегирем ва ҳаргиз бовар надоштем ва надорем, ки натиҷаҳои интихобот пешакӣ муайян мешуда бошад». Яъне, ҲНИТ ба шаффоф ва демократӣ баргузор гардидани интихобот итминон дорад. Хуб мебуд, агар дар ҳолати мағлубият фикри онҳо тағйир намеёфту мисли ҳамеша ва маъмулан пайи фикрҳои гунаҳкор кардани Ҳукумат дар тақаллуб ва беадолатӣ, маҳрум намудани ҷомеа аз арзишҳои исломӣ афтода, тазодҳои сунъиро ба миён намеоварданд.
Имрӯз наҳзатиён қартаҳои худро то охир накушодаанд. Чунин ба назар мерасад, ки онҳо ҳанӯз ҳам дар ҷустуҷӯйи номзади шоистатаре аз ҳизбҳои дигар ҳастанд: «Мо ҳоло миёни дигар аҳзоби мухолиф (шояд ғайриҳизбӣ) номзад меҷӯем. Ҷустуҷӯйи мо барои дарёфти номзади сатҳи миллӣ аст. Ана ҳамин гуна интихобро мо дар назар доштаву интизор ҳастем», -мегӯянд онҳо. Аммо ин найранге беш нест. Махсусан, бозӣ бо ҲСДТ ва ҳатто ҲКТ. ҲНИТ интизор шудан мегирад. Сад фоиз кафолат ҳаст, ки наҳзатиҳо ба қарибӣ ба варианти аввалаи худ бармегарданд. Замоне, ки ҳизб номзадашро интихоб мекунад, он ҳатман «номзади сатҳи миллӣ» хоҳад буд. Шояд он нафар худи роҳбари ҲНИТ бошад. Қотеъона ва бидуни рақиб, зеро он ҷо дигар номзади арзанда вуҷуд надорад. Дар ҳоле ки наҳзатиён борҳо мегуфтанд: «Дар ҳизб потенсиали рушди ҷавонон вуҷуд дорад ва ҳизб аз ифшои он худдорӣ мекунад». Ҳой! Канӣ шумо, ҷавонони умедворкунанда?
Барои расидан ба ҳадафи аслӣ – омадан ба сари қудрат ҲНИТ аз якчанд талоши тактикӣ кор гирифтааст:
- шартнома бо Ҳукумат дар бораи «тақсими қудрату масъулият дар кишвар» ва «Луқмаи равғанин» бар ивази вафодорӣ ба Ҳукумати кунунӣ. Иттиҳоди пешазинтихоботии ҲНИТ бо аҳзоби ғайримаъруф. Дастгирии Зайд Саидов….
Инчунин дархост дар бораи дастгирӣ ва мусоидат аз ҳамфикрони Осиёи Марказиву Россия ва ташкили конфронси махсус дар Маскав. Намояндагони кишварҳои мазкур ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ накарданд. Ҳамчунин дар он намояндагони муътабари Россия низ ҳузур надоштанд. Маскав аз вуруди исломиён ба қудрати расмии яке аз кишварҳои ИДМ истиқбол намекунад ва барои боз доштани ин раванд тамоми кӯшишро равона хоҳад кард. Россия кафолати қатъӣ надорад, ки дар ҳолати ба сари қудрат омадани мухолифин манофеи ӯ беш аз имрӯза ба таври комил ба назар гирифта мешавад: «Нафаре, ки ба ҷойи Раҳмон меояд, аз кадом самтҳои сиёсати хориҷӣ кор мегирад, барои мо маълум нест. Бовар надорем, ки он шахс ба манофеи Россия ҷавобгӯ хоҳад буд». (С. Михеев). Гузашта аз ин, Федератсияи Россия қатъиян мутмаин аст, ки барояш зарур нест, то дар симои онҳое, ки имрӯз пешниҳоди дӯстӣ мекунанд, таҳдидҳои иловагӣ дошта бошад. Барои Маскав ҳар чизе, ки нишондиҳандаи «исломӣ» дорад, нигаронкунанда аст. Баръакси Ғарб, ки мехоҳад бо аҳзоби исломӣ ҳамкорӣ намуда, тавассути неруҳои исломӣ ҳадафҳои сиёсиву ҳарбии худро бароварда гардонад.
Ғайриимкон, аммо ба ҳар ҳол ин дархост аз ҷониби намояндагони ҷомеаи расмии динии Тоҷикистон дар мулоқот бо Президенти Тоҷикистон садо дод:
- «Мавҷудияти аҳзоби исломӣ боиси тафриқаангезӣ дар дини Ислом мегардад. Ислом ба ҳизб ниёз надорад!» — ин ва дигар интиқоди руҳониён нисбат ба ҲНИТ на як бору ду бор аст, ки садо медиҳад.
Дар ҳақиқат, вобаста ба вазъияти феълӣ наҳзатиён аз номи ҳизб сӯиистифода мекунанд. Феълан, ҳаёти сиёсӣ нисбат ба ҳаёти мазҳабӣ афзалият пайдо намудааст. Ҳоло чунин ба назар мерасад, ки маҳз ҲНИТ дар кишвар ин «тамғаи тиҷоратӣ»-ро инҳисор карда, онро ғасб ва бераҳмона сӯиистифода мекунад. Дар натиҷа, маҳз ҲНИТ ҳамчун ягона созмон дар Тоҷикистон худро ҳомии манофеи мусулмонон медонад. Бо тасаввуроти бофтаву дурӯғин, ки гӯё «Танҳо ҲНИТ ҳуқуқ ва манфиатҳои мусулмононро ҳифз мекунад».
«Касе ба мухолифин ҳаққи инҳисори исломро надодааст ва нахоҳад дод. Бо он ки ҳизб «исломӣ» ном гирифтааст ё шахсе руҳонист, он наметавонад намояндаи ислом ва мусулмонони Тоҷикистон бошад». (Б.Химо).
Сухан на ин ки дар мавриди бастани ҲНИТ, балки дар бораи тағйири номи он меравад. Аммо ҲНИТ намехоҳад ин «тамғаи тиҷоратӣ»-ро аз даст диҳад! Чунончӣ, дар Одесса мегӯянд, ҲНИТ ва ҲНТ- ду тафовути бузург. Исломиҳо фарқиятро эҳсос карданд. Онҳо на танҳо эҳёи иқтисодии Тоҷикистон, исломӣ кардани онро мехоҳанд. ҲНИТ умедвор аст, ки калимаи «исломӣ» ба ӯ дар муборизаҳои сиёсӣ нафъи муайяне хоҳад овард. Аммо расидан ба ин ҳадаф дар гумон аст. Дар ҷумҳурӣ, ки қисми муъаззами ҷомеаи онро мусулмонон ташкил медиҳанд, ҲНИТ дар муддати даҳ соли фаъолияти худ, на танҳо натавонист, ки сад фоизи раъйи мардумро ба даст орад, балки ба ин рақам наздик шуда ҳам натавонист. Чанд сол қабл М.Кабирӣ ноогоҳона гуфта буд: «чарх ба коми мо мегардад». ҲНИТ мавқееро, ки интизор буд, ишғол кард. Тарафҳои муқобилро интизор шуд, то ба онҳо бипайвандад ё ба болои онҳо роҳбарӣ кунад. Аммо вақт нишон дод, ки мардум боварии худро нисбат ба давлат аз даст надодааст ва муқобили он эътироз карданӣ нест. Аз ин рӯ, интизор будани «беэътимодии умумӣ» ҷиҳати ҷалби аксарияти мардум ба ҷониби худ аз мантиқ дур аст.
АМИТ «Ховар»