Зани миёнасоле сари роҳамро гирифта: «ҳа, раис, маро чаро ба рӯйхати камбизоатҳо нанавиштӣ?» — гуфта, аз камбағалиаш шикоят кард. Баъди се рӯз ба суроғаш рафта, дарашро кӯфтам. Зан дарро ба рӯям кушода, курсичаеро оварда, таклифи нишастан кард. Ман нишастам ва ба атроф назар кардам. Ҷумаки обреза (водопровод)-и хонааш кушода буду аз он беист об мерехт. Дар чуқурии паҳлуи хати об партовҳои тахминан якмоҳааш ҷамъ гашта буд. Чашмам ба фурӯзонаке афтид, ки бо вуҷуди рӯзи равшану соат аз даҳ гузаштан то ҳол хомӯш карда нашудааст. Дар як тарафи ҳавлӣ лаъличаҳои бисёре пур аз картошкабирён ва дигар ғизоҳо. Ба ростӣ, чунин манзараҳо хотирамро ошуфта кард ва ин ҳама бозгӯйӣ аз хислати ин зани соҳибхона аст, ки худро камбизоат меҳисобаду шикоят мекунад.
Худ қазоват кунед, ки як фурӯзонак, агар шабонарӯз хомӯш набошад, дар як моҳ ва ё сол чанд сомонӣ қарздор мешавед? Ва ё дар як шабонарӯз, агар шумо ба миқдори панҷ сомонӣ хӯроки зиёдатиатонро ба партовгоҳҳо партоед, дар як сол 1830 сомонӣ мешавад, ҳол он ки ин маблағ барои эҳтиёҷоти хонаводаатон зарур аст. Агар маблағи исрофкориҳои дигар оилаҳоро ҳисоб кунед, чӣ қадар мешавад? Ҳамаи инро ба соҳибхоназан фаҳмонда, аз ҳавлии ӯ берун шудам.
Баъди фурсате аз тангкӯчае мегузаштам. Дидам, ки ду зан бо кӯдакҳои худ нишаста, машғули суҳбат буданд. Маро дида, худро канор гирифтанд, вале ман ба наздашон рафта, худро шиносонидам. Баъди шиносойӣ онҳо аз бемории кӯдаконашон, қиматӣ ва бетаъсирии давоҳо, ришвагирии баъзе духтурон шикоят карданд. Ин гуфтаҳояшон ҷон дорад, аммо боз паҳлуи дигари масъала маро ба шигифт овард.
Баъди рози занҳоро гӯш кардан ба ҷӯйчаи назди хонаашон нигаристам. Даруни ҷӯйча пур аз сиёҳлой ва партовҳо буд. Онро ҳафтаҳо касе тоза накардааст ва кирмҳои ҳархела дар болояш намудор аст. Ҳатто нонпораҳоро низ ба он ҷо партофтаанд. Оё ин ҳама манбаи пайдошавии бемориҳо нест?
Бале, пас аз бемор шудан табобати он душвор аст. Ба он хоҳарони азиз фаҳмондам, ки худашон низ дар бемор шудани кӯдаконашон сабабгоранд. Ҳамин тавр, мушоҳидаҳои онрӯза нишон дод, ки сокинони бисёр маҳаллаҳо худро шаҳрӣ мегӯянду ба тозагӣ риоя намекунанд. Аз байни кӯчаи Фучик ҷӯйбори калони пур аз партов мегузарад, ки боиси нигаронист. Сарчашмаи он партови оби зиёдатии кӯчаҳои Намангон, Глинко ва Фучик мебошад. Доимо партови ин кӯчаҳо ба воситаи ҳамин ҷӯй ба поён меравад. Дар байни бошандагони ин кӯчаҳо ҳоҷиҳо, хизматчиёни давлатӣ, соҳибмаълумотҳо низ зиндагӣ мекунанд. Суоле пайдо мешавад, ки чаро онҳо дар бартараф намудани камбудиҳо бетафовутӣ зоҳир мекунанд?
Болта Раҷабов,
раиси Шӯрои маҳаллаи «Саноат»-и ноҳияи Шоҳмансури
шаҳри Душанбе