ДУШАНБЕ. ( Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Бино ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади тарғиби муай-тай ( намуди варзиш) дар ҷумҳурӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-7 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе чемпионати Ҷумҳуриии Тоҷикистон доир гардид. Дар мусобиқа дастаҳои вилоятҳои «Хатлон — 1», «Хатлон — 2», «Суғд», «ВМКБ», «Душанбе -1», «Душанбе -2», «Душанбе — 3», шаҳру навоҳии тобеи марказ, ҷамъияти варзишии «Динамо» ширкат карданд. Дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибон бо медалу дипломи кумитаи мазкур ва туҳфаҳои таъсисдодаи сарпарастон қадрдонӣ шуданд.
Ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист.
Эмомалӣ Раҳмон