Омодагӣ ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

№71 (3056) 13.06.2013

Даҳуми июни соли 2013 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи корӣ оид ба баррасии масъалаҳои мубрами хоҷагидории шаҳр бо иштироки муовинони раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо баргузор гардид.

Дар ҷаласа қабл аз ҳама Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи муовинони раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳоро ба рафти омодагӣ ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ, баргузории тӯйи арӯсию домодии 64 ҷуфт навҷавонон тибқи анъаноти шаҳрдорӣ  ба ифтихори ин санаи фархунда дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» ҷалб намуда, зикр сохт, ки баҳри шаффофияти интихоби ҷуфтҳои муносиб аз оилаҳои ниёзманд тамоми тадбирҳоро андешида, дар иҷрои ин амал ба сохтакориҳо роҳ дода нашавад. Илова бар он, таъкид сохт, ки дар таносуби ҳар кадом ноҳияҳои шаҳр бо ҷалби зарфиятҳои аҳли ҷамоатчигӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ тӯйҳои хатнасури фарзандон аз оилаҳои камбизоат доир  карда шавад.

Ҳамзамон дар ҷаласа бо дахли масоили иҷрои нақшаҳои буҷети шаҳр дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба муовини соҳавии раиси шаҳр Б.Назаров  дастур фармуд, ки дар ҳамкорӣ бо Раёсати андоз ва Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе оид ба ҷамъоварии андоз ва фарогирии тамоми манбаъҳои андозбандӣ дар шаҳр  чораҳои муассир андешад.

Дар ҷаласа бо мақсади рафъи ҳолатҳои танбашавии анбӯҳи нақлиёт дар роҳҳои автомобилгард муқаррар гардид, ки суръати корҳои таъмиру азнавсозӣ ва сохтмон дар роҳҳои таҷдидшаванда тезонида, сифати корҳо аз ҷониби комиссияҳои корию давлатӣ зери назорати қатъӣ гирифта шавад.

Дар фарҷоми ҷаласа раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулинро ба ҳолати  ғановати бозори истеъмолӣ бо сабзавоту меваҷоти тару тозаи ватанӣ бо истифода аз зарфиятҳои  маъмурияти бозорҳои коммуналӣ ва соҳибкорон, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ва беҳдошти вазъи санитарию экологӣ дар шаҳр нигаронида, дар иртибот ба он афзуд, ки фаъолияти кори назоратии комиссияҳои ҷамъиятӣ аз болои сохторҳои масъул пурзӯр карда шавад.

Ш. САИДОВ,

котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе