Дувоздаҳуми октябри соли 2013 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи навбатии Ситоди шаҳрӣ оид ба омодагиҳо ба мавсими пешорӯйи зимистонгузаронӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти тӯли ду ҳафтаи сипаригардида анҷомдодаи сохторҳои марбута мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев бо хулоса аз натиҷаи санҷишҳои мутақобилаи аз ҷониби комиссияҳои марбута дар таносуби ноҳияҳо оид ба ҳолати омодагиҳои фонди манзил, муассисаҳои иҷтимоӣ ва Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе суратгирифта, ба масъулин дастур фармуд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибмулкони манзил ва иншоот барои қабули гармии аз тарафи Ҷамъияти саҳомии навъи кушодаи «Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳӣ» — и ШСХК «Барқи Тоҷик» дар мавсим пешниҳодшаванда иҷрои корҳои нақшавиро тақвият бахшанд. Инчунин аз масъулини сохторҳои дахлдор ва ШСХК «Барқи Тоҷик» талаб намуд, ки баҳри татбиқи муқаррароти бо Қарори марбутаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №122 аз 30 марти соли 2013 тасдиқгардида, ки ба салоҳияти ҳар кадоме вогузор шудааст, чораҳои қатъӣ андешанд.
Дар ин росто комиссияҳои назоратии фаъолияткунанда вазифадор гардиданд, ки бо идома додани кори худ унвонии Раиси шаҳр оид ба ҳолати воқеии корҳои омодагӣ аз ҷониби сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва ШСХК «Барқи Тоҷик» маълумот манзур созанд.
Ҳамзамон дар идома ба он ҷаласаи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии ҷараёни азхудкунии қитъаҳои замин барои бунёди манзилҳои шахсӣ аз ҷониби 727 нафар сокинони шаҳр дар маҳаллаи «Ховарон» сурат гирифт. Дар ин зимн Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи масъулинро барои сари вақт бо сертификатҳои ҳуқуқи истифодаи замин ва лоиҳаву иҷозати корҳои сохтмонӣ таъмин кардани шаҳрвандон нигаронида, ба Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ва пажуҳишгоҳҳои масъули лоиҳакашӣ барои таҳияи лоиҳаи азхудкунии кварталҳои 7 ва 12 дар маҳаллаи «Ховарон», ки дар маҷмуъ 418 қитаъи замин барои бунёди манзилҳои шахсӣ иловатан пешбинӣ карда мешавад ва лоиҳаи кашидани хати оби нӯшокӣ ва корезӣ дар кварталҳои навбунёди маҳаллаи мазкур дастур фармуд.
Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе