Саҳми журналистон дар ташаккули афкори чомеа муассир буда, аксари маврид мардум ба ин ё он масъала аз зовияи андешаҳои онҳо ворид мегарданд. Ин аст, ки ниёгони мо қаламро ҳам созанда ва ҳам сӯзанда унвон кардаанд. Мисраъҳои зерин низ бозгӯйи масъалаи мавриди назар аст:
Аз фитнаи забони сухан эҳтиёт кун,
Ғофил машав, ки гардани море гирифтаӣ.
Мутаассифона, як идда журналистон омили мазкурро сарфи назар намуда, дар заминаи ибрози андешаҳои аз ҳақиқати воқеӣ фарсахҳо дур то андозае аҳли ҷомеаро гумроҳ намуда истодаанд. Манзури банда маводи Иршод Сулаймонӣ, ки таҳти унвони «Парлумон, гап бизан!» дар ҳафтаномаи «Озодагон» ба нашр расидааст, мебошад. Банда аз он нигаронам, ки санги маломат задан сари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бархе аз нашрияҳои матбуоти тоҷик ба амри маъмулӣ табдил ёфтааст. Исрор наменамоям ва хоҳони он нестам, ки оид ба фаъолияти мақоми олии қонунгузори мамлакат матолиби танқидӣ набошад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров низ борҳо дар суханрониҳо ва мулоқотҳояшон, ки ҳамасола дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик бо журналистон доир мегарданд, ба ин нукта ишора намуда буд. Аммо замоне, ки журналист миёни танқид ва таҳқир фарқе намегузораду ҳар дуро дар як қабо пешниҳоди хонанда мегардонад, ҷойи таассуф ва нигаронист. Дар баъзе аз воситаҳои ахбори омма чун сухан дар бораи парлумон равад, ҳатман андешае ироа мегардад, ки «Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунҳои пешниҳодгардидаро бидуни баррасӣ ва муҳокимаву баҳс қабул менамояд». Нек пай мебарам, хуб дарк мекунам ва муътақидам, ки ҳадаф аз чунин «матолиб» ва «нуктаи назар» танҳо аз «пашша фил сохтан аст». Ба ибораи дигар, «муқтазои табиаташ ин аст» ва «дарди кампир ғӯза». Метавонистам ба ин масъала таваҷҷуҳ нанамоям. Мутаассифона, дар ҷомеаи мо баъзе «бузургон» «сукутро аломати ризо» мепиндоранд. Аз ҷониби дигар, мақоли халқии «мурдани кампир ба хайр аст, вале аҷал омӯхта мешавад»-ро низ набояд сарфи назар кард.
Ба сифати нафаре, ки аз тамоми марҳилаҳои фаъолияти қонунгузорӣ, шурӯъ аз таҳия то қабул гардиданашон огоҳӣ дорам, ибрози чунин андешаро далели умуман огоҳ набудани як идда журналистон аз фаъолияти мақоми олии қонунгузори мамлакат арзёбӣ менамоям.
Муътақидам, ки андешаҳои подарҳаво бобати фаъолият ва мақому манзалати парлумон комилан нодуруст буда, онҳое, ки чунин ақидаро иброз менамоянд, умуман дар бораи фаъолияти Маҷлиси намояндагон маълумот надоранд. Дар бораи ин раванд метавон зиёд ҳарф зад. Вале ман бо овардани чанд далел, ки гуфтаи болоро тақвият мебахшанд, иктифо менамоям.
Тибқи муқаррарот то ба иҷлосияи Маҷлиси намояндагон дилхоҳ лоиҳаи қонун дар марҳилаҳои гуногун, аз ҷумла сатҳи кумита, ҷаласаи васеи кумитаи масъул ва Шӯрои Маҷлиси намояндагон мавриди баррасии амиқу доманадор қарор мегирад. Дар ин раванд, лоиҳа аз ҳама ҷиҳат бо дарназардошти пешниҳодоти вакилон такмил ёфта, дар сурати ба талабот ҷавобгӯй набуданаш, бозпас гардонида мешавад. Ҳолатҳое буданд, ки ба як лоиҳаи қонун аз ҷониби вакилон даҳҳо таклифу пешниҳод ироа гардид, ки қисмати аъзамашон аз ҷониби субъекти ташаббуси ҳуқуқи қонунгузорӣ қобили қабул дониста шуд. Мутаассифона, онҳое, ки чунин назар доранд, ин омилҳоро нодида мегиранд ва нуктаи назарашон «аз зери нохун чирк кофтан» ва бинобар наёфтани айби дигар «думи сагатон каҷ аст» гуфтанро шабеҳ аст.
Суханони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки санаи 29 апрели соли равон вобаста ба фаъол гардидани вакилони тозаинтихоб иброз шуда буд, мавзӯи меҳварии маводи мавриди назар маҳсуб меёбад. Ин суханон, ки аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагон дар доираи тартиби корӣ ва ҳамчун ҳидоят ба вакилони тозаинтихоб, ки қисмати аъзамашон маротибаи аввал вакил интихоб шудаанд, иброз гардида буд, аз тарафи як идда журналистон ҷиҳати ҳангомасозӣ, муқоисанамоӣ, санги маломат задан ва ғайра истифода гардид.
Муаллиф минҷумла нигоштааст: «Парлумон муҳим нест, ки аз вакилони яккатафаккура иборат бошад, парлумон ҷойи баҳсу баррасӣ, ҷойи суҳбатҳои коршиносона, ҷойи шинохтани ҳақиқатҳо ва пазириши қонунҳои дурусту огоҳона мебошад. Чун аксари қавонин аз ҷониби Ҳукумат пешниҳод мешаванд, табиист, ки дар ин қавонин манфиатҳои мансабдорон ва мақомоти давлат бештар ифода шудааст. Вазифаи вакилони парлумон аст, ки ба унвони намояндаи мардум дар мудирияти кишвар дар ин қонун манофеи мардумро суроғ кунанд ва вориди қонунҳо намоянд». Доир ба қисмати аввали иқтибос бо муаллиф то андозае ҳамфикрам, вале вобаста ба қисмати дуюм муаллиф чӣ асос дошта бошад? Мушаххасан гуфта метавонад, ки дар кадом қонун ва ё созишнома «манфиатҳои мансабдорон ва мақомоти давлат бештар ифода шудааст»?
Муаллиф ба сифати нафари аз набзи ҷомеа ва рӯйдодҳои ҷаҳони муосир огоҳ хуб медонад, ки фаъолияти намояндагӣ ва қонунгузорӣ аз самтҳои афзалиятнок дар умури давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Ҳарчанд баъзе ба ном «коршиносон» мавҷудияти парлумони Тоҷикистонро ҳамчун атрибути давлатдорӣ, ки гӯё фаъолияти на чандон муассир дорад, арзёбӣ менамоянд, аммо дар асл ин гуна набудаву нест. Аз фаъолияти намояндагӣ ва қонунгузорӣ дар бораи ҳар як давлат, роҷеъ ба дараҷаи демокративу муосирӣ ва тамаддуннокии он баҳо дода мешавад. Дар шароити кунунӣ, ки бархӯрди манфиатҳо беш аз пеш шиддат ёфта истодааст, масоили ба тавсеаи фаъолияти қонунгузорӣ ва мустаҳкам намудани асосҳои ҳуқуқӣ рабтдошта сатҳу сифати навро касб намуда истодаанд. Дар маҷмӯъ, аз рӯйи моҳият ва муҳимият парлумон фароҳамоварандаи фазои мукаммали ҳуқуқӣ буда, нодида гирифтани ин омил мантиқан нодуруст аст. Дар идома зикр шудааст, ки «Виктор Янукович, раисҷумҳури собиқ ва фирории Укроин гуфта буд, «ман аллакай шарм медорам, ки ба парлумон биравам, замоне, ки ба парлумон меравам ва аз парлумон хориҷ мешавам зарур мешавад, ки худамро табобат кунам». Раиси ҷумҳур аз парлумони кишвараш ҳарос дошт. Дар мо баҳси раиси ҷумҳур ҷудост, вале вазирону муовинони вазир ҳам пеши вакилони мо бидуни ҳарос ва «шарм» ворид мешаванд, зеро аз ҷониби вакилон ҳеҷ кадом вокуниш ва пешниҳодоту нуктаназарҳои ҷиддие дар баробари қонуну лоиҳаҳое, ки онҳо рӯнамоӣ мекунанд, баён намешавад».
Муқоисаи аҷоиб! Магар пайомади чунин парлумондорӣ барои муаллиф мақбул аст, ки онро намунаи ибрат нишон додааст? Парлумони пурхархашае, ки ба шарофати он Украинаи воҳид ва аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта ба як давлати пароканда табдил ёфту иқтисодиёташ фурӯ пошид. Дар ин росто, қисме аз ҳудудашро давлати дигар бидуни парронидани тире ба қаламраваш «ҳамроҳ» намуду дар қисмати дигар задухӯрд идома дорад. Агар амиқтар масъалаи мавриди назарро мавриди пажӯҳиш қарор диҳем, пас омилҳои «фаъол» будани вакилони парлумони кишварҳое, ки аз як идда журналистону коршиносони мо чун намуна арзёбӣ менамоянд, ҳувайдо мегардад. Дар ин маврид нақши муҳимро на фаъол будани вакилон, балки мавҷудияти бархӯрди манфиатҳо, ихтилофи назар дар мавриди таъини аъзои ҳукумат, ҳосил нашудани созиш, ки боиси «бенасиб» мондани гурӯҳе шудааст, мебозанд. Агар чунин намебуд, зуд -зуд ба истеъфо рафтани аъзои Ҳукумати баъзе ҳамсоякишварҳо ва ба мувофиқа нарасидани Президент бо вакилон дар мавриди тасдиқи вазирон рух намедод. Ба назар мерасад, ки баъзе «коршиносон» ин паҳлуи масъаларо намедонанд ё нодида мегиранд. Вагарна, зимни ибрози назар оид ба ин масъала дидаву дониста, ҷомеаро ба гумроҳӣ намебурданд.
Муаллиф ҳамрадифи таҳмили андешаҳояш, минҷумла амр кардааст, ки «Феълан, барои Тоҷикистон парлумони ба истилоҳ хап зарур нест. Мо дар вазъе қарор дорем, ки парлумон бояд бештар фаъол бошад. Баррасиҳои ҷиддӣ кор дорем ва муҳим аст, ки вакилон ҷасорат ва иродае дошта бошанд, ки мансабдорон, вазиронро ба парлумон даъват кунанд ва аз онҳо барои фаъолиятҳои нокофиашон гузориш талаб кунанд. Масалан, ду раиси Бонки миллӣ барои камбудиҳои бисёр ҷиддӣ дар корашон аз мансаб сабукдӯш мешаванд, вале парлумони мо на дар гузашта ва на ҳоло онҳоро даъват намекунанд, ки «биё, пеши мардум посух бигӯй, ки чаро чунин мекунед?!» Бароям ҷолиб аст, ки бо кадом асос «феълан, барои Тоҷикистон парлумони ба истилоҳ хап зарур нест»? Дар мавриди ҷумлаи баъдӣ низ ҳақ ба ҷониби муаллиф нест. Барои мисол, муҳокимаҳои парламентӣ, ки мунтазам дар Маҷлиси намояндагон доир мешаванд, аз лиҳози моҳият, пурсиши масъулини вазорату идораҳои дахлдор, раванди саволу ҷавоб, инъикос дар воситаҳои ахбори омма ва натиҷагирӣ қобили таваҷҷуҳ аст. Яъне, пешниҳоди муаллиф бобати даъвати вазирон ва дигар масъулин ба парлумон «Амрикои нав кашф намудан» нест ва чунин анъана вуҷуд дорад. Сониян, муовини якум ва муовинони раиси Бонки миллӣ аз вазифа сабукдӯш нашудаанд ва ин нукта дар фармонҳои ба ин масъала рабтдошта низ зикр шудааст. Бидуни муболиға ва тамаллуқ мегӯям, ки аз замони таъсис то имрӯз, парламенти мамлакат рисолати хешро баҳри таҳкими асосҳои давлатдорӣ, таъмини волоияти қонун, густариши муносиботи гуногунҷанба бо созмонҳо ва иттиҳодҳои байнипарламентӣ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намуда истодааст.
Шоҳиди он ҳастем, ки зимни мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои ба парламент воридгардида тамоми махсусиятҳои фаъолияти намояндагӣ ва қонунгузорӣ ба инобат гирифта мешавад. Иқтибоси дигар: «Парлумоне, ки вакилонаш на бо дағдағаи доштани паём ва ҳарфе барои гуфтан вориди он шудаанд, балки бештар аз мансабҳои давлатӣ ба ин макон бадарға гардидаанд, наметавонад аз мансабдорон ва Президент гузориш тақозо намояд». Дар ин маврид журналистони кишварҳои чун намуна аз ҷониби муаллифи зикршуда бояд ба ӯ ҳасад баранд, зеро бо ин шева арзёбӣ намудани масъалаи мавриди назар ва муайянсозии ҷойгоҳи вакилони кунунӣ ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул набуда, дар сурати муроҷиати ҷониби дигар ҷавобгариро ба дунбол хоҳад дошт.
Доир ба ин мавзӯъ метавон авроқи зиёдро сиёҳ намуд, вале бо ибрози ин чанд андеша, ки «муште аз хирвор»-ро шабеҳ аст, иктифо намуда, дар фарҷом овардани мисраъҳои зерро бамаврид медонам:
Дар бисоти нуктадонон худфурӯшӣ шарт нест,
Ё сухан дониста гӯй, эй марди доно ё хамӯш.
Комрони Наҷиб, сокини шаҳри Душанбе