Чанде пеш дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 20- солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасманд гардонидани кормандони воситаҳои ахбори омма ҷиҳати ташвиқу тарғиби соҳаи ҳифзи муҳити зист, ба ин васила мусоидат ба ҳалли мушкилоти экологӣ дар байни рӯзноманигорон ҷамъбасти озмун таҳти унвони «Ҳифзи муҳити зист» доир гардид.
Дар муҳлати муайяншуда ба комиссияи таъсисдодаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби хабарнигорон 41 мавод пешниҳод гардид. Тибқи салоҳдиди комиссияи озмун лавҳаҳои телевизионии «Тараннуми диёри обшор»-и Шералӣ Мустафоқулов аз Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал, «Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и Фирӯзи Азиз аз Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» сазовори ҷойи дуюм ва «Интихоби ман-муҳити тоза»-и Мастонаи Муъминҷон аз Шабакаи телевизион ва радиои «Азия» — и вилояти Суғд, мақоми сеюмро соҳиб гардиданд. Дар фарҷом роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибонро бо ифтихорномаву мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонид. Барои иштироки фаъолона дар озмуни мазкур рӯзноманигорони дигар низ бо туҳфаҳои хотирмон мукофотонида шуданд.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»