Душанбе. (Хайруллои АБДУЛВАҲҲОБ, «Садои мардум») Соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 193481 гектар кишти чигит гузаронида шудааст. Алҳол 99 фоизи майдони кишти чигит дар мавриди сабзиши аз панҷ то шашбарга қарор дошта, майдони 24908 гектар пахта шона баста ва майдони 2580 гектар пахта аллакай гул кардааст. Ҳамзамон дар пахтазор тадбирҳои агротехникӣ, аз ҷумла ягонакунӣ, озуқадиҳӣ ва обдиҳӣ ҳамарӯза гузаронида мешавад. Ба иттилои Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, имсол дар вилояти Хатлон дар майдони 128459 гектар кишти чигит гузаронида шудааст. Пахтазори вилояти Суғд 59185 гектаррро ташкил медиҳад. Айни замон ниҳолҳои пахта пурра дар сабзиш мебошад.
Бо забони соддаву оммафаҳм ва салису равон расонидани иттилоот ва матолиби таҳлилӣ яке аз вазифаҳои асосии матбуот ва умуман аҳли қалам мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон