Чанде пеш бахшида ба 50- солагии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода, муовини вазир Насим Олимов, муовини директори Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Бобохон Абдураҳимов, муовини ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Бахшибек Гадоев, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимова ва намояндагони дигар бахшу сохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода ҳозиринро бо 50-умин солгарди таъсисёбии Марказ табрик гуфта, даҳ нафар кормандони онро бо нишони сарисинагии «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва се нафар кормандони фаъолро бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонид. Ҳамчунин аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаш нафар занони пешқадами Марказ сипоснома супорида шуд.
Зикр бояд кард, ки Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои калонтарини клиникии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳамчун «Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии № 3» соли 1963 ба фаъолият оғоз намуда, соли 1988 ба номи яке аз ташкилотчиёни фаъоли соҳаи тандурустӣ дар давраи барқароршавии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон М.А.Дяков номгузорӣ шудааст. Соли 2007 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беморхона номи Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд. Айни ҳол Марказ дорои 35 шуъбаи муолиҷавӣ, 26 шуъбаи ёрирасон ва 1963 нафар корманд мебошад.
- Тӯли 50 соли фаъолият дастовардҳои Марказ, албатта, хеле назаррас аст. Айни замон барои рушди минбаъдаи беморхона, ҷорӣ кардани усулҳои нави ташхисию табобатӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави ташкилию муолиҷавии муосир, беҳгардонии хизматрасонии баландихтисоси соҳавӣ ва ободонии шуъбаҳои махсусгардонидашуда аз рӯйи нақша ва дастурҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош варзида истодаем,- гуфт зимни суханронӣ директори Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурхон Ҳаётов.
Дилором ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум»