«Паём»-и бенишон

№77-78 (3062-3063) 25.06.2013

Мегӯянд, ки ноҷӯриҳои табиат ҳамрадифи ноҷӯриҳои ҷомеаанд. Нафарони тираақли ҳангомаҷӯро низ ин айём азоби рӯҳиашон авҷ мегирад ва чун мори захмдида талвосаи ҷон мекашанд ва боис ба ноҷӯриҳои ҷомеа мегарданд. Эшон дар тан қабои бегонапарастӣ пӯшида, бо услуби ба девонагон хос, ба ҳарзагӯйӣ мепардозанд, ки бо ин амалкард байни манқурт  ва эшон тафовуте боқӣ намемонад.

Ҳамон наворҳои телевизионӣ мисли пластинкаҳои кӯҳнаи харошида ё мисли саги худро нороҳат ҳискарда, ки мудом дар кӯшиши қапидани думаш саргардон аст, пайи ҳам пахш мешавад, сабаби рӯйи коғаз омадани ин сатрҳо гардид. Ироакунандаи ин «паём» -Додоҷон Атовуллоев мебошад, ки ба забон овардани номаш аксари кулли мардуми Тоҷикистонро нороҳат мекунад. Аз волидайни мавсуф маъзарат мепурсам, ки ин ҷо аснои номгузорӣ иштибоҳе шудааст. Хулқу атвори шахс бояд муносиб ба номаш бошад. Минбаъд ин ҷо ӯро чун муддаӣ ном хоҳем гирифт. Муддаӣ дар боби демократияи Аврупою Амрико мудом ҳарф мезанаду амиқ онро наомӯхтааст. Дар Амрико ҳар нафаре, ки зидди президенти интихобшуда раъй дода буд, ба интихоби бақияи мардум, ки пирӯз шудаанд, эҳтиром мегузорад ва номзади ғолибро бо ифтихор «президенти ман» мегӯяд. Муддаӣ, ки интихоби кулли мардуми Тоҷикистонро қабул надорад, пуштибонӣ аз президентҳои мамолики Аврупо мекунад.  Чӣ илоҷ, ки гуфтаанд: «ҳар оила ба худ иллате ё фарзанди нохалафе дорад». Иллати миллат шумоед. Маконеро шумо имрӯз ватан интихоб кардаед, ки саркардаҳои онҳо барои татбиқи аҳдофи стратегиашон ҳазорон фарсахро убур карда, дар манотиқи мо ба худ манфиат меҷӯянд. Бо истифода аз неру ва заковати ақлонии «ҳомиёни арзишҳои демократӣ» ба амсоли шумо, мехоҳанд фазои моро тираву дарҳои моро баста бубинанд ва пасон аз он самар бардоранд. Агар шумо бовар бар он доред, ки дар шахсияти онҳо ба худ пуштибон пайдо кардаед, иштибоҳ мекунед. Барои ноил гаштан ба мақсади худ дар фурсати муносиб онҳо шуморо қурбон хоҳанд кард.

Муддаӣ як ҷо даъво дорад, ки мардум аз ҷанг безоранд, дар ҷойи дигар оммаро ба ҷанги партизанӣ даъват мекунад. Ба шумо бояд гӯем: шумо дар он ҷанг, ки орзуи деринаи шумост, Павлик Морозов, Чегевараи кубинӣ нахоҳед шуд, чунки мо -тоҷикон гуфтаем: «бо дуои калламуш борон намеборад».

Аз ҷониби шумо нописандона ном гирифтани намояндагони бузурги фарҳанги тоҷик-зодагони Хатлон Сайдалӣ Вализода, Муҳаммад Ғоиб ва амсоли инҳо, аз даҳонатон бӯйи ғализи маҳалгаройӣ ба машом мерасад.

Муддаӣ дар баробари гӯл задани мардум оҷиз ҳам будааст, ки дастовардҳои Давлату Ҳукумати Тоҷикистонро нодида мегирад. Ӯ бояд дар ёд дошта бошад, ки замоне барои ба шаҳри бостонии Панҷакент рафтан шаш моҳ қабл рахти сафар мебасту орзуи ҳар чӣ зудтар об шудани тармаҳоро мекард. Мусаллам аст, ки чашми ҳасуд дар дидани музаффариятҳои ахири Тоҷикистон, ободу зебо гаштани шаҳру навоҳии кӯҳистон ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани онҳо кӯр аст. Муддаӣ ва тоифаи онҳо дар тӯли бист соли оворагӣ мудом фалокат ва мусибати миллатро орзу мекарданд ва умед дар он мебастанд, ки ҳама гуна нокомӣ дар фаъолият ногузир ба аз байн бурдани Давлату Ҳукумат оварда мерасонад. Дар муқобили ин ниятҳои нопоки шумо мо барои тоҷикон сулҳ овардем ва намунаи ибрати дигар миллатҳои ҷангзада гаштем. Сулҳе, ки то ба имрӯз оламиён барои дигар минтақаҳои даргири дунё, ки фарзандони ҳамқавму ҳаммиллат пушти сангарҳо истода, мисли душманони ашаддӣ ба ҳам меҷанганд, ҳамчун намунаи ибрат нишон медиҳанд. Шумо дар тӯли бист соли саргардонӣ мудом ханҷари таъна бар синаи мо зада, бо ҳидоят ва нақшаҳои аҳримании хоҷагони хориҷиатон кӯшиши табаддулот ва муқобили ҳам гузоштани манотиқи гуногуни Тоҷикистонро орзу доред, Мо бошем, дар ин асно Тоҷикистони қисм-қисмро якпорча кардем, Ватанеро, ки то давраи истиқлолият дар мамолики хориҷи дуру наздик (агар шумо сафар карда бошед) бо номи Тоҷикистон ёд намекарданд. Ҳамнишини хориҷӣ ба ҳангоми баҳсу мунозираҳо гумон мекард, ки суҳбат атрофи Ӯзбекистон, Афғонистон ва ё ким-кадом минтақаи дигар мерафта бошад.

Аз нобиғаҳои илму маърифат, таърих ва фарҳанги пурғановати тоҷик ҳарф зада, бо онҳо ифтихор мекардему Тоҷикистонро нашинохтани ҳамсуҳбатон моро дар ҳолати ноҳинҷор қарор медод. Ана ҳамин гуна давлати бе ному нишонро ба оламиён муаррифӣ кардем, ки боиси ифтихор ва сарфарозии фарзандони бонангу номусаш гаштааст. Ҷониби мо санги маломат назанед ва Ҳукуматро бо ҷурми ба ҳиҷрати меҳнатӣ кӯч бастани қисме аз шаҳрвандон айбдор масозед, ки ин раванд таърихи чандҳазорсола дорад. Аҷдодони гузаштаи мо ҳам бо амри тақдир замоне мадоини ободро тарк гуфта, ба кӯҳистон ҳиҷрат намуда, он ҷоро ба худ маскани абад ихтиёр намудаанд. Муддаӣ бармало бояд бидонад, вақте ки бутпарастони ҷоҳил бар ҷони Сарвари олам — ҳазрати Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам қасд карданд, Расули акрам аз Макка сӯйи Мадина рахти ҳиҷрат баста буд. Маҷрои муҳоҷиратро чун зуҳуроти иҷтимоӣ, ки сар то сари кишварҳои оламро имрӯз фарогир аст, касе ба ҷуз Худованд тағйир дода наметавонад. Шумо ҳам дар ин ҷода аз фалсафаи муттаҳам кардани Ҳукумат худдорӣ намоед. Фалсафаи шумо, ки саропо гумроҳ кардани мардуми оммӣ аст, мардумеро, ки як бор барои ояндаи дурахшон доманашро бо чормағзи пуч пур карда, барои комёб шудан дар татбиқи аҳдофи хеш пушти сангарҳо кашидед, маъвояшро сӯхтаву ҳувияташро поймол кардед. Акнун ин миллат он мардуми гумраҳшудаи солҳои 90-уми асри гузашта ва дар макру ҳияли шумо қароргирифта нест, ки бо найрангу фиреб ба доми тазвири шумо афтад.

Соҳиби «паём» ба Сарвари давлат муроҷиат карда, боисрор талаб мекунад, ки «Шумо танҳо ба танҳо нишинед, андеша кунед ва истеъфо диҳед. Ин амали шуморо тӯли садсолаҳо ба ёд хоҳанд овард». Хонандаи гиромӣ худ қазоват карда, таърихи навини тоҷиконро бори дигар варақгардон кунад. Ин тарзу усули куҳнаи таҷрибашуда ва ба ҳадафрасидаи собиқ соҳибдаракони миллат дар ибтидои солҳои 90- уми асри сипаришуда буда, гувоҳи он: «Қаҳҳор Маҳкамов, мард бошед, ба истеъфо равед» ва амсоли инҳост. Шодравон Раҳмон Набиев ҳам таҳти чунин фишор қарор гирифта буд, ки аз оқибати даҳшатбори он ҳамагон воқифанд ва муаррихон дар сафҳаҳои таърихи тоҷикон онро хеле хуб нигоштаанд.

Аз Худованд таманно дорем, ки фонуси (чароғи) нохалафон-душманони миллати тоҷик, ки заиф шудани амни суботи кишварро орзу доранд, ҳеҷ гоҳ рӯйи равғанро набинад.

Саидбек ШАРИПОВ,

собиқ раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе