Пойтахт ба истиқболи Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи Ваҳдат омодагӣ мебинад

№50 (3035) 25.04.2013

22 апрели соли 2013 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарони ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои зертобеи шаҳр таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеъ баргузор гардид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ҳозирин ва кулли сокинони шаҳр барои иштироки фаъолонаашон дар баргузории Рӯзи пойтахт изҳори миннатдорӣ намуда, таваҷҷуҳи масъулинро ба иҷрои хушсифат ва бомароми вазифаҳои хизматӣ ҷалб намуд.

Дар иртибот ба тарҳрезии барномаву нақшаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба истиқболи Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи Ваҳдат дар шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид намуд, ки ҳар рӯзи шанбе то фарорасии 23 май –Рӯзи ҷавонон ва рӯзҳои 27 –уми апрел, 25-уми май ва 22 июн ба хотири Рӯзи Ваҳдат бо ҷалби васеи ҷавонон, аҳли ҷамоатчигӣ, институтҳои шаҳрвандӣ ҳашарҳои умумишаҳрӣ доир карда мешаванд.

Мутобиқ ба он 23-юми май аз соати 18 то 20 дар боғҳои фарҳангиву фароғатии Дӯстии халқҳо, ба номи С.Айнӣ, Кӯли ҷавонон ва майдони 800-солагии Москва чорабиниҳои ноҳиявӣ бо иштироки ситораҳои ҷавони эстрада, аксияҳои марбутаи созмонҳои ҷавонон, аз ҷумла Созандагони Ватан, ки дар он метавонанд инчунин институтҳои шаҳрвандӣ ва кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ ширкат варзанд, роҳандозӣ хоҳанд шуд. Чорабинии сатҳи шаҳрӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон 23-юми май, соати 19 дар Боғи пойтахт рангину хотирмон баргузор мегардад.

27 –уми июн -Рӯзи Ваҳдат бошад, дар КВД «Наврӯзгоҳи пойтахт» бо барномаи ҳадафманди театрикунонидашуда, ки бидуни иштироки мактабиёну донишҷӯён тарҳрезӣ мегардад, бо ҷалби сокинони шаҳраку маҳаллаҳо ва театру ансамбл, дастаҳои ҳунарӣ таҷлил карда мешавад.

Дар ҷаласа инчунин дигар масоили хоҷагидории шаҳр мавриди таваҷҷуҳ ва масъалагузорӣ қарор гирифт. Ба масъулин оид ба таъмини ғановати бозори истеъмолӣ ва аз ҳисоби захираву маблағҳои бозорҳои коммуналӣ ва КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ҳамарӯза ташкил намудани ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварӣ, хизматрасонии нақлиёти коммуналӣ, таъминот бо оби нӯшокӣ, сари вақт баровардани партовҳои маишӣ аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ва сифату иҷрои корҳои сохтмону азнавсозӣ, таъмири роҳҳо ва ғайра дар шаҳр дастурҳои мушаххас дода шуданд.

 

Ш. САИДОВ,

котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе