Рӯзи матбуоти тоҷик доир гардид

№29-30 (3014-3015) 11.03.2013

ДУШАНБЕ. ( Фирӯзаи  ҲАКИМ, «Садои мардум»)  Дар Театри давлатии драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик бо иштироки намояндагони мақомоти давлатию ташкилотҳои байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

Дар ин рӯз аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба як қатор рӯзноманигорон ва собиқадорони матбуот мукофотҳо супорида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои расмӣ, айни ҳол дар Тоҷикистон 515 рӯзномаю маҷалла ва оҷонсиҳои иттилоотӣ, аз он ҷумла 330 рӯзнома ( 125 расмӣ ва 205 ҷамъиятию мустақил), 174 маҷалла ( 82 расмӣ, 92 ҷамъиятию мустақил), 11 оҷонсии иттилоотӣ (1 расмӣ, 10 ҷамъиятию мустақил), 66 нашриёт (10 расмӣ, 56 мустақил), 256 матбаа (38 расмӣ, 218 мустақил) сабти ном шудаанд.