Дар партави Паёми Президент

Роҳи Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон: Кор бомаром ҷараён дорад

№74 (3059) 18.06.2013

«Мо се мақсадро ҳамчун ҳадафҳои стратегии кишвар эълон доштаем: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, истиқлолияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон», -омадааст дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012. Татбиқи Лоиҳаи беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода- сарҳади Ӯзбекистон аз ҷумлаи иқдомоти муҳими Ҳукумат дар амри аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар маҳсуб ёфта, дар Паёми имсолаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардидани то соли 2015 ба охир расонидани таҷдиди роҳи мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки ин иншооти коммуникатсионӣ барои хоҷагии халқи мамлакат аҳамияти ниҳоят муҳим дорад.

Бо мақсади дарёфти огоҳии бештар аз ҷараёни таҷдиди роҳи Душанбе –Турсунзода- сарҳади Ӯзбекистон бо менеҷери Лоиҳаи беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода- сарҳади Ӯзбекистон Хурсанд Тағоевич Бобиев ҳамсуҳбат шудем.

Муаррифинома

Муродов-МатериалХурсанд Бобиев беш аз сиву чор соли умри пурбаракати хешро сарфи амалҳои хайру савоб –бунёдкорӣ, созандагӣ ва хизмат ба нафъи ҷомеа кардааст. Фаъолияти меҳнатиаш соли 1979, баъди хатми Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур), аз вазифаи муҳандис-гидротехники совхози «Файзобод»-и ноҳияи Файзобод оғоз гардид. Нахустин бунёдкориҳои ӯ канали «Чиноро» ва боғҳои нави хоҷагии «Файзобод» буд. Соли 1980 муҳандиси Колоннаи махсуси сайёри механиконидаи рақами 10-уми ноҳияи Файзобод таъин шуда, бунёдкориашро дар майдонҳои сохтмони фабрикаи мурғи марҷон ва бунёди хонаҳои истиқоматии шаҳраки Лолагӣ идома дод. Минбаъд дар вазифаҳои сармуҳандис, сардори ташкилотҳои сохтмонии колоннаи сайёри механиконидаи рақамҳои 10, 19 ва 35-уми ноҳияи Файзобод фаъолият карда, соли 1984 барои барқарору азнавсозии иншоотҳои давлатии аз заминларза зарардидаи ноҳияи Ҷиргатол сафарбар шуд. Соли 1987 масъалаи ба ҷои дигар кӯчонидани маркази маъмурии ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод) ба миён омад. Иҷрои ҳаҷми калони кори сохтмон дар назди роҳбарияти вазорати марбута меистод. Барои пешбарии сохтмон Хурсанд Бобиевро тавсия намуданд ва ӯ сазовори боварӣ гардид.

Солҳои 1989-2002 дар вазифаҳои сардори трести «Сельстрой-3»-и шаҳри Ваҳдат, Колоннаи механиконидаи рақами 35 ва ширкати сохтмонии «Файзободдеҳотсоз» пурсамар кор кард.

Хурсанд Бобиев санаи 3 июни соли 2002 ба Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар тобеияти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба кор омада, ҳоло сармуҳандиси Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо ва айни замон менеҷери Лоиҳаи беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе –Турсунзода –сарҳади Ӯзбекистон мебошад.

 

- Хурсанд Тағоевич, дар оғоз хоҳишмандам муҳтавои Лоиҳаи беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистонро манзури хонандагони рӯзнома намоед.

- Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи мазкур, ҳамчуноне аз зикри номаш бармеояд, ҳолати роҳи мавҷудаи Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон беҳтар карда мешавад, зеро давоми солҳои тӯлонӣ қисмати бештари ин роҳ бар асари бесобиқа зиёд шудани ҳаракати нақлиёти сабукрав ва боркаш, хусусан афзудани шумораи автомашинаҳои гуногунтамғаи пурвазн, фарсудаву корношоям гардид. Роҳи мазкур шарёни бузурги коммуникатсионии кишварамон маҳсуб ёфта,  ҳамарӯза аз ин роҳ садҳо автомашинаи пурбор дар ҳаракат буда, молҳои таъиноти гуногуни хоҷагии халқро интиқол медиҳанд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ, бо назардошти ин ҳама ва ҳамчунин васеъ кардани роҳи мавҷуда ва ба ин васила фароҳам овардани шароити мусоиди ҳаракати нақлиёт, татбиқи лоиҳаи фавқуззикрро зарур ва саривақтӣ унвон кард. Дар ҳолати хуб нигоҳ доштан ва мутобиқи шароити рӯз нигоҳубин кардани роҳ низ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим ба шумор меравад.

Татбиқи лоиҳа моҳи октябри соли 2011 шуруъ шудааст ва бе назардошти муҳлати кафолатии дусола, моҳи октябри соли 2014 ба анҷом мерасад.

Вобаста ба сарчашмаи маблағгузорӣ, татбиқи лоиҳа ба ду қисм ҷудо шудааст: қисмати якуми лоиҳа аз дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе — аз километри 4,6 то километри 61,6, яъне то сарҳади Ӯзбекистонро (масофаи 57 километр) фаро мегирад.

Арзиши умумии ин қисмати лоиҳа 131,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил намуда, манбаъҳои маблағгузории он аз гранти Бонки Осиёии Рушд дар ҳаҷми 120 миллион доллари ИМА ва ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 11,2 миллион доллари ИМА иборат аст. Пудратчии лоиҳа «Корпоратсияи сохтмони роҳҳо ва кӯпрукҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой» (China road and Bridge Corporation) маҳсуб ёфта, онҳо ба татбиқи лоиҳа моҳи ноябри соли 2011 оғоз намуданд.

- Ҳаҷми лоиҳа чиро дар худ ғунҷонидааст?

- Тибқи лоиҳаи мазкур, ҳамаи 57 километр масофаи ин роҳ таҷдид ва барқарор мешавад. Паҳноии роҳ аз дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе то шаҳри Турсунзода 25,5 метрро бо ҳаракати чорхатаи нақлиёт (аз ҳар самт ду хати ҳаракат) ва аз шаҳри Турсунзода то сарҳади Ӯзбекистон бо паҳноии 15 метр, ду хати ҳаракатро фаро мегирад. Роҳи таҷдидшаванда баъди мавриди истифода қарор ёфтанаш аз ҷумлаи иншооти коммуникатсионии беҳтарини эъморшуда маҳсуб ёфта, аз шаҳри Душанбе то шаҳри Турсунзода ба роҳи категорияи якум ва аз шаҳри Турсунзода то сарҳади Ӯзбекистон ба роҳи категорияи дуюм мансуб дониста хоҳад шуд.

Баробар бо таҷдиди роҳ, 9 адад кӯпрук низ сохта ва барқарор мешавад.

Беҳтар намудани инфраструктураи дидбонгоҳи гумрукии «Дӯстӣ» дар сарҳади байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ҳамчунон Барномаи гендерӣ низ аз қисмҳои таркибии лоиҳа мебошанд.

- Татбиқи лоиҳа ҳоло дар кадом марҳала қарор дорад?

- Дар асоси нақшаи кӯчонидани аҳолӣ ва ҷудо намудани замин татбиқи қисми якуми лоиҳа ба ду марҳила ҷудо шуд. Марҳилаи якум бо дарозии 36 километр ва марҳилаи дуюм бо дарозии 21 километр.

Ҳоло кор дар марҳилаи якум бомуваффақият давом дорад. Дар доираи ин марҳила кӯчонидани аҳолӣ ва ҷудо намудани замин ба 361 хоҷагӣ, ҷуброни маблағи 3,05 миллион сомонӣ, корҳои заминӣ (мувофиқи нақша – 1 миллиону 615,3 ҳазор метри мукааб, иҷроиш – 793,2 ҳазор метри мукааб), сохтмони қубурҳои обгузар (мувофиқи нақша – 199 адад, иҷроиш 90 адад), сохтмони такядевор (тибқи нақша -1500 метр, иҷроиш -1000  метр), омодасозии таҳкурсии болопӯши роҳ (мувофиқи нақша – 606,3 ҳазор метри мукааб, иҷроиш — 162,5 ҳазор метри мукааб) ва сохтмони кӯпрукҳо (аз 9 кӯпрук дар 4-тоаш кор идома дорад) амалӣ мешавад.

Татбиқи марҳилаи дуюми қисми якуми лоиҳа низ ҳоло оғоз ёфта, лоиҳакашӣ, нақшаи кӯчонидани аҳолӣ ва ҷудо намудани замин анҷом ёфта, корҳои сохтмонӣ оғоз ёфтанд.

- Оё мутахассисон ва коргарони маҳаллӣ дар амалишавии лоиҳа ширкат доранд?

- Бешубҳа. Ҳамин шабу рӯз ба татбиқи лоиҳа 497 нафар ҷалб шудаанд, ки аз ин ҷумла 280 нафарашон мутахассису коргарони хориҷӣ ва 217 нафари дигарашон мутахассис ва коргарони маҳаллианд. Барои идораи қариб ҳама автомашинаҳои борбардор ва обкашон  ронандаҳои маҳаллӣ ҷалб гардидаанд. Аз ҳисоби мардуми таҳҷойӣ экскаваторчиёну грейдерчиён низ кам нестанд.

Ба бунёду васеъсозӣ ва таҷдиди роҳ ҳоло 139 адад техникаву таҷҳизот, ба шумули ҳашт экскаватор, 80 автомашинаи ғунҷоиши бордонашон калон (самосвал), панҷ каток, чор грейдер, 12 автомашинаи обкаш, ду булдозер, 13 техникаи боркунанда, ду кран, ду таҷҳизоти пармакунӣ, чор дастгоҳи сангрезакунӣ, панҷ заводи бетону асфалтбарорӣ ва монанд ба ин ҷалб шудааст.

- Роҳбарӣ ва назорати сифати иҷрои кор бар зиммаи кист?

- Машваратчӣ ва нозири татбиқи лоиҳа Ширкати «SMEC International»-и Австралия буда, дар ҳайати 24 нафар муҳандис, ки чор нафарашон мутахассиси хориҷӣ ва боқӣ 20 нафари дигар мутахассисони маҳаллӣ мебошанд, назорати сохтмон, сифат, муҳлати иҷрои кор ва умуман роҳбарии лоиҳаро бар ӯҳда доранд.

Нақшаи кор дар ҳар иншооти бунёдшаванда аз ҷониби машваратчиён тарҳрезӣ мешавад ва пудратчии лоиҳа зери назорати онҳо корро анҷом медиҳад.

Кор, ҳамчуноне мушоҳида кардед, дар ҳама қитъаҳои сохтмонӣ ҷӯш мезанад. Зимистони сербориш гузашт, баҳор низ боронгарӣ зиёд буду ҳоло фасли гармо ҳукмфармост. Ин имкон хоҳад дод дар он қитъаҳои роҳ, ки барои мумфарш кардан омода шудаанд, гузоштани қабатҳои роҳ, ки ҳоло шурӯъ шудааст, босуръат идома ёбад. Бо истифода аз шароити муносиб ҳоло мумфаршкунии роҳ аз шаҳри Турсунзода (аз километри 61 то километри 44) оғоз ёфт.

Омода кардани таҳкурсӣ барои кӯпрукҳо ҳам мувофиқи нақша пеш меравад. Бояд гӯям, ки мо аз нақшаи татбиқи лоиҳа қафомонӣ надорем ва дар муҳлати муқарраршуда роҳ пурра мавриди истифода мешавад.

-Ҳамчуноне шоҳидем, ҳангоми таҷдиди роҳи мазкур ҳаракати нақлиёт манъ намешавад. Оё ин ба раванди кор халал ворид намекунад?

- Албатта, халал мерасонад, вале илоҷи дигар нест? Бинобар ин, мо наметавонем ҳаракати нақлиётро манъ намуда, кандану тахту ҳамворкунӣ ва дигар корҳои вобаста ба таҷдиди роҳро анҷом диҳем. Пудратчии лоиҳа таҷрибаи зиёди дар чунин шароит бунёд намудани иншоотҳои коммуникатсионӣ дорад. Ҳама кори анҷомёбанда зери назорати бевоситаи машваратчиён сурат мегирад. Бовар дорам, ки суръат ва сифати кор мувофиқ ба стандартҳои мавҷуда ҷараён гирифта, муваффақона анҷом меёбад.

- Хурсанд Тағоевич, мушоҳидаи  солҳои охир дар мавриди   роҳҳои Душанбе Қӯрғонтеппа, Душанбе-Кӯлоб, Душанбе-Хуҷанд бозгӯйи он аст, ки баъзе қисматҳои роҳҳои мазкур аллакай корношоям шуда, ба таъмири ҷорӣ ниёз доранд. Магар бо роҳи таҷдидшавандаи Душанбе-Турсунзода- сарҳади Ӯзбекистон низ чунин ҳолат рух нахоҳад дод?

- Сабаби асосии рӯй додани ҳолати қабл аз муҳлат корношоям гардидани роҳҳо пеш аз ҳама гаронвазнии автомашинаҳои боркаш аст, ки бо вазни аз меъёри муқарраршуда зиёд ҳаракат карда, роҳро корношоям мегардонанд. Ронандагони ин қабил автомашинаҳо ба ишораҳое, ки дар паҳлуи роҳҳо насб шудаанд ва меъёри борбардории роҳу пулҳоро нишон медиҳанд, аҳамият намедиҳанд.

Роҳҳо бо маблағи калон сохтаю таҷдид мешаванд, бинобар ин бояд муддати тӯлонӣ хидмат кунанд, вале аксаран омилҳои субъективӣ боиси тез аз кор баромадани онҳо мешаванд. Бисёр хуб мебуд, агар баъди мавриди истифода қарор гирифтани роҳи Душанбе-Турсунзода- сарҳади Ӯзбекистон дар ибтидои роҳе, ки аз сарҳад ба ин тараф тӯл мекашад ва дар дарвозаи ғарбии Душанбе тарозуҳо гузошта, автомашинаҳои боркаш вазнашон муайян ва бори дохили онҳо тибқи талаботи ишораҳои роҳ ҷойгиронида шавад. Илова бар ин, зарур аст, ки дар фасли гармо вақти ҳаракати нақлиёти пурвазнро ба танзим дароваранд, зеро аз боиси гармии зиёд қабатҳои роҳ, махсусан қабати мумфарши он ҳангоми ҳаракати нақлиёти гаронвазн деформатсия мешавад, яъне шакли худро тағйир медиҳад.

Ҳоло чуноне болотар гуфтам, мо ба мумфарш кардани як қисми роҳ оғоз кардем. Ҳаво ниҳоят гарм аст ва мумфаршкунии роҳ бояд бо сифати баланд анҷом ёбад. Ронандагони воситаҳои нақлиётро лозим аст, ки моро дастгирӣ намоянд, аз болои асфалти навхобонида бе иҷозати мо – роҳсозон ҳаракат накунанд, то ин ки қабатҳои хобонидаи роҳ хуб ҷо ба ҷой шаванд, зеро дарозумрии роҳ ҳам аз ин вобастагии калон дорад.

- Болотар зикр намудед, ки яке аз ҷузъҳои лоиҳа «Беҳтар намудани инфраструктураи дидбонгоҳи гумрукии «Дӯстӣ» дар сарҳади байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон» мебошад…

- Бале, ин яке аз ҷузъҳои лоиҳа ҳисоб меёбад. Дар доираи татбиқи он як адад сканери мобилӣ харидорӣ ва ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Барои таҷдиди дидбонгоҳ, пудратчӣ лоиҳаи муфассал тарҳрезӣ кард ва тибқи он кор оғоз ёфт.

- Хоҳишмандам Барномаи гендерии дар доираи лоиҳа пешбинишударо шарҳ диҳед.

- Барномаи мазкур барои дастгирии бонувоне, ки дар деҳаҳои имтидоди роҳи Душанбе-Турсунзода зиндагӣ мекунанд ва хоҳиши ба соҳибкории хурд машғул шудан доранд, нигаронида шудааст. Ҳаҷми ин барнома 500 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва дар шакли грант пешниҳод мегардад. Муҳлати татбиқи барномаи мазкур як сол буда, барои амалӣ намудани он ҳоло интихоби Машваратчии инфиродӣ дар арафаи баанҷомрасӣ мебошад. Оғози кори ин барнома ба рӯзҳои наздик пешбинӣ шудааст.

- Хурсанд Тағоевич, аз суҳбате, ки сурат гирифт, хонандаҳои рӯзнома аз ҷараёни таҷдид ва барқарорсозии роҳи Душанбе-Турсунзода — сарҳади Ӯзбекистон тасаввурот ҳосил карданд. Агар ҳоло сухане чанд оид ба қитъаи роҳи мазкур аз ҳайкали Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе иброз намоед, дар бораи роҳи оянда маълумоти кофӣ ба даст меояд…

- Лоиҳаи мазкур барқароркунии қитъаи роҳро аз ҳайкали Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе аз километри 0 то километри 4,6 бо паҳноии 68 метр ва ҳаракати ҳаштхатаи нақлиёт ва чор хати иловагиро барои ҳаракати нақлиёти мусофирбар фаро мегирад. Маблағи умумии лоиҳаи ин қитъаи роҳ, мувофиқи асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ, 70 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Маблағгузор Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) буда, дар асоси кӯмаки техникии БАТР ширкати «Алфа 04» (Словакия) Асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва лоиҳаи пешакиро омода намуда, Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи 35 миллион доллари ИМА моҳи июли соли 2012 ба имзо расид. Айни ҳол интихоби Машваратчӣ барои тайёр намудани лоиҳаи муфассал, ҳуҷҷатҳои озмунӣ ва назорати корҳои сохтмонӣ идома дорад.

Мувофиқи нақшаи пешакӣ, муҳлати корҳои сохтмонӣ 2,5 сол муайян шуда, ба сабаби нарасидани маблағ қарор қабул гардид, ки то дарёфт намудани маблағи иловагӣ, сохтмони роҳ аз дарвозаи ғарбии Душанбе то маҳаллаи 82 оғоз ёбад. Оғози сохтмон дар семоҳаи аввали соли 2014 ба нақша даромадааст.

PS. Ба Менеҷери Лоиҳаи беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода- сарҳади Ӯзбекистон Хурсанд Бобиев арзи миннатдорӣ кардам ва якҷоя аз дафтари кораш берун баромадем ва дар рӯ ба рӯямон роҳбари ташкилоти пудратиро, ки татбиқи лоиҳа ба зиммаашон аст, дучор омадем, ки бо мақсади доир кардани ҷаласаи якҷояи банақшагирии анҷоми корҳо барои ҳафтаи оянда ташриф оварда буд. Ҳангоме ки Хурсанд Бобиев маро ба ӯ муаррифӣ кард, ҷаноби Тиен изҳори хушнудӣ намуда, изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дӯстии дерина доранд ва ҳамкориҳои мутақобилаи судманд риштаҳои дӯстии анъанавиро боз ҳам мустаҳкам мегардонанд.

- Шумо ҳоло вазъи имрӯзаи бунёди роҳро мушоҳида карда, дар тасаввуратон он фикрро ҷой намедиҳед, ки рӯзе мерасаду таҷдиду барқарорсозии ин роҳ ба охир мерасад, — изҳор дошт ӯ ва гуфт:

- Мо тамоми неруву маҳорат ва имконияти хешро истифода мебарем, то ин ки лоиҳаи мазкур дар муҳлати муайяншуда татбиқ гардида, ба ихтиёри мардуми тоҷик роҳи ҷавобгӯйи стандартҳои байналмилалӣ вогузор шавад.

Хонандаи азиз, ҳамчуноне воқиф ҳастед, чанде пеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой сафари давлатӣ анҷом дод. Сафари мазкур басо пурарзиш буд, зеро зимни ин боздид муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ҳамсояи бузург ба сатҳи хеле олӣ бардошта шуд: Бо тасвиби Эъломияи расмӣ, ки бо имзои сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин сурат гирифт, муносибати ҳамшарикии стратегии ду кишвари дӯсту ҳамсоя расман эълон гардид.

Таҷдиду барқарорсозии ҳолати роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода- сарҳади Ӯзбекистон, ки бо иштироки мутахассисони ин кишвари бузург ва ҳамсояи нек ҷараён дорад, аз ҳамшарикии стратегии ду кишвари дӯсту ҳамсоя равшан шаҳодат медиҳад…

Абдулмаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»