Бахшида ба 10-солагии таъсисёбии радиои «Ватан» аз 23 апрел то 2 майи соли равон дар толори бинои КВД КТН «Шарқи озод» миёни рӯзноманигорон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи Ҷумуҳурии Тоҷикистон мусобиқаи саққозанӣ (билярд) доир гардид. Дар мусобиқаи мазкур, ки беш аз 30 нафар, аз ҷумла ду нафар зан, ширкат доштанд, баррандаи ҷойи аввал сармуҳосиби идораи рӯзномаи «Садои мардум» Маҳмадёқуб Бобоев ғолиби мусобиқа гардид.
Номбурда аз оғози мусобиқа то бозии финалӣ бидуни мағлубият бар ҳамаи рақибонаш бо ҳисоби якхелаи 2 бар 0 дастболо шуд. Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур ҳамагӣ шаш гурӯҳ иштирок доштанд. М. Бобоев дар гурӯҳи А дар ҳамаи чор вохӯрӣ ғалаба ба даст овард. Сипас, дар даври 1/8 ниҳойӣ бар Исфандиёри Аминӣ (радиои «Ватан»), даври 1/4 ниҳойӣ бар Манучеҳр Шарипов (ҶДММ «Муҳрсоз»), даври 1/2 ниҳойӣ бар Мария Коваленко (радиои «Азия-плюс») ва дар даври финалӣ ба устоди факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Иршод Сулаймонӣ пирӯз шуд.
Тавре Иршод Сулаймонӣ мегӯяд: «М. Бобоев бори дигар исбот намуд, ки воқеан бозигари хуб ва касбӣ ҳаст. Қоил мешавам, ки аз ман хубтар бозӣ кард ва барои ишғоли ҷойи аввал ӯро табрик мекунам».
Сеюми май дар маҷлисгоҳи «Кохи Ваҳдат» бахшида ба Рӯзи байналмилалии озодии матбуот масъулони радиои «Ватан» ба ғолибони ин мусобиқа ҷоизаи таъсисдодаро тақдим карданд. Вера Кулакова, сарвари кулли радиои «Ватан», ба ғолибони бозии варзишии саққозанӣ ва беҳтарин иштирокчии он — сармуҳосиби идораи рӯзномаи «Садои мардум» Маҳмадёқуб Бобоев барои ишғоли ҷойи аввал диплом ва туҳфаи махсус тақдим намуд. Баррандаи ҷойи дуюм устоди факултети журналистикаи ДМТ Иршод Сулаймонӣ ва зинаи сеюм корманди радиои «Азия-плюс» Мария Коваленко дониста шуданд.
Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»