Ба истиқболи 90- солагии шаҳри Душанбе

Шаҳрдори соҳибикром

№56-57 (3202-3203) 30.05.2014

Мамадназаров ХХудоназар Мамадназаров. Ин ном ба бештари сокинони шаҳри Душанбе, алалхусус ба шахсони нисбатан калонсол, шинос ва азиз аст. Ҳанӯз ҳам дар маъракаву ҷамъомадҳо ва ҷашнҳо номи ин ходими намоёни ҳизбӣ ва давлатиро ба забон меоранд ва аз айёми раиси комиҷроияи шаҳри Душанбе буданаш, аз принсипнокӣ, серталабӣ ва кордонияш қиссаҳо мекунанд. Зиёда аз сӣ сол мешавад, ки ин шахсияти шинохта дар қайди ҳаёт нест, вале номи некаш ва корҳои шоистааш хотираашро доимо зинда нигоҳ медоранд.

Худоназар Мамадназаров 2 феврали соли 1916 дар деҳаи Деҳбастаи ноҳияи Шуғнон ба дунё омадааст. Аввал дар мактаби  ибтидоии зодгоҳаш таҳсил карда, сипас дар мактаб- интернати шаҳри Хоруғ хонданро давом дод. Баъдтар дар Омӯзишгоҳи дусолаи педагогии шаҳри Хоруғ таҳсил карда, аз соли 1931 фаъолияти меҳнатияш оғоз меёбад.

Фаъолияти роҳбарӣ ва педагогии Х. Мамадназаров ба солҳои душвори сиюм рост омад. Мактабҳо бинои дурусти таълимӣ  надоштанд. Шогирдон дар хонаҳои торику танг савод меомӯхтанд. Шароит ниҳоят мушкил буд, аммо мудири ҷавони мактаб аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, хонандагони зиёдро ба мактаб, ба донишандӯзӣ ҷалб мекард.

Соли 1936 як гурӯҳ муаллимони ҷавони тоҷикро барои таҳсил ба мактабҳои олӣ ва техникумҳои шаҳри Тошканди РСС Ӯзбекистон фиристониданд, ки дар байнашон Худоназар Мамадназаров низ буд. Вай солҳои 1936- 1938 дар Институти тоҷикии муаллимони шаҳри Тошканд ба номи А.М. Горкий таҳсил карда, институтро бо ихтисоси муаллими таърих бомуваффақият хатм намуда, ба зодгоҳаш баргашт ва бо дилгармӣ ба омӯзгорӣ шурӯъ намуд.

Худоназар Мамадназаров соли 1939 мудири шуъбаи маорифи ВАБК таъин шуд. Ҳангоми кор дар ин вазифа мақсади асосӣ маҳви бесаводӣ дар ҳудуди вилоят буд ва аз ин рӯ, бо кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзӣ вай ба мақсаду ниятҳои некаш расида, дар яке аз  гузоришҳояш ба Комиссариати халқии маорифи РСС Тоҷикистон менависад:

«…Дар соли таҳсили 1939- 1940 дар Тоҷикистон аввалин шуда, дар Бадахшони Советӣ бесаводӣ саросар барҳам дода шуд».

Соли 1940 роҳбарияти вилоят                 Х. Мамадназаровро ба кори партиявӣ гузаронид. Вай тайи солҳои 1940- 1943 дар вазифаҳои мудири шуъбаи Кумитаи партиявии шаҳри Хоруғ, котиби якуми ПК ноҳияи Роштқалъа ва котиби Кумитаи партиявии ВАБК (ҳоло ВМКБ) шарафмандона  кор кардааст.

Худоназар Мамадназаров дар кадом вазифа — хоҳ давлатӣ, хоҳ ҳизбию ҷамъиятӣ кор карда, аз худ принсипнокӣ, дарки баланди масъулият, серталабӣ ва иҷрои саривақтии супоришҳои ҳизбӣ ва давлатиро зоҳир менамуд.

Дар вазнинтарин давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ӯро дубора мудири шуъбаи маорифи халқи ВАБК таъин намуданд. Тобистони соли 1944 дар Хоруғ курси такрории муаллимон оғоз ёфт. Бо ташаббуси мудири шуъбаи маорифи вилоят Х.Мамадназаров иштироккунандагони курс, илова ба маблағҳои пештар ҷамъшуда, боз аз ҳисоби худ барои  авиаэскадрилияи «Муаллимони Тоҷикистон» 125 ҳазор сӯм пули нақд ва облигатсияҳои заёмҳои давлатӣ  фиристониданд.

Баъди чанде аз Москва, аз номи Раиси Кумитаи давлатии мудофиаи СССР чунин ҷавоб омад:

«Ба мудири шуъбаи маорифи халқи ВАБК рафиқ Мамадназаров!

Хоҳишмандам, ки ба муаллимони Помир, ки ба таври илова барои сохтани авиаэскадрилияи «Муаллимони Тоҷикистон» 125 ҳазор сӯм ва облигатсияи заёмҳои давлатӣ ҷамъ намудаанд, саломи бародаронаи ман ва  миннатдории Армияи Сурхро расонед».

И.Сталин.

Худоназар Мамадназаров солҳои 1949- 1952 директори Институти дусолаи муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб буд ва барои ободонӣ, пешрафти кор, тарбияи омӯзгорону  донишҷӯён хизмати арзанда кард. Дар инкишоф ва пешрафти Институти навтаъсиси педагогии шаҳри Кӯлоб бисёр заҳмат кашид. Омӯзгорони соҳибмаълумот намерасиданд. Солҳои аввал ҳатто донишҷӯён ҳам кам буданд. Вай хеле даводав кард, омӯзгоронро ҷамъ намуд ва аз ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ донишҷӯёнро ба таҳсил ҷалб мекард. Аз фаъолияти корӣ ва сифатҳои ташкилотчигии Худоназар Мамадназаров дар шаҳри Кӯлоб яке аз  шогирдони қадрдонаш, ходими намоёни ҳизбӣ ва давлатӣ Султон Мирзошоев менависад:

«…Солҳои панҷоҳуми асри гузашта, ки айни авҷу барори фаъолияти Ҳизби коммунист буд, кам касоне ёфт мешуданд, ки роҳбарияти шаҳрӣ, ҳизбии вилояту ҷумҳуриро барои ягон нуқсон танқид намоянд. Директори институти мо Худоназар Мамадназаров аз ин амал ҳазар намекард. Чунин ҷасорат ба мо  рӯҳу илҳом мебахшид. Қариб дар ҳама  пленумҳо, конфронсҳо, ҷамъомадҳои ҳизбӣ, сессияҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ ҷасурона сухан ронда, нуқсонҳоеро ба  монанди  нарасидани  аудиторияҳои дарсӣ, хобгоҳ, маблағи ночизи барои институт ҷудошаванда, шароити бади фароғат фош мегуфт ва масъулини соҳаро зери тозиёнаи танқид мегирифт…

Ӯ бо эҳсосоти баланд ва дарднок сухан мегуфт, ки ин институт не, балки ба як мактаби ҳафтсолаи деҳот шабоҳат дорад…

Дере нагузашта аз хобгоҳи 35-нафара ба  хобгоҳи 70-нафараи навбунёд кӯчидем. Баъзе устодони институт, ки  иҷоранишин буданд, дар хобгоҳи нав манзил гирифтанд».

Худоназар Мамадназаров баъд аз директори институт дар вазифаҳои ҷонишини раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлоб ва мудири шуъбаи  маорифи вилояти Кӯлоб низ кор кард.

Х. Мамадназаровро соли 1961 ба шаҳри Душанбе даъват карда, мудири корҳои Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон таъин намуданд. Дар ин вазифаи масъулиятнок ӯ расо ҳашт сол фаъолият дошт. Вале шуҳрати асосии роҳбарии ӯ ҳангоми раиси Комиҷроияи шаҳри Душанбе буданаш ба авҷи аълояш расид.

Бисту шашуми марти соли 1969  Худоназар Мамадназаровро раиси Комиҷроияи шаҳри Душанбе интихоб карданд. Ҳамин тавр, шаҳрдориаш оғоз гардид. Ҳар рӯз соати 5- и саҳар хеста, ба кор мерафт ва бевақт бармегашт. Вай бисёр мехост, ки Душанбе шаҳре шавад, ки ҳама сифаташро кунанд. Баъзан то бевақтии шаб кор мекард.

Саҳар пеш аз ҳама хеста, иншооти навсохташуда ва ҳар кӯчаи шаҳрро аз назар гузаронда, пас маҷлиси пагоҳирӯзии шаҳрро доир менамуд ва пеш аз раисони  ноҳияҳо медонист, ки дар кадом ноҳия чӣ гап , чӣ кор ва чӣ ҳаст. Махсусан ба тозагӣ ва гулу гулзор кардани шаҳр хеле аҳамият медод. Хулоса, дар ин нуҳ соле, ки вай раиси шаҳр буд, тамоми ҳастӣ ва вуҷудашро барои беҳбудӣ ва ободонии Душанбе бахшид.

Сохтмони «Боғи Ғалаба», чойхона -ресторани «Фароғат», Хонаи маорифи сиёсӣ (ҳоло Кохи Ваҳдат), Автовокзали шаҳри Душанбе, биноҳои панҷошёнаи «Тоҷикматлубот», «Ориёнбонк», меҳмонхонаи «Тоҷикистон», корпуси нави Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Хонаи хизмати маишии «Садбарг», Хонаи энергетикҳо (ҳоло ШСХК «Барқи Тоҷик»), Хонаи пионерони шаҳри Душанбе, мағозаҳои «Олами кӯдакон» ва «Универсам», бозори болопӯшидаи «Баракат», ресторани «Гулдаста», Қасри маданияти Иттифоқҳои касаба (ҳоло Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев), бинои Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтак, кинотеатрҳои «Орлёнок» ва «Тоҷикистон» Китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи А. Лоҳутӣ, кӯпрукҳои нав аз болои дарёи Душанбе, Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ №196, шаҳраки Академикҳо дар шоҳроҳи километри 9 -ум, боғҳои «Дӯстии халқҳо», «Боғи кӯдакон», маҳаллаҳои истиқоматии рақамҳои 61, 63, 64, 65, 101, 102 ва 103- и шаҳри Душанбе, васеъ ва ободу гулзор намудани хиёбону кӯчаҳои Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) А.Дониш, Куйбишев, Дӯстии халқҳо, Путовский (ҳоло И.Сомонӣ), Расулов, Ғафуров ва дигарҳо, гулу гулзор ва дарахтзор намудани гирду атрофи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ва гирду атрофи Намоишгоҳи Комёбиҳои Хоҷагии Халқи РСС Тоҷикистон (ВДНХ), ки онро «Боғи Мамадназаров» низ мегуфтанд, оғози сохтмони Сирки давлатӣ, Кохи Борбад ва боз даҳҳо дигар ҷойҳои ободу хуррам бо номи вай алоқаманданд.

Ҳар сол 200 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифодаи сокинони пойтахт дода мешуд. Шумораи сокинони муқими пойтахт аз 373 ҳазор бо 501 ҳазор нафар расид. Он айём дар пойтахт 92 корхонаву муассисаҳои саноатӣ фаъолият дошт. Имрӯз шаҳри Душанберо бе биноҳои зебову  замонавии дар боло зикргардида тасаввур кардан мумкин нест. Чӣ қадар қувва, сабр, тоқат ва ҷасорат лозим буд, ки ба сохтмони ҳар кадоме иҷозат гирифта, маблағи зарурӣ ҷудо намоянд. Дар сохтмону ба истифода додани ҳар кадоме аз ин биноҳо Х. Мамадназаров   неру ва матонати зиёди хешро сарф кардааст.

Дар давраи раисии Х. Мамадназаров хиёбони Ленин (ҳоло Рӯдакӣ), кӯчаҳои Путовский (ҳоло И.Сомонӣ), Аҳмади Дониш, Правда (ҳоло С.Шерозӣ), Неъмат Қарабоев ва ғайраҳо аз нав васеъ ва мумфарш гардиданд.

Нахустин гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар шаҳри Душанбе дар назди Универмаги марказӣ -ЦУМ, бозори Путовский ва Осорхонаи кишваршиносии  ба номи К.Беҳзод, назди кӯли Комсомол ва беморхонаи Қарияи Боло сохта, ба истифода дода шуд. Аввалин гузаргоҳи зеризаминӣ, воқеъ дар хиёбони С.Шерозӣ дар назди Сирки давлатӣ, 6 ноябри соли 1973 дар арафаи солгарди Ғалабаи Инқилоби Октябр  мавриди истифода қарор гирифт.

Дар шаҳри Душанбе, дар хиёбони Ленин, нахустин биноҳои баландошёна иборат аз 8 ошёна сохта шуд, ки имрӯзҳо низ ба хиёбони Рӯдакӣ ҳусни тоза бахшидаанд. Раиси шаҳри Душанбе дар баробари азнавсозии роҳҳои  мошингузар ба  кабудизоркунӣ ва гулу гулзор табдил додани шаҳр ҳамарӯза кӯшиш мекард. Ҳатто ҳангоми сафар ба хориҷи кишвар ба дарахту гулу гулбуттаҳои он ҷо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар бозгашт бо мутахассисони соҳа маслиҳат мекард. Оё меарзад, ки парвариши ин навъи гулҳоро дар Душанбе ба роҳ монем? Оё ин гулҳо ё дарахтон ба шароити иқлими мо тобоваранд? Натиҷаи чунин ғамхории раиси Комиҷроияи шаҳри Душанбе буд, ки хиёбону кӯчаҳои пойтахт дар муддати кӯтоҳ ба гулу гулзор мубаддал гардид.

Соли 1975 халқи советӣ 30- солагии Ғалаба бар фашизми Германияро ҷашн гирифт. Аз ин рӯ, роҳбарони аввали Тоҷикистон масъалаи бунёди боғи нав- «Боғи Ғалаба»-ро ба нақша гирифтанд. Аз рӯйи нақшаи шаҳрдорӣ он мебоист дар яке аз гӯшаҳои шаҳри Душанбе  ё ҷониби Ҳисору Қӯрғонтеппа сохта мешуд.

Дар яке аз ҷаласаҳои Ҳукумат Х.Мамадназаров баромад карда гуфт:

-Охир, ҳамаи боғҳоро дар марказ сохтаем. Боғи марказӣ, Боғи ба номи С.Айнӣ, Боғи «Дӯстии халқҳо», «Боғи кӯдакон»…

Намешавад, ки «Боғи Ғалаба»- ро дар яке аз гӯшаҳои ноободи шаҳр созем?

Ҳамин тавр, боғи нав дар муддати кӯтоҳ бунёд гардид ва туҳфаи хубе барои ветеранҳои ҷанг шуд.

Хонаи адибони ба номи М.Турсунзода дар давраи раисии Худоназар Мамадназаров сохта шуд. Раиси шаҳр аҳли илму адабро дӯст медошт. Бо устодон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Ибод Файзулло, Мутеъулло Наҷмиддинов ва дигарон дӯстиву рафтуомад дошт. Чунин  дилбастагӣ ба аҳли қалам ва адабиёт буд, ки  худ чаҳор китоб навишт. Инҳо: «Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст» (Душанбе, «Ирфон», 1971), «Рождённый Октябрем» (Душанбе, «Ирфон», 1975), «Настоящее и будущее Душанбе» (Душанбе, «Ирфон», 1972), «Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо» (Душанбе, «Ирфон», 1975) мебошанд.

Ғояи бародаршаҳр шудани Душанбе бо шаҳрҳои ҷаҳон низ бо ному кори          Х. Мамадназаров алоқаманд аст. Бояд зикр намуд, ки дар давраи раисии Худоназар Мамадназаров шаҳри Душанбе бо шаҳрҳои Санъо (Яман, соли 1969), Монастир (Тунис, соли 1971), Лусака (Замбия, соли 1972), Клагенфурт (Австрия, соли 1974), Сенегал (Африка, соли 1975) аҳди бародарӣ бастанд.

Комёбиҳои раиси Комиҷроияи шаҳри Душанбе Худоназар Мамадназаров ва сол ба сол ободу зебо шудани пойтахт на ба ҳама маъқул буд. Роҳбароне буданд, ки  садди кораш мешуданд ва ё ба нақшаҳояш халал мерасониданд. Ҳол он ки ӯ аллакай ходими намоёни давлатӣ буда, дар тӯли ин солҳо барои меҳнати ҳалол ва шоистааш бо унвони Муаллими хизматнишондодаи мактаби РСС Тоҷикистон, бо ду ордени «Байрақи сурхи меҳнат», ордени «Нишони фахрӣ», ҳафт медал ва шаш Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон қадр гардида буд.

Панҷ даъват депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон, панҷ маротиба аъзои КМ ҲК Тоҷикистон ва аъзои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб шуд. Фаъолияти меҳнатияш аз соли 1930 оғоз ёфта, ӯ тамоми  сатҳи кори роҳбарикунандаро гузашта буд. Бар замми ин, марди баномус буд ва ба ҳар кас сар хам намекард. Он солҳо роҳбарони ҷавон пайдо шуданд, ки усули корашон танҳо  фармонфармойӣ буд. Аз номи Ҳизби коммунист ба манфиаташон сухан гуфта, оқибат номи ҳизбро паст заданд. Х. Мамадназаров бо ин тоифа кор карда наметавонист ва чанд маротиба бо ариза назди Ҷаббор Расулов даромада буд, аммо номбурда ӯро аз вазифа ҷавоб надод.

«…Агар Мамадназаровро аз вазифааш ҷавоб диҳем, тамоми объектҳои сохтмонӣ дар шаҳри Душанбе нотамом мемонанд…» — гуфта буд Ҷаббор Расулов.

Пас ба шаҳри Москва ариза навишт…

Худоназар Мамадназаров ҳанӯз ба иҷрои бисёр корҳои шоёну назаррас қодиру қудрат дошт, зеро танҳо 60- сола шуда буд, вале хеле бардаму бақувват менамуд. Соли 1976 аризаи Раиси шаҳри Душанбе Худоназар Мамадназаров оиди ба нафақа баромаданаш қонеъ карда шуд.

Ҳақиқатан ҳам, баъди истеъфояш, ба гуфти Ҷаббор Расулов, бештари иншоотҳои сохтмонӣ нотамом монда, хеле дер ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла сохтмони Комплекси киною консерт (ҳоло Кохи Борбад) хеле  тӯл кашид.

Суръати корҳои сохтмонӣ дар пойтахт оҳиста — оҳиста суст шуд. Вале ин касеро ба ташвиш  наовард. Ӯ солҳои охири ҳаёташ боз ба соҳаи дӯстдоштааш- маорифи халқ баргашта, солҳои 1976- 1982 дар вазифаи директори Институти марказии  такмили ихтисоси муаллимони РСС Тоҷикистон кор кард.

Х. Мамадназаров  фарзандони сазовори давронро тарбия карда, ба воя расонид: Давлат Худоназаров ба санъат меҳр баста, ба дараҷаи Артисти халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ва раиси Иттифоқи Федератсияи кинематографистони СССР расид. Музаффар- номзади илмҳои иқтисодӣ, Мунаввар — номзади илмҳои меъморӣ, ягона  духтараш — Гулшод номзади илмҳои филология дар соҳаи забони англисӣ мебошанд.

22 апрели соли 1982 фарзанди ватандӯст ва бунёдкор Худоназар Мамадназаров дар синни 66- солагӣ вафот кард. Аз вафоти ин марди созандаву бунёдкор солҳои зиёд гузаштанд. Баъди пошхӯрии Иттифоқи Советӣ номи муассисаҳои давлатӣ ва кӯчаҳои шаҳр иваз шуданд. Аммо биное ё кӯчае дар шаҳри Душанбе ёфт нашуд, ки номи  Худоназар Мамадназаровро дошта бошад. Ҳол он ки ӯ тамоми ҳастияшро барои ободонии  пойтахти кишварамон сарф карда буд. Меарзад, ки ба истиқболи 90- солагии шаҳри Душанбе ба номаш муассиса ё хиёбоне гузошта шавад.

Солҳо мегузаранд, вале номи неки Худоназар Мамадназаров чун шаҳрдори соҳибикром дар таърихи давлатдории тоҷикон боқӣ мемонад.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум».