Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанберо ҳар гуна тавсиф мекунанд: шаҳри сулҳ, макони ишқу зебоӣ, маркази тоҷикони ҷаҳон, маскани дилҳо, маркази илму маърифат, шаҳри дилоро, маъвои пур аз меҳру вафо, хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон ва ғайра. Китобе, ки ба тозагӣ ба ифтихори 90 -солагии пойтахт таҳия ва нашр гардид, «Дари кушоди худшиносӣ» ном дошта, муаллифи он Мирзоамин Мирсаидзода мебошад.
Мирзоамин Мирсаидзода хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (собиқ Институти педагогии Душанбе ба номи Т. Шевченко) буда, фаъолияти меҳнатиашро аз касби пуршарафи омӯзгорӣ оғоз намудааст. Солҳои 1978-1986 ба ҳайси котиби масъули шуъбаи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии Комиҷроияи ноҳияи Роҳи оҳан(ҳозира Шоҳмансур), баъдан инспектори Раёсати фарҳанги Комиҷроияи шаҳри Душанбе, мутахассис, сардори шуъбаи хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ ифои вазифа кардааст. Аз соли 1993 дар шуъбаи робитаҳои хориҷии Дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз намуд. Солҳои 2000-2006 мудири ин шуъба буд.
Тавре маълум гардид, фаъолияти меҳнатии Мирзоамин Мирсаидзода солҳои зиёд ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе рост омада, шоҳиди дигаргунӣ ва рӯйдодҳои муҳими пойтахт мебошад ва дар китоби «Дари кушоди худшиносӣ» онҳоро шарҳу тавзеҳ додааст.
Солҳои истиқлолӣ алоқаю ҳамкориҳои шаҳри Душанбе бо бисёр шаҳрҳои бонуфузи дунё мустаҳкам гардид. Дар ин бора чанд рӯйдоди муҳимро, ки дар китоб сабт гардидааст, ёдовар мешавем: «13 октябри соли 1994 дар шаҳри Москва Созишнома байни Комиҷроияи шаҳри Душанбе ва Ҳукумати шаҳри Москва доир ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ имзо шуд. 30 ноябри соли 1999 дар шаҳри Саратови Федератсияи Россия роҳбарияти Мақомоти иҷроияи шаҳри Саратов ва Ҳукумати шаҳри Душанбе оид ба тиҷорату иқтисод, илму техника ва фарҳанг Созишномаи ҳамкориҳои дуҷониба бастанд. Охирҳои моҳи апрели соли 1999 ҳайати ҳукуматии ҷумҳурӣ бо сардории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт – Петербург рафта, дар кори конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба 1100 – солагии таъсиси давлати Сомониён иштирок дошт, ки дар он ҳайат Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев низ шомил буд. Дар он рӯзҳо байни губернатори шаҳри Санкт — Петербург В. Яковлев ва Раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев мулоқот барпо гардида, раисони ҳар ду шаҳр ба ҳуҷҷати таърихӣ – Созишномаи бародаршаҳрии Санкт – Петербург ва Душанбе имзо гузоштанд».
Дар идомаи ин мавзӯъ муаллифи китоб ёдовар мешавад, ки «…вақте вазифаи мудирии шуъбаи робитаҳои хориҷии Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанберо ба зимма доштам, дар ҳаёти шаҳри азизам қариб ҳар рӯз як навигарӣ ба ҳукми армуғон ва рӯйдоди муҳиме ба вуқӯъ мепайваст. Аз ҷумла соли 1998 ба шаҳри Боулдер (иёлати Колорадои ИМА) як идда устоҳои тоҷикро равон намудем, ки дар он бародаршаҳр чойхонаи тоҷикиро бо ҳама зебоиву шаҳоматаш бунёд намуданд. Дар ороиши ин чойхона, тибқи маъмул, аз ҳунарҳои миллӣ фаровон истифода шудааст. Туҳфаи ҷавобии ҷониби шаҳри Боулдер иншоотҳои истифодаи неруи офтоб барои таъмин намудани биноҳои маъмурию истиқоматӣ бо қувваи барқ дар давоми сол иборат буд.
Соли 1997 Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой якҷоя бо Корпоратсияи байналмилалӣ оид ба ҳамкории техникию иқтисодии «Син — Тян» ба шаҳри Душанбе 31 автобуси мусофиркашониро ба таври ройгон бахшид.»
Аз ҷониби ташкилоти бонуфузи ҷаҳонии ЮНЕСКО шаҳри Сулҳ эълон гардидани Душанбе боиси ифтихору сарфарозист. Ин воқеаи таърихиро Мирзоамин Мирсаидзода чунин шарҳ медиҳад: «Бо Қарори ЮНЕСКО 4-уми августи соли 2004 шаҳри Душанбе бо эътирофи саҳми бузурги он дар таҳкими арзишҳои сулҳ, таҳаммул ва ҳамраъйӣ дар ҳаёти рӯзмарра ба Ҷоизаи Якуми «Шаҳри Сулҳ» дар минтақаи Осиёву уқёнуси Ором барои солҳои 2002 – 2003 сазовор дониста шуд. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ин зимн гуфта буд: «Сарфароз гардонидани шаҳрамон бо Ҷоизаи Якуми ЮНЕСКО «Шаҳри Сулҳ» дар минтақаи Осиёву уқёнуси Ором барои солҳои 2002 – 2003 бо эътирофи саҳми бузурги он дар таҳкими арзишҳои сулҳ, таҳаммул ва ҳамраъйӣ дар ҳаёти рӯзмарра муҳимтарин комёбии сатҳи байналмилалӣ мебошад. Бо меҳнати пурсамар, ғамхории ҳамагонӣ ва кӯшишҳои дастаҷамъона шуҳрати пойтахтамонро ҳамчун маркази сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дучанд гардонидан ва онро бо иқтидори бузургу рӯҳи болидаи бунёдкоронааш дар тамоми корҳои хайри Ватани маҳбубамон саҳмгузор кардан, таъмини ояндаи дурахшони он ва ҳамоҳангии том дар ҷомеа ҳамеша чун асоси муттаҳидсозанда нигоҳ доштан вазифаи пурифтихор ва бошарафонаи ҳар яки мост. Шубҳае нест, ки бо гузашти асрҳо наслҳои оянда аз роҳи тайкарда ва корҳои шоёни бунёдгарони Душанбе — пойтахти Тоҷикистон ифтихор хоҳанд кард».
Зикр кардан ҷоиз аст, ки пойтахти Тоҷикистон ҳамзамон узви фаъоли ташкилоти байналмилалии «Шаҳрҳои муттаҳид ва худидораи маҳаллӣ» ва Ассамблеяи байналмилалии марказҳо ва шаҳрҳои бузург мебошад.
Оре, шаҳри Душанбе пешоҳанги дигаргуниҳои бузург дар кишвар дониста мешавад ва муаллифи китоби «Дари кушоди худшиносӣ» Мирзоамин Мирсаидзода шоҳиди бевоситаи имзои созишномаҳо ва ё татбиқи ин ё он барномаҳои созандагию бунёдкорӣ буд.
-Бо тақозои вазифае, ки ба дӯш доштам,- мегӯяд М. Мирсаидзода,- дар бисёр шаҳрҳои мамлакатҳои хориҷи дур, аз қабили Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон, Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Россия ва ғайра будам. Зикр кардан ба маврид аст, ки аз нуктаи назари пешрафту такомул дар ҳама соҳаҳо ҳар кадоми ин мамлакатҳо ба таври худ пеш рафтаанд. Вале, бояд иқрор кунам, дар он шаҳрҳо ҳастанд камбудӣ ва норасоиҳои зиёде, ки баръакс, дар пойтахти кишвари мо бо шарофати эҳтимом ва дурусткориҳои шаҳрдорӣ, махсусан ҷаҳду талошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев сари вақт бартараф карда мешаванд. Масалан, бархе аз шаҳрҳои Ҳиндустону кишварҳои араб он тозагиву озодагиеро надоранд, ки шаҳри мо дорад. Ҳамчунин аз нуқтаи назари шаклу рехти биноҳо шаҳри мо зеботарин буда, дар ҷаҳон камназир аст.
Дар китоб суратҳои ранга оид ба симои Душанбеи имрӯза, кӯчаю хиёбонҳои озода, биноҳои хуштарҳу замонавӣ ҷой дода шудааст. Муаллифи китоб иқдомоти раиси шаҳр ва дигаргуниву навовариҳое, ки бо супориши Маҳмадсаид Убайдуллоев анҷом дода шудаанд, шарҳ дода, аз ҷумла иброз медорад: «Раиси шаҳр дар ҳар суханронию вохӯрияшон бо мутахассисини ин ё он соҳа, махсусан сохтмончиёну меъморон таъкид мекарданд, ки пеш аз ҳама, ба илми муосири боғдориву шаҳрдорӣ такя карда, ба ҷойи чинорҳои пиру хамида, ки ҳусни кӯчаҳои пойтахтро коҳонида, ба саломатии шаҳрвандон низ таъсири манфӣ мерасонанд, номгӯйи дарахтони аз ҷиҳати экологӣ солим ва зебову атрогину ба чаҳор фасли сол тобовару сарсабзро пешниҳод намоянд. Ва ё дар хусуси зебоиву ободии хиёбонҳои пойтахт, ба боғу чаманзор табдил додани гулгаштҳо ба мутахассисон вазифаҳои мушаххас медоданд.
Дар ин муддат бо эҳтимоми шаҳрдорӣ ва роҳбарии Раиси шаҳр М. Убайдуллоев шаҳри Душанбе ба куллӣ симои худро тағйир дода, ороставу пероста ва сарсабзу мунаққаш гардид. Маҷмааи муҳташами Исмоили Сомонӣ, иморати хуштарҳи нуҳошёнаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, бинои зебои Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Боғи устод Рӯдакӣ, Сутуни Нишони давлатии Тоҷикистон, Парчами давлатии Тоҷикистон, ки дар ҷаҳон назир надорад, бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва албатта, Қасри миллат симои маркази пойтахти тоҷиконро куллан тағйир дода, ба ҳусни шаҳр назокату таровати тоза зам намуданд. Бунёд гаштани маҳаллаи Диёри Душанбе, Чойхонаи нави миллӣ, меҳмонхонаҳои панҷситорадори «Хаят Реҷенси» ва «Сирена», маҷмааҳои «Душанбе-Плаза», «Пойтахт-80» ва даҳҳо иншооти дигар Душанберо ба шаҳри зеботарини Осиёи Марказӣ табдил доданд.
Боварии комил дорам, ки 50-60 соли наздик шаҳри азизи мо дурдонаи тобноку дурахшони ҷаҳон хоҳад шуд».
Худо кунад, ки ин нияту ормонҳо амалӣ шаванд ва сулҳу ваҳдат дар кишварамон ҳамеша пойдору устувор бошаду пойтахти азиз- Душанбе боз зеботару гуворо ва шуҳратманд гардад.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»