Ин сана барои сокинони шаҳри Душанбе дар радифи дигар ҷашну санаҳои тақдирсози миллат хеле арзишманд аст
Ҳамасола тибқи анъанот Рӯзи пойтахт бо ташаббусҳои созанда ва дастовардҳои меҳнатӣ истиқбол гардида, дар ин рӯз дар радифи чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ва ҳашари умумишаҳрӣ маъмулан як қатор иншооти муҳим мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Ин навбат қабл аз шурӯи тантанаҳои ҷашнӣ ба ин муносибат бо иштироки роҳбарият ва дигар масъулини шаҳр ба маблағи беш аз 335,1 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ аз ҳисоби субъектҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла ба масоҳати 51,9 ҳазор м2 манзили истиқоматӣ, 19 ҳазор м2 марказҳои савдою хизматрасонӣ ва 18,8 ҳазор м2 утоқҳои маъмурӣ ба истифода дода шуданд.
Субҳи 18 апрели соли 2015 муовини Раиси шаҳри Душанбе Руқия Қурбонова аз номи Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар фазои идона, дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, варзишгарон — иштирокчиёни шашумин Ниммарафони байналмилалии Душанберо, ки ҳамасола дар Рӯзи пойтахт баргузор мегардад ва кулли меҳмонону иштирокдоронро самимона шодбош гуфта, ба сабқати варзишгарон ифтитоҳ бахшид.
Сипас, тибқи нақша, дар толори муҳташами Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев расми ҷамъбасти тамоми озмунҳои касбӣ бо ширкати фаъолону собиқадорони меҳнат, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятию доираи васеи институтҳои шаҳрвандии пойтахт баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиши тантанавӣ дар ҳузури фаъолони пойтахт аз ҷониби Раиси шаҳр ба ғолибони шашумин Ниммарафони байналмилалии Душанбе мутаносибан миёни мардону занон мукофотҳо супурда шуданд. Ҳамин тавр, барои ҷойҳои аввал — Чечун Юрий — варзишгар аз шаҳри Самараи Федератсияи Россия ва Чиженко Юлия — варзишгар аз шаҳри Санкт –Петербурги Федератсияи Россия ҳар кадом ба маблағи 3500 додлари ИМА, барои ҷойҳои дуюм- Петров Андрей варзишгар аз шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Марина Химелевская — варзишгар аз шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳар кадом ба маблағи 3000 доллари ИМА, барои ҷойҳои сеюм- Вайтака Самуэл — варзишгар аз Кения ва Жаннатбек Гулжанат — варзишгар аз шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ҳар кадом ба маблағи 2500 доллари ИМА, барои ҷойҳои чорум- Степан Киселёв -варзишгар аз шаҳри Қазони Федератсияи Россия ва Фатеева Катя аз шаҳри Челябински Федератсияи Россия ҳар кадом ба маблағи 2000 доллари ИМА, барои ҷойҳои панҷум- Муго Энтони — варзишгар аз Кения ва Ираида Александрова — варзишгар аз шаҳри Қазони Федератсияи Россия ҳар кадом ба маблағи 1800 доллари ИМА ва барои ҷойҳои шашум – Пяткин Илья — варзишгар аз шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ва Зайнаб Мансурӣ аз шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳар кадом ба маблағи 1500 доллари ИМА мукофот гирифтанд.
Зимни ҷамъбасти озмунҳои касбӣ дар асоси хулосаи ҳайати ҳакамон, тибқи қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе, ғолибони озмунҳо чунин муайян ва қадргардонӣ шуданд:
- «Мактаби сол-2014» — коллективи омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе. Мукофот: хонаи сеҳуҷрагии №45, бо масоҳати умумии 76,5 метри квадратӣ, воқеъ дар кӯчаи Беҳзод 32, ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе;
- «Директори сол-2014» — директори гимназияи № 53 Боронов Азизбек. Мукофот: 3000 (се ҳазор) сомонӣ;
- «Муаллими сол-2014» — муаллимаи фанни таърих ва ҳуқуқи гимназияи №1 Қувватова Рафоат. Мукофот: 2000 (ду ҳазор) сомонӣ;
- «Синфи беҳтарини сол-2014» - коллективи синфи 10«г»-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе. Мукофот: Парчами сайёри Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ба роҳбари ҳамин синф Зумратов Азизбек 1000 (ҳазор) сомонӣ, сардори синф Отаева Рамзия 500 (панҷсад) сомонӣ ва 34 нафар хонандагони синф ба ҳар кадоме 400 (чорсад) сомонӣ;
- «Волидайни беҳтарини сол-2014» — Нурова Шаҳло аз гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе. Мукофот: 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ;
- «Кӯдакистони сол -2014»- кӯдакистони №118-и ноҳияи Сино (мудираш Акобирова Гулчеҳра). Мукофот: 3000 (се ҳазор) сомонӣ;
- «Мудири кӯдакистони сол-2014» — мудири кӯдакистони №135-и ноҳияи Фирдавсӣ Сабзаева Фазилат. Мукофот: 2000 (ду ҳазор) сомонӣ;
- «Мураббии сол-2014» — мураббии кӯдакистони №46-и ноҳияи Шоҳмансур Сафарова Парвина. Мукофот: 1500 (як ҳазору панҷсад) сомонӣ.
Коллективи меҳнатии кӯдакистони № 52-и ноҳияи Фирдавсӣ (мудираш Сайвалиева Ҳабиба) барои ишғоли ҷойи дуюм дар озмуни «Кӯдакистони сол-2014» ба маблағи 1500 сомонӣ, коллективи меҳнатии кӯдакистони №79-и ноҳияи Шоҳмансур (мудираш Гулова Майсара) барои ишғоли ҷойи сеюм дар озмуни «Кӯдакистони сол-2014» ба маблағи 1000 сомонӣ қадр карда шуданд.
Барои фаъолияти пурмаҳсул дар таълиму тарбияи насли наврас, саҳми арзанда дар пешравии соҳаи маорифи пойтахт иштирокчиёни озмунҳои «Мактаби сол-2014», «Кӯдакистони сол-2014» «Директори сол-2014», «Муаллими сол-2014», «Мудири кӯдакистони сол-2014» ва «Мураббии сол-2014» Одилбекова Лола – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино, Нурова Анзурат — муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Сайфуров Маҳмадсодиқ — муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ноҳияи Шоҳмансур, Каримова Ашӯрбибӣ – директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 37-и ноҳияи Сино, Муҳиддинов Баҳриддин – директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 29-и ноҳияи Шоҳмансур, Исоматова Малика — директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 77-и ноҳияи Фирдавсӣ, Муқумова Парвина — мудири кӯдакистони № 96 -и ноҳияи Сино, Шарипова Бунафша – мудири кӯдакистони № 159-и ноҳияи Шоҳмансур, Зумратов Азизбек – муаллими фанни химияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и ноҳияи Фирдавсӣ, Обидова Ҷамила – муаллимаи фанни химияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Диловарзода Злашам – муаллимаи фанни забон ва адабиёти руси литсейи № 55-и ноҳияи Шоҳмансур, Зиёева Наргис – муаллимаи фанни забони давлатии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино, Ғуломова Моҳнамо – мураббияи кӯдакистони № 140-и ноҳияи Сино, Бобомуродова Назира - мураббияи кӯдакистони № 40-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Қурбонова Фароғат – мураббияи кӯдакистони № 123-и ноҳияи Фирдавсӣ ҳар кадом ба маблағи 700 сомонӣ мукофотонида шуданд.
Ду нафар хатмкунандагон — барандагони медалҳои тилло ба маблағи 1000 сомонӣ ва се нафар барандагони медалҳои нуқра ҳар кадоме ба маблағи 700 сомонӣ қадрдонӣ гаштанд.
Ҳамзамон ба «Беморхонаи сол — 2014» — коллективи кормандони Таваллудхонаи шаҳрии №3. Мукофот: 3000 (се ҳазор) сомонӣ ;
- «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол — 2014» — коллективи кормандони Маркази саломатии шаҳрии №10. Мукофот: 2 500 (ду ҳазору панҷсад) сомонӣ;
- «Табиби сол — 2014» — мудири шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ Мавҷудов Маъруф Мақсудович. Мукофот: 2000 (ду ҳазор) сомонӣ;
- «Табиби оилавии сол — 2014» — табиби оилавии Маркази саломатии шаҳрии №10 Юнусов Искандар Ҷӯраевич. Мукофот: 1500 (як ҳазору панҷсад) сомонӣ;
- «Корманди миёнаи тиббии сол – 2014» ҳамшираи тиббии Маркази саломатии шаҳрии № 7 Зардова Наҷиба Зоирбековна. Мукофот: 1000 (як ҳазор) сомонӣ;
- «Маҳаллаи беҳтарини пойтахт» — маҳаллаи «Нодира»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ. Мукофот: диплому ҷоизаи рамзӣ бо акси Нишони шаҳри Душанбе ва дар ҳудуди маҳалла сохтмони Майдончаи фароғатию варзишӣ бо таҷҳизоти замонавӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе;
- «Беҳтарин меҳмонхонаи пойтахт дар соли 2014»- ҶДММ «Ҳаятт Реҷенси»-и Душанбе. Мукофот: Ифтихорномаи шаҳри Душанбе ва ҷоизаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе;
- «Беҳтарин тарабхонаи пойтахт дар соли 2014» — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шом-7». Мукофот: Ифтихорномаи шаҳри Душанбе;
- «Беҳтарин ошхонаи пойтахт дар соли 2014» — ҶДММ «Мерве». Мукофот: Ифтихорномаи шаҳри Душанбе;
- «Беҳтарин кооперативи соҳибмулкони манзил» — Кооперативи соҳибмулкони манзили «Парвоз»-и ноҳияи Шоҳмансур. Мукофот: диплом ва як маҷмӯъ компютер бо мизу курсӣ;
- «Беҳтарин манзили пойтахт» — бинои истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Матросов, гузаргоҳи 4, хонаи 31, ноҳияи Фирдавсӣ. Мукофот: диплом ва як маҷмуъ компютер бо мизу курсӣ;
- «Ҳавлирӯби беҳтарини пойтахт» — Муродова Ҳалима — корманди Муассисаи давлатии Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино. Мукофот: диплом, як адад телевизор ва роҳхат ба осоишгоҳи «Хоҷа обигарм»;
- «Беҳтарин Муассисаи фарҳангии пойтахт» — Мактаби мусиқии бачагонаи №3 ба номи А.С.Ленскийи шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе. Мукофот: диплом ва як маҷмӯъ компютер бо мизу курсӣ;
- «Беҳтарин нозири минтақавии сол» — майори милитсия, сардори минтақаи хизматии милитсияи №27-и шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Убайдов Абдухалил. Мукофот: 15 000 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ ва Шаҳодатномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сабти ному насаб, соли озмун ва навиштаҷоти «Беҳтарин нозири минтақавии сол» бо имзои Раиси шаҳри Душанбе;
- ҷойи дуюм дар озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» — капитани милитсия — сардори минтақаи хизматии милитсияи №13-и шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муродализода Абӯбакр. Мукофот: 12 000 (дувоздаҳ ҳазор) сомонӣ ва Шаҳодатномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сабти ному насаб, соли озмун ва навиштаҷоти ««Беҳтарин нозири минтақавии сол» бо имзои Раиси шаҳри Душанбе;
- ҷойи сеюм дар озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» — капитани милитсия, сарнозири минтақаи хизматии милитсияи №15-и шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе Идиев Илҳомиддин Усмонович. Мукофот: 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ ва Шаҳодатномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сабти ному насаб, соли озмун ва навиштаҷоти «Беҳтарин нозири минтақавии сол» бо имзои Раиси шаҳри Душанбе;
- «Беҳтарин мактаби варзишии шаҳри Душанбе» — Мактаби варзишии махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпии №3-и шаҳри Душанбе оид ба варзиши сабук. Мукофот: 3500 (се ҳазору панҷсад) сомонӣ;
- «Беҳтарин толори варзишии сол дар шаҳри Душанбе» — толори варзишии Корхонаи воҳиди давлатии «Қасри теннис»-и шаҳри Душанбе . Мукофот: 3500 (се ҳазору панҷсад) сомонӣ;
- «Беҳтарин мураббии варзиши сол дар шаҳри Душанбе» — мураббии Мактаби махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпии №2 –и шаҳри Душанбе оид ба таэквондо ва камонварӣ Қармишев Ҷаҳонзеб. Мукофот: 3000 (се ҳазор) сомонӣ тақдим карда шуд.
Инчунин баҳри рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва таблиғи оммавияти пешбурди тарзи ҳаёти солим, бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии варзишгарони беҳтарини шаҳри Душанбе, 38 нафар ғолибони озмуни «Стипендияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дастовардҳои варзишӣ дар соли 2014» бо стипендияҳои дараҷаи 1 аз рӯи намудҳои олимпӣ: ҷойи аввал — 1000 сомонӣ, ҷойи дуюм - 900 сомонӣ, ҷойи сеюм — 800 сомонӣ ва стипендияи дараҷаи 2 аз рӯи намудҳои ғайриолимпӣ — ҷойи якум — 700 сомонӣ, ҷойи дуюм — 600 сомонӣ ва ҷойи сеюм — 500 сомонӣ барои ҳашт моҳ қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамзамон ғолибони озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2014» аз рӯи 17 номинатсия бо дипломҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва туҳфаҳои хотиравӣ — нишони фахрии озмун тариқи зайл қадр карда шуданд:
- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фабрикаи шири Саодат» — Комилов Илҳом Наврӯзович – номинатсияи «Истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ»;
- Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Техноинвест» — Раҷабов Файзалӣ Қурбоналиевич — номинатсияи «Меъморӣ ва дизайн»;
- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Газпромнефть – Таджикистан» — Мирзоев Фарҳод Султонбекович — номинатсияи «Савдо»;
-Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷикинтурсервис» — Қобилов Зафар Наримонович — номинатсияи «Хизматрасонӣ дар соҳаи фарҳанг, варзиш ва туризм»;
- Филиали Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ганҷина»- МТФ «Ромашка» — Муҳаббатов Қурбоналӣ Абдулҳаевич — номинатсияи «Хизматрасонии тиббӣ»;
- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ИИ Нассоҷии Тоҷик» — Ҷомаҳмадов Хушмаҳмад Ҳасанович — номинатсияи «Истеҳсоли маҳсулоти истифодаи саноат»;
- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тиб барои шумо» — Ҷаборов Фаридун Маҷидович — номинатсияи «Истеҳсоли доруворӣ, маҳсулот ва таҷҳизоти тиббӣ»;
- Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Сити Сервис» — Умаров Игор Қувватович- номинатсияи «Хоҷагидории шаҳрӣ, хизматрасонии манзилию коммуналӣ ва экология»;
-Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Саманд 2010» — Фаткулаев Қосим Махмедович- номинатсияи «Сохтмон, тармим ва таъмир»;
- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рухом» -Муҳабатов Муфараҳ Муминҷонович — номинатсияи «Косибӣ ва ҳунарҳои халқӣ»;
-Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомонтаъминот» — Хидиров Саидраҳмон Шарифович – номинатсияи «Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук»;
- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Интер» — Остонаев Мансур Муртазоевич — номинатсияи «Хӯроки умум»;
-Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТТ Мобайл» — Никитин Денис Александрович — номинатсияи «Технологияҳои телекоммуникатсионӣ»;
- Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Континент-Инвест» — Шарипов Сафаралӣ — номинатсияи «Хизмати маишӣ»;
- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Эр-Граф» — Раҷабов Суҳроб Тоирович — номинатсияи «Фаъолияти нашриётӣ, хизматрасонии полиграфӣ, дизайн ва реклама»;
- Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи асфалту бетон» — Ҳукматов Тоҳир Мирзошоевич — номинатсияи «Истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва конструксияҳо»;
- Муассисаи таълимии «Гимназияи хусусии Ҳиммат» — Ғайратов Қубодулло Ҳиматович — номинатсияи «Хизматрасонӣ барои рушди соҳибкорӣ: таълим, маркетинг, аудит, консалтинг, пешбарии муҳосибот ва кумаки ҳуқуқӣ»;
-Муассисаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» — Ҳамдамов Шариф — номинатсияи «Технологияҳои ахборотӣ»;
- «Пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2014» — ғолиби номинатсияи «Технологияҳои телекоммуникатсионӣ» Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТТ Мобайл» (Никитин Денис Александрович) бошад, бо Ифтихорномаи шаҳри Душанбе ва Ҷоми фахрии «Ғолиб» сарфароз гардонида шуд.
Дар ин ҳамоиши ифтихорӣ Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев супориш дод, ки шурӯъ аз соли оянда дар феҳристи озмунҳои касбӣ озмуни «Беҳтарин боғи фарҳангу фароғатӣ» шомил карда шавад.
Ҳамзамон бо ироаи шодбошиҳои самимии худ ба ифтихори Рӯзи пойтахт аз намояндагони аҳли зиё, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, ташкилотҳои идоракунандаю ширкатҳои соҳибмулкони манзил ва сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятии шаҳр даъват ба миён овард, ки дар партави сиёсати созандаву ободкоронаи Сарвари давлат беш аз ҳарвақта потенсиали шаҳрдорӣ ва аҳли ҷамоатчигии пойтахтро баҳри густариш ва тақвият бахшидан ба дигаргунсозиҳои куллии иқтисодию иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи сокинони Душанбешаҳр раҳнамун сохта, то ҷашни навбатии Рӯзи пойтахт дастовардҳои нав ба навро армуғон созанд.
Ш. САИДОВ, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе