Шодбошиҳо ба Раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев

№123 (3269) 21.10.2014

ба ифтихори 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе

 Муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоевич!

Лутфан табрикоти самимии маро ба муносибати 90- солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе қабул фармоед. Боварӣ дорам, ки  ин  ҷашн дар таърихи шаҳри Душанбе ва Ҷумҳурии Тоҷикистон хотирмон хоҳад буд.

Бо эҳтиром Жозеп Ройг, Дабири кулли ОГМВ Барселона, Испания

 ***

Ҷаноби олиқадр Маҳмадсаид Убайдуллоев!

Умедворам, ки Шумо ва аҳли оилаатон сиҳат ва саломат буда, аз ин рӯзҳои дилкаши тирамоҳӣ ҳаловат мебаред. Шуморо бо 90-солагии пойтахти Тоҷикистон гардидани шаҳри Душанбе табрик мегӯям. Ман миннатдории хешро аз даъват оиди дар ин ҷашнвора иштирок намудан, бо Шумову шаҳрдорони дигар вохӯрдан изҳор менамоям. Бовар дорам, ки ин рӯйдоди олиҷаноб мешавад.

Бо орзуҳои беҳтарин Шаҳрдори Боулдер Мэттю Аппелбаум

***

Муҳтарам ҷаноби Убайдуллоев!

Ташаккури зиёд барои даъвати Шумо ба таҷлил  ва ҷашни 90- солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе.

Мутаассифона, аз сабаби он ки вақт хеле кам аст, дар ин ҷашн  иштирок карда наметавонем.

Барои таҷлили ҷашнҳо  ва қабули меҳмонҳо қаблан орзуҳои беҳтаринро таманно дорам.

Бо саломи самимӣ аз Ройтлинген Обербургермайстер Барбара Бош

***

Муҳтарам ҷаноби Раиси шаҳри Душанбе!

Ман мехоҳам  барои даъвати Шумо дар таҷлили  ҷашни 90- солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе аз самими қалб миннатдории худро баён намоям

Аз самими қалб ман шахсан Шуморо бо ин ҷашн табрик менамоям.

Ман боварӣ дорам, ки ҳамкории шаҳрҳои  мо дар оянда низ вусъат меёбад ва барои шаҳрвандонамон манфиатбахш мегардад.

Ба Шумо саломи самимӣ фиристода, ба аҳолии шаҳри Душанбе муваффақият орзу мекунам.

Бо эҳтиром Бургермайстери шаҳри Клагенфурт  Кристиан Шайдер