Муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев!
Аз номи шаҳрвандони шаҳри Москва ва шахсан аз номи худам аз самими қалб Шумо ва тамоми сокинони шаҳратонро бо 90-солагии шаҳри зебои Душанбе табрику муборакбод менамоям.
Тибқи анъана Тоҷикистон дӯст ва шарики стратегии Россия ба шумор меравад, ки мисоли равшани онро дар муносибатҳои неку дӯстона, ҳамкории зичи пойтахтҳоямон дар тамоми самтҳо мушоҳида кардан мумкин аст.
Ҳукумати Москва омода аст, ки дар оянда низ ҷиҳати рушду тараққии шаҳри шумо ҳиссаи босазо гузорад ва таҷрибаи худро қисмат намуда, баҳри амалӣ гардидани ташаббусҳоятон дар самти беҳбуд бахшидани ҳаёти сокинони шаҳр бо шумо ҳамкорӣ намояд.
Тайи солҳои охир ба шарофати роҳбарии хирадмандонаи Шумо Душанбе беш аз пеш зеботар шудааст ва пешрафти тамоми соҳаҳои шаҳр ба таври пайваста идома дорад.
Боварии комил дорам, ки муносибатҳои таърихиву дӯстона миёни пойтахтҳои Россия ва Тоҷикистон, аз қабили иқтисодӣ, гуманитарӣ ва фарҳангӣ дар оянда низ ба манфиати ҳар ду ҷониб идома меёбанд.
Бори дигар ба Шумо, муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев ва тамоми сокинони пойтахти зебои Тоҷикистон, саломатии бардавом, муваффақиятҳои нав ба нав ва хушбахтӣ орзу менамоям.
Мири шаҳри Москва С. Собянин
***
Муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев!
Шумо ва дар шахси Шумо тамоми сокинони шаҳрро ба муносибати 90-солагии мақоми пойтахтро сазовор гардидани шаҳри Душанбе самимона табрик мегӯям.
Мутобиқи қарордоди мо аз 7 то 9-уми ноябри соли 2014 Рӯзҳои Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Барномаи амали Рӯзҳои мазкур, ки мо мехоҳем ташкил кунем, чорабиниҳои ҳам характери корӣ ва ҳам характери фарҳангидоштаро дар бар мегирад.
Шахсан барои ман хушоянд аст, ки Рӯзҳои Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе бо кумаку дастгирии фаъолонаи Шумо амалӣ мегардад.
Барои иштирок дар ин чорабинӣ бо супориши ман ҳайати Санкт-Петербургӣ таъсис дода шуда истодааст, ки шахсан онро роҳбарӣ менамоям.
Итминон дорам, ки Рӯзҳои Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе як саҳифаи дурахшонеро ба таърихи муносибатҳоямон илова намуда, барои ҳар ду ҷониб боровар хоҳад шуд.
Бори дигар мехоҳам Шуморо бовар кунонам, ки ҳамкорӣ бо Душанбе барои мо мавқеи хоса дорад. Иҷозат фармоед, барои шаҳри дилорои Шумо шукуфоӣ ва барои сокинонаш дастовардҳои нав ба нав орзу намоям.
Губернатори Санкт-Петербург Г.С. Полтавченко
***
Барқияҳои шодбошӣ ба унвонии Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчунин аз номи роҳбарияти Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо (АБП) ва шаҳрҳои калони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо, ҳокими шаҳри Остона И.Н. Тасмагамбетов, раиси Шӯрои экспертии Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо, раиси шаҳри Оренбург Ю.Н. Мишеряков, директори генералии Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо В.И. Селиванов, мири шаҳри Сямэн Лю Кэтсин ва ғайраҳо ворид шудаанд.