Дуюми ноябри соли 2013 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи навбатии Ситоди шаҳрӣ оид ба омодагиҳо ба мавсими пешорӯйи зимистонгузаронӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти тӯли ҳафтаи сипаригардида анҷомдодаи сохторҳои марбута мавриди баррасӣ қарор ёфт.
Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни натиҷагирӣ аз санҷишҳои анҷомдодаи комиссияҳои марбута дар таносуби ноҳияҳо оид ба ҳолати омодагиҳои фонди манзилу муассисаҳои иҷтимоӣ ва прокуратураи шаҳр нисбати Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба масъулин ҷиҳати тақвияти корҳои омодагӣ дастуру супоришоти қатъӣ дода, директори Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе А. Табаровро вазифадор сохт, ки нисбати масъалаи интиқоли гармии пешниҳодшаванда ва аз нигоҳи техникӣ омодабошии бунгоҳҳои таъминкунандаи гармӣ ва биноҳои истиқоматиро, ки тибқи нақша барои қабули гармӣ пешбинӣ шудаанд, чораҳои муассир андешида, то 20 ноябри соли равон камбудиҳои бамиёномадаро бартараф созад.
Муовинони соҳавии раиси шаҳр ва шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вазифадор шуданд, ки баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пардохти ҳаққи гармӣ аз ҷониби онҳо масъалаи насби ҳисобкунакҳои гармидиҳиро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати дарёфти сарчашмаҳои молиявӣ оид ба харидорию насби онҳо ба раиси шаҳри Душанбе таклиф пешниҳод созанд.
Инчунин комиссияҳои назоратии фаъолияткунанда вазифадор гардиданд, ки бо идома додани кори худ, унвонии раиси шаҳр оид ба ҳолати воқеии корҳои омодагӣ аз ҷониби сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва ШСХК «Барқи Тоҷик» маълумот ирсол намоянд.
Ҳамзамон, дар идома ба он, дар ҷаласа масъала оид ба ҷараёни азхудкунии қитъаҳои замин барои бунёди манзилҳои индивидуалӣ аз ҷониби 727 нафар сокинони шаҳр дар маҳаллаи «Ховарон» баррасӣ шуд.
Дар ин зимн Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи масъулинро барои сари вақт бо сертификатҳои ҳуқуқи истифодаи замин ва лоиҳаву иҷозати корҳои сохтмонӣ таъмин кардани шаҳрвандон нигаронида, ба Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ва пажӯҳишгоҳҳои масъули лоиҳакашӣ барои тезонидани ҷараёни таҳияи лоиҳаи азхудкунии кварталҳои 7, 71 ва 12 дар маҳаллаи «Ховарон», ки дар маҷмуъ 908 қитъаи замин барои бунёди манзилҳои индивидуалӣ иловатан пешбинӣ карда мешавад ва лоиҳаи кашидани хати оби нӯшокӣ ва корезӣ дар кварталҳои навбунёди маҳаллаи мазкур дастур фармуд.
Ш. САИДОВ, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе