ДУШАНБЕ. (Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум») Ҳайати соҳибкорони Британияи Кабир ба шаҳри Душанбе омаданд. Тибқи иттилои сомонаи Сафорати ин мамлакат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин гурӯҳ аз намояндагони нуҳ ширкати соҳаҳои гуногун иборат аст. Намояндагони ҳайат имкониятҳои савдо ва сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Сарварии ҳайатро директори ширкати Бритиш Экспертиз (British Expertise) ва Гуруҳи маълумот оид ба бизнес дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз (СATBIG) Найҷел Петерс ба зимма доранд. Дар доираи сафарашон соҳибкорони англис бо мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов мулоқот карданд.
Бо забони соддаву оммафаҳм ва салису равон расонидани иттилоот ва матолиби таҳлилӣ яке аз вазифаҳои асосии матбуот ва умуман аҳли қалам мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон