17 октябри соли 2014 тантанаҳои сатҳи шаҳрии ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев оғоз гардид.
Дар ин ҳамоиши идона, ки бо ширкати сокинони 90-солаи шаҳри Душанбе ва собиқ раисони шаҳру муовинони раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо сурат гирифт, Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ҳар яки онҳо барои дар давоми солҳо вобаста аз имкониятҳо дар пешрафти шаҳр саҳми арзанда гузоштанашон изҳори миннатдорӣ намуд.
Ҳамзамон аз ҳар кадомашон даъват ба миён овард, ки минбаъд низ дар амалисозии барномаҳои шаҳрдорӣ, тақвияти фарҳанги шаҳрнишинию тарбияи насли ҷавон дар роҳи ватандӯстӣ ва таъмини ҳамзистии осоиштаи сокинони шаҳр нақши бориз дошта бошанд.
Қобили зикр мебошад, ки дар арафаи ин ҷашни бошукӯҳ бо қарори Раиси шаҳри Душанбе 85 нафар сокинони 90-солаи шаҳр ва 66 нафар собиқ раисони шаҳру муовинони раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо бо маблағҳои молиявӣ қадрдонӣ шуданд.
Барои ин иқдом аз буҷети шаҳр 161 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла барои 20 нафар сокинони 90-солаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1500 сомонӣ (ба ҳар кадом) ва барои 65 нафар сокини 90- солаву 66 нафар собиқ раисони шаҳру муовинони раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо 1000 сомонӣ (ба ҳар нафар) масраф гардид.
Ш.Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе