Хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» бо сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Қудратулло Файзуллоев атрофи татбиқи нақшаи генералии пойтахт суҳбат орост.
-Лутфан доир ба нақшаи генералии шаҳри Душанбе маълумот диҳед.
-Нақшаи генералии шаҳри Душанбе бо Қарори Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон таҳти №382 аз 30 декабри соли 1983 тасдиқ шудааст. Муҳлати амалӣ гардидани нақшаи мазкур то соли 2005 пешбинӣ шуда буд. Мутаассифона, бо сабабҳои субъективию объективӣ нақшаи мазкур пурра иҷро нагардид. Масъала ба миён омад, ки муҳлати амалигардонии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе тамдид карда шавад. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2006 таҳти №73 муҳлати эътибори Нақшаи генералии шаҳри Душанбе то тасҳеҳи нави он тамдид карда шуд. Дар ин асос Қарори раиси шаҳри Душанбе аз 24 январи соли 2009 таҳти №18 «Дар бораи эълони тендери кушод оид ба тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе» ба тасвиб расид. Дар асоси он ҶСК «Гипрогор»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия ғолиби озмун гардид. Баъдан, дар асоси ҳамин озмун аз 5 сентябри соли 2009 бо ҶСК «Гипрогор» қарордод ба имзо расонида шуд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки тасҳеҳи нақшаи генералӣ равандест, ки иҷрои он вақтро талаб мекунад. Агар як бинои нав бунёд созем ё нақшаи генералии нав таҳия кунем, вақти камтарро мегирад, нисбат ба он ки нақшаи мавҷударо тасҳеҳ намоем. Иншооти гуногуне, ки дар шаҳр сохта шудаанд, бо дарназардошти муҳлати сохташуда, мавқеи ҷойгиршуда, шакл ва хусусиятҳои меъморӣ, арзиши таърихиву фарҳангӣ доштанашон муайян карда мешаванд. Ҳамзамон аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ҳолатҳои иншооти фарҳангиву иҷтимоӣ ва маскуниву саноатӣ бояд омӯхта шавад. Пас аз пешниҳод шудан ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз ҷониби мутахассисони ҶСК «Гипрогор» мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор мегирад. Ҳар қитъаи замине, ки дар шаҳр вуҷуд дорад, бо дарназардошти зиёдшавии аҳолӣ, аз нуқтаи назари шаҳрсозӣ омӯхта мешавад. Масалан, агар аз рӯйи ҳисобҳои пешакӣ соли 1983 Нақшаи генералии шаҳр, бо назардошти 750 ҳазор аҳолӣ таҳия шуда бошад, имрӯз аз рӯйи ҳисобҳои оморӣ аҳолии шаҳри Душанбе наздики 775-780 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Бинобар ин, дар нақшаи генералӣ ҷанбаҳои гуногуни тараққиёти минбаъдаи шаҳр, бо дарназардошти зиёдшавии аҳолӣ, дар муҳлатҳои муайян ба назар гирифта шудааст. Дар нақшаи генералӣ, пеш аз ҳама, тараққиёти ҳудудии шаҳри Душанбе дар давраҳои то соли 2030 муайян карда мешавад. Ба ғайр аз ин, минтақабандии ҳудуди пешбинигардида тибқи меъёрҳои қоидаҳои сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз мавриди амал қарор доранд, муайян карда мешавад. Айни замон аз ҷониби мутахассисон тасҳеҳи он ба анҷом расидааст ва он дар сатҳи Шӯрои шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, атрофи он фикру мулоҳизаҳо пешниҳод шуданд. Тавсия дода шуд, ки нақшаи тасҳеҳгардидаи шаҳри Душанбе барои мувофиқасозӣ ва тасдиқ пешниҳод карда шавад. Айни замон аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор нуктаҳои тасҳеҳгардидаи нақшаи генералии мазкур мавриди муҳокима қарор дорад. Аз 26 вазорату идораҳои дахлдор, ки бояд нақшаи мазкурро омӯхта, мувофиқа созанд, аллакай 22 вазорату идораҳо мувофиқа кардаанд ва фикр мекунам, ки рӯзҳои наздик бояд ин кор ба анҷом расад.
-Ҳалқабандии шаҳри Душанбе чӣ гуна сурат мегирад?
-Тибқи қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе, ҳудуди пойтахт ба се минтақа тақсим гардида, минтақаи аввал қисмати марказии шаҳр дар ҳудуди буриши кӯчаҳои Карамов, Умари Хайём, Мирзо Турсунзода, А.Лоҳутӣ, С.Айнӣ ва қисмати чапи дарёи Душанбе, минтақаи дуюм дар ҳудуди кӯчаҳои Карамов, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Р.Набиев, А.Ҷомӣ, А.Қаҳҳоров, Фучик, Титов, А.Дониш, хиёбони Дӯстии халқҳо, Бадахшон, Заҳматобод, М.Турсунзода ва қисмати сеюм ҳудуди ноҳияҳои ба пойтахт ҳамсарҳадро дар бар мегирад. Тибқи қарори мазкур дар минтақаи якум, бо дарназардошти тараққиёти минбаъдаи шаҳри Душанбе сохтмони иншооти на кам аз нуҳошёна, дар минтақаи дуюм на кам аз панҷошёна ва дар минтақаи сеюм на кам аз сеошёна дар назар дошта шудааст..
- Яъне, ҳудуди шаҳр васеъ мешавад…
-Васеъшавии ҳудуди шаҳр вобаста ба зиёдшавии аҳолӣ, албатта, табиист. Агар то имрӯз аҳолии шаҳри Душанбе дар доираи 775-780 ҳазор нафар бошад, тибқи нақшаи генералии пешниҳодшаванда то соли 2030 эҳтимолияти то ба 1 миллиону 150 ҳазор ва ё 1 миллиону 200 ҳазор нафар расидани он мавҷуд аст. Бинобар ин, ҳама инфрасохторе, ки дар нақша пешниҳод карда шудааст, бо дарназардошти зиёдшавии аҳолии шаҳри Душанбе ва ҳудуди он, таҳия гардидааст. Бо вуҷуди зиёд шудани ҳудуди шаҳр зарурати азнавсозии қисматҳои мавҷудаи шаҳри Душанбе низ пайдо мешавад. Аллакай, бо дарназардошти татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва Консепсияҳои таҳиягардида дар қисмати марказии шаҳр корҳои зиёде рафта истодааст. Аз ҷумла тибқи қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе, ки аз 17 июли соли 2012 ба имзо расидааст, кӯчаву хиёбонҳои протоколии шаҳр-аз фурудгоҳ то ҳудуди ҶСК «Тоҷиксемент» иншооте, ки солҳои пешин сохта шудаанду аз назари меъморӣ-эстетикӣ ва ҳам аз назари техникӣ-конструктивӣ ҷавобгӯи талаботи имрӯза нестанд, бартараф шуда истодаанд. Ба ҷойи онҳо маҷмааи биноҳои замонавии таъиноти истиқоматӣ ва ё маъмуридошта бо ҷойгиркунии иншооти савдову хизматрасонӣ дар ошёнаҳои аввал ва пешбинӣ намудани таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ бунёд мешаванд.
-Татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе барои чанд сол пешбинӣ шудааст?
-Татбиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе асосан дар ду марҳила пешбинӣ шудааст. Марҳилаи аввал то соли 2020 ва марҳилаи дуюм то сол 2030-ро дар бар мегирад.
Мусоҳиб Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»