Таъмини амнияти глобалӣ дар марҳалаи ҷаҳони муосир

№64 (3049) 28.05.2013

Бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявии ректорӣ дар мавзуи «Ташаккули механизмҳои таъсирбахш ҷиҳати таъмин намудани амнияти глобалӣ дар шароити таҳдидҳои муосир ва татбиқи онҳо бо назардошти риояи ҳуқуқи инсон» доир гардид.

Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ифтитоҳ намуд.

DSC_0157

 Дар конференсия намояндагон аз Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти вохӯриҳо ва ҳамкориҳои байналмилалии Хазинаи Ҳанс Зайдел (Германия), ректорони муассисаҳои таҳсилоти махсусгардонидашудаи системаи (милитсия) политсияи мамлакатҳои Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, иштирок доштанд.

Роҳбари Институти вохӯриҳо ва ҳамкориҳои байналмилалии Хазинаи Ҳанс Зайдел (Германия) Хегемер Кристиан ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хертрампоф Дорис оид ба ташаккули механизмҳои таъсирбахш ҷиҳати таъмини амнияти глобалӣ дар шароити таҳдидҳои муосир ва риояи ҳуқуқи инсон ибрози андеша намуданд.

Вобаста ба масъалаҳои конференсия ректори Академияи миллии ВКД Украина Валентин Коваленко, сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Ҷурахон Зоиров, муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Зумрад Солиева, сардори кафедраи «Фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилии Академияи политсияи Ҷумҳурии Озарбойҷон, майори политсия Наждафгулиев Рафиқ, сардори Хадамоти давлатии муҳофизаи Ҷумҳурии Молдова Бедорин Игор ва дигарон маърӯзаҳо карданд.

Иштирокчиёни конференсия ба омӯзиш ва омода намудани кадрҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз он ҷумла терроризм, экстремизм, хариду фурӯши одамон, мубориза бар зидди маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии яроқу аслиҳа, амнияти минтақавӣ аҳамияти хоса зоҳир намуданд.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтененти милитсия Рамазон Раҳимов бо қарори Шӯрои олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбари Институти вохӯриҳо ва ҳамкориҳои байналмилалии Хазинаи Ҳанс Зайдел (Германия) Хегемер Кристиан ва ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Лвови Украина Симблюк Михайло Михайлович барои хизматҳои шахсӣ дар назди Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳмашон дар рушди фаъолияти илмӣ ва таълимии он ва ҳамчун рамзи эътибори хизматҳои шоён ва ифодаи сипос унвони «Профессори фахрии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро супорид.

 Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»