Шаҳрдорӣ

Таъмири роҳҳо вусъат меёбад

№36 (3337) 11.03.2015

10 марти соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба тақвияти тадбирҳо ҷиҳати ободонии роҳҳо дар шаҳр ҷаласа баргузор шуд.

Дар ҷаласа, ки дар радифи масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳо ва ширкатҳои роҳсозӣ иштирок доштанд, Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи роҳбарияти Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-ро оид ба оғози корҳои сохтмону азнавсозӣ дар иншооти бо қарорҳои марбутаи Раиси шаҳри Душанбе аз 4 марти соли 2014 «Дар бораи ғолиби тендер» иҷозатдодашуда:

- «Азнавсозии кӯчаи Зебуниссо (аз кӯчаи М.Мастонгулов то кӯчаи С.Айнӣ)»;

- «Азнавсозии кӯчаи Борбад (аз кӯчаи Шестопалов то кӯчаи Пахтакор)»;

- «Азнавсозии хиёбони Ҷ.Расулов (аз хиёбони Б.Ғафуров то кӯчаи Р.Набиев)»;

- «Азнавсозии кӯчаи Ҳ.Ҳакимзода (аз кӯчаи Гагарин то кӯчаи Карамов)» ҷалб намуда, дастур фармуд, ки қабл аз оғози муттасили корҳои нақшавӣ бобати дар шаҳр ба тамбашавии ҳаракати воситаҳои нақлиёт роҳ надодан муҳлати иҷрои суръатноки корҳои лоиҳавиро дақиқ намуда, дар ҳамкорӣ бо раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе роҳҳои алтернативии ҳаракати воситаҳои нақлиётро муайян ва ҳолати хуби роҳҳои ҳамшафати тавсияшавандаро барои хизматрасонӣ таъмин созанд.

Баҳри мақсаднок роҳандозӣ намудани фаъолияти раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳо дар самти иҷрои меъёрии корҳои таъмири ҷорӣ муқаррар сохт, ки аз ҷониби раисони ноҳияҳо масъалаи таҷдиди сохторӣ ва фаъолияти онҳо дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута баррасӣ карда шавад.

Дар ҷаласа ташаббуси даҳ ширкатҳои роҳсозӣ оид ба тариқи эҳсонкорӣ саҳмгузорӣ намудан дар ободонии роҳҳо дар шаҳр ҷонибдорӣ гардида, дар партави он ба масъулин супориш дода шуд, ки барои пай дар пай бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ, сафарбарсозии зарфиятҳои институтҳои шаҳрвандӣ, субъектҳои соҳибкорӣ, аҳли ҷамоатчигӣ ба ифоқа овардани ҳолати роҳҳои дохили маҳаллаҳо бо инобати мусоид шудани боду ҳаво тадбирҳои муассир андешанд.

Ш.Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе