Тақвияти равобити илмӣ

№40 (3186) 22.04.2014

Чанде пеш  дар Донишгоҳи (славянии) Тоҷикистону Россия ба муносибати таҷлили 20 — солагии Конститутсияи  (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ — байналмилалӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқ ва ҷомеа: масъалаҳои мубрами замон» доир гардид.

Дар конференсия масъалаҳои муҳими вобаста ба  қонунгузорӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар он донишҷӯён, аспирантон, магистрони донишгоҳҳову донишкадаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ ва  Донишгоҳи давлатии ба номи Н. Хусрави шаҳри Қӯрғонтеппа ширкат варзиданд.

Ҳамзамон  дар конференсияи мазкур тавассути алоқаи видеоӣ донишҷӯён ва магистрони пешрави донишгоҳҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустакил (Донишгоҳи дӯстии халқҳо, Донишгоҳи давлатии Тюмен, Донишгоҳи давлатии миллии тадқиқотии Перми Федератсияи Россия, Донишгоҳи (славянии) Қирғизистону Россия, Донишгоҳи давлатии иқтисодиёт ва ҳуқуқи Донетск) иштироки фаъолона доштанд.

Бо баргузории чунин чорабиниҳо донишкадаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар донишгоҳҳои давлатҳои аъзои  ИДМ  робита пайдо мекунанд. Вазифаи асосии конференсия  кумак ба донишҷӯён, магистрон ва аспирантон барои такмили малакаи  гузаронидани корҳои мустақилонаи илмӣ- тадқиқотӣ мебошад.

Дар доираи конференсия курсҳои ҳуқуқи байналмилалӣ- гуманитарӣ ва ҳуқуқи  байналмилалӣ- ҷиноятӣ гузаронида, ба иштирокчиён сертификат дода шуд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»