Силоҳҳои Ғалаба

Танки Иосиф Сталин дар Душанбе

№64 (3365) 06.05.2015

tank

Майдони Ғалаба дар қисмати марказии шаҳри Душанбе ҷойгир буда, яке аз ҷойҳои дӯстдоштатарини сокинон ва меҳмонони пойтахт ба ҳисоб меравад. Ин макон дар арафаи Иди Ғалаба боз ҳам зебову ободтар шуда, гулу гулдастаҳо ва шиору плакатҳои рамзҳои ғалабадошта ҳуснашро дучанд гардонидаанд. Дар майдон монументи 25 — метраи хотира қад афрохтааст, ки он барелефи аскарону офитсерони яроқбадастро ҳангоми муҳорибаҳои ҷангӣ инъикос намудааст. Гирду атрофашро гулгашти зебо иҳота кардааст. Дар пеши монументи хотира танки Т-34, чун рамзи пирӯзиҳои аскарони советӣ ҷо гирифтааст. Наврасону ҷавонони хушбахти имрӯза назди ин силоҳи вазнини ҷангӣ сурат мегиранд, аммо намедонанд, ки танки мазкур роҳи  ҷангиро то лонаи фашистон — шаҳри Берлин тай карда, дар Ғалабаи Армияи Советӣ саҳм  гузоштааст.

Танки номвари ҷангии Т- 34 аз соли 1944 дар Қувваҳои Мусаллаҳи Армияи Сурх ворид гардида, дар таъмини Ғалаба саҳми бузург дорад. Истеҳсоли ин танк аз моҳи январи соли 1944 шурӯъ шуда, то соли 1950 давом дошт. Дар бадали шаш сол зиёда аз 35 000 танки Т- 34 истеҳсол шудааст.

Бино ба иттилои таърихшинос ва ҷангноманавис Лидия Петровна Сечкина, ҳангоми муҳорибаи шадиди Сталинград дар Иттифоқи Советӣ ҳаракатҳои умумихалқӣ оид ба ҷамъоварии маблағ баҳри мусаллаҳ намудани Армияи Сурх авҷ гирифт. Колхозчиёни вилояти Тамбов дар муддати ду ҳафта барои сохтмони колоннаи танкҳои «Колхозчиёни Тамбов» 40 миллион сӯм ҷамъ  карданд. Ин иқдоми наҷиби онҳоро дар тамоми СССР, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳам дастгирӣ карда, барои сохтмони колоннаи танки «Колхозчиёни Тоҷикистон» ба фонди мудофиаи СССР 61 миллион сӯм ҷамъ карда, супориданд.

Ҳамчунин мардуми тоҷик 307 ҳазор пуд гандум ҷамъоварӣ намуда, ба воситаи ҷамъияти матлубот ба давлат дод. Илова бар ин, давоми моҳи январи соли 1943 боз 14 миллион сӯм ба фонди мудофиа ва 62 ҳазор пуд гандум, 13055 пуд гӯшт ва либосҳои гарм низ ҷамъ шуда, ба фронт фиристониданд.

Кас ба андеша меравад, ки шояд танки ёдгории майдони Ғалаба аз коллонаи танки «Колхозчиёни Тоҷикистон» боқӣ монда бошад?

Роҳи ҷангии ин танки таърихӣ аз муҳорибаҳои самти Висла ва Ордер, дар ҳайати яке аз қисмҳои ҳарбии Фронти 2 — и Белоруссия оғоз ёфта, то шаҳри Берлин расидааст. То ҳанӯз нақши тиру снарядҳои душман дар зиреҳи манораи танк дида мешавад.

Танки Т-34 номи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР, генералиссимус Иосиф Виссарионович Сталинро гирифта, рӯҳияи ҷангии  экипажи танкро боз ҳам баланд  бардошта, онҳоро ба корнамоиҳои ҷангӣ рӯҳбаланд мекард.

Баъди хотимаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ин танкро ба воситаи поезд ба шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) оварданд ва онро ба рӯйхати ҳайати Полки танкии Дивизияи пиёдагарди тирандозии 201 таҳти рақами  201 дохил карданд. Танки таърихӣ дар ҳолати хуби техникӣ ва ҷангӣ қарор дошт.

Солҳои 70 — уми асри гузашта дар матбуоти даврӣ аз хусуси ба ҷойи ёдгорӣ мондани танки Т- 34 аҳли зиё ва ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ изҳори ақида намуданд. Ниҳоят, ҳама ба хулосае омаданд, ки танкро дар майдони Ғалаба гузоранд. Ин пешниҳод дар арафаи 50 — солагии Ғалаба бар фашизми Германия (соли 1985) амалӣ шуд. Он рӯзи таърихӣ танки Т-34 ба номи Иосиф Виссарионович Сталин  ҳаракат карда, ба майдон расид ва дар пеши ду монументи 25 — метраи хотиравӣ абадан ҷой гирифт.

Минбаъд, ҳар сол танки таърихӣ таъмиру тармим шуда, зери назорати доимии сардорони Дивизияи 201- и мустақар дар шаҳри Душанбе қарор дошт.

Соли 2002 бахшида ба 67- солагии Рӯзи Ғалаба хизматчиёни ҳарбии Базаи ҳарбии 201- и Федератсияи Россия дар Тоҷикистон танки ёдгориро аз таъмири асосӣ бароварда, изҳор доштанд, ки танки мазкур ҳанӯз дар ҳолати хуби техникӣ ва ҷангӣ қарор дорад.

Солҳои 1998 ё 1999 бо супориши командири баталён подполковник Ильчук танкро бо сӯзишвории дизелӣ таъмин карда, моторашро ба кор дароварданд. Танки Т- 34 ба номи Иосиф Виссарионович Сталин баъди солҳои зиёди хомӯшӣ қаҳрамонона садо баланд кард ва расо се соат бо садои хеш рӯҳи ҷанговарони дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шаҳидшударо бори дигар шод гардонид.

Зикр кардан бамаврид аст, ки  танки Т-34 таърихи пуршарафи ҷангӣ дошта, яке аз силоҳҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангии солҳои 1941- 1945- и Армияи Советӣ, умуман дар сатҳи ҷаҳон эътироф гардида буд. Саҳми ин танк дар озод кардани шаҳрҳои Иттифоқи Советӣ ва хориҷи кишвар бениҳоят бузург аст.

Танки Т-34 соли 1993 аз истифода дар Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия бароварда шуд, аммо ҳанӯз ҳам он чун ёдгорӣ аз замони ҷанг, аз ғалабаҳои бобарори Армияи Советӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941- 1945 ба мо гӯшона  мерасонад, то ки корнамоиҳои падарон ва бобоёнамонро фаромӯш насозем.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»