Чоруми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Кумитаи байналмилалии роҳбарикунандаи Конференсияи байналмилалӣ дар сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор гардид.
Дар он ҷараёни омодагӣ ба Конференсияи байналмилалӣ дар сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки 20-21 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷаласаро вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмат Бобокалонов ифтитоҳ карда, меҳмононро шодбош гуфт.
Сипас, дар назди ҳозирин муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи ташкилии Конференсияи байналмилалии зикршуда Муродалӣ Алимардон суханронӣ карда, аз ҷумла зикр намуд, ки дар Тоҷикистон ба ин чорабинӣ ҳаматарафа омодагӣ гирифта шудааст. Вай ёдовар шуд, ки иқдоми Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбати вусъати ҳамкориҳо барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба об дастгирӣ карда, Ассамблеяи генералии СММ, 20 декабри соли 2010 таҳти рақами 65/154 «Оид ба эълон кардани соли 2013- Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва ҷиҳати тақвияти иқдоми зикршуда 21 декабри соли 2012 «Оид ба баргузории Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» қарор қабул кард. Тибқи қарори ахиран қабулгардида, моҳи августи соли ҷорӣ бо иштироки намояндагони ин созмони бонуфуз ва дигар ташкилотҳои марбутаи ҷаҳонӣ, олимону мутахассисони сатҳи баланд дар пойтахти кишвари мо – шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалӣ дар сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об доир мегардад.
Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин чорабинии ҷаҳонӣ таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов кумитаи ташкилӣ созмон ёфтааст.
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар он мусоидат мекунад, ки конференсияи мазкур самаранок ва дар сатҳи баланд баргузор шавад. Бовар дорем, ки ин чорабинӣ ба таҳкими муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ, рушди шарикӣ ва ҳамкориҳо оид ба масъалаи об такони ҷиддӣ мебахшад, — гуфт дар поёни суханрониаш Муродалӣ Алимардон.
Сипас дар ҷаласа намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев, ҳамраиси Кумитаи байналмилалии роҳбарикунандаи Конференсияи байналмилалӣ аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ Олчей Унвер, ҳамраиси кумитаи мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимов ва дигарон суханронӣ карда, аҳамияти конференсияи қарибулвуқуи Душанберо муҳим арзёбӣ карданд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»