Ба пешвози Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ваҳдати мо дил ба рӯи якдигар во кардан аст

№77-78 (3062-3063) 25.06.2013

Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон хеле азиз ва арзишманд аст.  Баъди нооромиҳо ва кашмакашҳои солҳои аввали истиқлолият ба шарофати хирадпешагию сулҳдӯстии тоҷикон 27 июни соли 1997  Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид ва дар ҳаёти аҳли ҷомеаи кишвар марҳилаи нави бунёдкорӣ оғоз ёфт. Инак, имсол аз ин рӯйдоди таърихӣ шонздаҳ сол сипарӣ гардид. Зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома  муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 1  Кишварзода Абдурашид Гулматшо  аз ин хусус чунин ибрози назар кард:

 

- Таърихи инсоният собит кардааст, ки рушди босуботи ҷомеа ба оромию ҳамдигарфаҳмии аъзои он, қувваҳои сиёсиву фарҳангӣ ва қишрҳои иҷтимоӣ вобаста аст. Маълум аст, ки дар сурати ҳукмфармо гаштани носуботӣ идораи давлатҳо ба сакта дучор гашта, дар натиҷа бесарусомонии иҷтимоӣ фарогири ҷомеа мегардад. Боиси қаноатмандист, ки туфайли заҳматҳои пайгиронаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрвандони кишварамон Ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон  пойдевори устувори худро гузошт. Аз ҳамин ҷост, ки 27 июни соли 1997 дар таърихи навини замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Оре, ин рӯз рӯзи интизорӣ, рӯзи барафрӯзии шуълаи умеду орзуҳои ҳаёти хушу хуррам аст. Дар ин рӯз дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия  миёни ду гурӯҳи ба ҳам мухолиф Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Бо ҳамин марҳилаи нави бунёди давлатдории миллати тоҷик оғоз ёфт. Ин сана оғози бунёдкориву созандагиҳо гардид. Бо имзои ин ҳуҷҷати барои халқи тоҷик муҳим ҷанги шаҳрвандӣ, ки болои миллати фарҳангиву сулҳпешаи мо таҳмил гардида буд, поён ёфт ва аҳли ҷомеа дар фазои сулҳу оромӣ ба эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ оғоз карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар суханрониҳояшон таъкид мекунанд, ки бузургтарин дастоварди миллат дар фарҷоми қарни ХХ дар радифи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  ин бозгашти суботу амнияти кишвар ва ваҳдату ягонагӣ мебошад. Дар ба даст овардани сулҳу ризоияти миллӣ саҳми ҳар ду ҷониб, бахусус сарварони онҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ басо бузург аст.

Ба шарофати Ваҳдат ва истиқлолият дар Тоҷикистон нақшаҳои азими рушду тараққиёт ва ободонӣ тарҳрезӣ карда, баҳри амалӣ гардидани он кори бузург анҷом ёфт. Дар ин замина Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон се вазифаи афзалиятнокро муайян кард:

- истиқлолияти энергетикии мамлакат;

- аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кардани кишвар;

- таъмини амнияти озуқавории кишвар.

Инак, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ, дар доираи иҷрои ин вазифаҳои муҳим корҳои барҷаставу шоён ба анҷом расиданд, ки аз азми қавию саъйи комили роҳбарияти олии кишвар ва мардуми заҳматпешаву ободкори он дарак медиҳад. Вусъати корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун», бунёди Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда — 2», силсиланеругоҳҳои дигар, азнавсозӣ ва сохтмони роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ дар қисматҳои гуногуни Тоҷикистон ва берун гаштан аз бунбасти коммуникатсионӣ, сохтмони нақбҳои Истиқлол, Шаҳристон ва Чормағзак, сохтмони биноҳои замонавӣ, Қасри Миллат, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» ва ғайра аз ҷумлаи дастовардҳои замони истиқлолият аст, ки маҳз ба шарофати сулҳу ваҳдат ба он ноил гардидем. Вақте дар бораи Ваҳдат ва сулҳу оромии кишвар сухан меронем, бешубҳа, хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон пеши назар ҷилвагар мешавад. Ба хизматҳои арзандаи ин марди сулҳовар на танҳо тоҷикону тоҷикистониён, балки сиёсатмадорони ҷаҳонӣ, сарварони кишварҳои хурду бузург низ баҳои баланд медиҳанд. Чунончӣ, Владимир Путин-Президенти Федератсияи Россия  гуфтааст: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои  барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди  сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд.».

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар талоши рушду тараққии Тоҷикистони азиз ва беҳбудии рузгори мардум аст. Чунончӣ, зимни Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазифаи муҳимтарини марҳалаи ҳозира чунин таъкид кард: «Сиёсати давлат дар ин марҳала ба он равона карда мешавад, ки тавассути фаъолияти самараноки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити арзандаи зиндагӣ таъмин карда шавад». Бешубҳа, ба ҳаёт татбиқ намудани нишондодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои оянда ба баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таҳкими волоияти қонун мусоидат мекунад. Барои амалӣ гаштани ин вазифаҳои муҳим дар кишварамон ҳама шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ мавҷуданд.

Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гаштан ва муайян кардани самтҳои асосии фаъолияти дохилӣ ва хориҷии кишвар дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва дигар қонунҳо принсипҳои башардӯстӣ ва фаъолияту зиндагии озодонаи инсонҳо махсус дарҷ гардидааст. Дар ин замина Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намуданд: «Қонун бояд дар навбати аввал инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эътироф ва ҳифз намояд, яъне, барои зиндагии хубу шоистаи афроди ҷомеа, фаъолияти пурсамари ташкилоту корхонаҳои давлативу ғайридавлатӣ, соҳибкорону тоҷирон, пешрафти иқтисодиёти кишвар, сулҳу субот, оромии сиёсӣ шароити мусоид фароҳам орад ва самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаро ҳаматарафа танзим намояд». Бо ибрози ин нукта Президенти кишвар, аз ҷумла дар назди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  вазифа гузошт, ки барои волоияти қонун ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саъю кӯшиши ҷиддӣ намоянд.

Андешаҳоямро мехоҳам бо байти зерини Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб анҷом диҳам, ки фармудааст:

Ваҳдати мо дил ба рӯи якдигар во кардан аст,

Чеҳраҳои офтобиро ба дил ҷо кардан аст.

 Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

«Садои мардум»