Вохӯрии Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Си Си Ю

№60-61 (3045-3046) 21.05.2013

17 майи соли 2013 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  намояндаи  доимии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Си Си Ю ва ҳайати ҳамроҳонашро бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили тарҳрезии ҳамкориҳо миёни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бонки мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев аз таваҷҷуҳи зоҳиркардаи Бонки Осиёии Рушд дар тарҳрезию татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ки дар асоси кӯмакҳои грантӣ пешбинӣ карда мешаванд, қаноатмандӣ карда, зикр сохт, ки бо дарназардошти тафоҳумоти  мавҷуда ҷониби Душанбе омода аст бо муайян намудани доираву самтҳои асосии ҳамкорӣ масъалаҳои аввалиндараҷаи дархӯри ҳаёти хоҷагидории шаҳрро барои таҳияи лоиҳаҳои дахлдор манзури онҳо намояд. Бо ин мақсад тарафҳо гурӯҳҳои кории мутақобиларо мушаххас карданд.

Ҷаноби Си Си Ю зимни мулоқот доир ба омодагиҳои бонк дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, ки феълан барои рушди хоҷагидории шаҳри Душанбе имкони амалишавӣ доранд, ибрози назар намуда, аз пазиройӣ ва масъалагузорию муҳтавои суҳбат бо раиси шаҳр изҳори сипос намуд.

Ш. САИДОВ, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе