Дар шароити феълӣ муносибати одамон дигар шуда, муносиботи бозаргонӣ ба муомилаю муошират низ таъсир расонидааст. Дар ин раванд фиребу дурӯғ барои баъзе ашхос одат гардида, бо ин роҳ мехоҳанд зиндагии хешро пеш баранд. Бинобар ин, вақте бо шахсе дучор меоӣ, ки самимӣ ва ростқавлу меҳрубон аст, рӯҳбаланд мегардӣ.
Одина Талабов аз зумраи ҳамин қабил ашхос аст. Бо ӯ дар яке аз дӯконҳои доруфурӯшии пойтахт вохӯрдам ва аз лаҳзаҳои аввал қабули самимӣ ва муоширати хубаш таваҷҷуҳи маро ба худ кашид. Вай ба ҳар як нафаре, ки вориди дорухона мешуд, бо самимияти хос ва меҳрубонона сухан мегуфт.
-Кӯшиш мекунам, каме ҳам бошад, ба ҳолати рӯҳии мизоҷон таъсир расонам. Табиист, онҳое, ки ба ин ҷо меоянд ё худ беморанд ва ё бемор доранд, онҳоро дард ва хастагии рӯҳӣ маъюс кардааст. Беҳтарин даво барои чунин ашхос, пеш аз ҳама, сухани нек аст,- мегӯяд Одина Талабов.
Оре, сухани нек беҳтарин даво ва аз ҷумлаи амалҳои хайр аст. Одина аз даврони кӯдакӣ дар чунин муҳит тарбия ёфта, ба камол расидааст. Падараш Давлатмад Талабов, ки ҳоло ба синни мубораки 80 даромадааст, ҳаёташро ба касби пуршарафи омӯзгорӣ бахшид ва таълиму тарбияи азизони худу фарзандони дигаронро вазифаи ҷонии хеш қарор дод. Заҳматҳояш бенатиҷа намонданд. Ӯ дар таълимгоҳҳои рақамҳои 4 ва 52-юми ноҳияи Шӯрообод муаллими фанни химия буд ва аксар табибони ҳозиқи ноҳия худро шогирди ин устоди меҳрубон меҳисобанд.
Барои Одина Давлатмад Талабов ҳам падар ва ҳам устод буд. Вай аз қиблагоҳаш илму дониш ва дарси одаму одамгариро омӯхт.
Пас аз хатми мактаби деҳа аввал хизмати Модар-Ватанро анҷом дода, ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) супорид. Таълимгоҳи олиро бо ихтисоси биолог хатм карда, бо табибону гиёҳшиносон пайваст. Ин машғулиятҳоро ҳамроҳ бо касби асосӣ- муаллимиаш анҷом медод. Сипас, барои чуқуртар омӯхтани асрори табиат ва гулу гиёҳҳои шифобахш таҳсилро дар Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе идома дод ва ҳоло дар бахши дорушиносӣ фаъолият дорад.
Одина Талабов шахси бомаърифат аст. Дар баробари касбҳои асосиаш ҳамчунин ба оҳангсозӣ машғул аст. Махсусан най асбоби дӯстдоштааш ба ҳисоб рафта, тавассути он якчанд оҳангҳои марғуб офаридааст. Китобхониро дӯст медораду шеъру ғазалҳои зиёде медонад ва зимни суҳбатҳо гуфторашро бо шоҳбайтҳои Шамси Табрезӣ, Ҳилолӣ, Бедил, Рӯдакӣ, Ҷомӣ ва шоирони муосир пурра мегардонад. Вай ҳамсуҳбати хубест ва боре ҳам мушоҳида накардам, ки асабӣ шуда бошад.
Бо ҳамсуҳбатам роҷеъ ба сабабҳои камтаъсирии давоҳо, афзоиши бемориҳо, омилҳои ин ё он иллат, роҳҳои рафъи онҳо низ суҳбат кардем, ки шарҳи онҳо мавзӯи алоҳида аст.
-Шумо аз санъат ҳам бохабар ҳастед. Имрӯз суруду тарона ва навоҳои рӯҳбахш зиёданд ва ё…?
-Манзуратонро фаҳмидам. Бале, айни ҳол суруду таронаҳои дилхарошу асабвайронкунанда хеле зиёд шудаанд. Чунин ҳолатро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дохили мошинҳо ва маъракаҳо мушоҳида менамоем. Мутаассифона, дар байни мо тақлид ва сурудхониҳои бемаънӣ зиёд аст. Аксар ҷавонон бештар ба чунин санъатҳо майл доранд, аз ҷумла репҳои бемантиқу бемаъниро гӯш мекунанд. Бинобар ин, онҳо дар бисёр ҳолат асабонианду худро дошта наметавонанд. Мусиқии орому таронаҳои пурмаънӣ давои дардҳост. Дар якчанд кишварҳои ҷаҳон барои илоҷи баъзе дардҳо имрӯз аз мусиқитерапия истифода мебаранд. Мо низ бояд ин усулро истифода барем.
Одина Талабов худро хушбахт меҳисобад, ки Худованд ба ӯ аз баҳри беканори маърифат қатраҳоеро насиб гардонидааст ва оилаи хубу тифоқ низ дорад. Ҳамсараш Мавлуда Нуралиева омӯзгор аст. Писари калонии онҳо Умедҷон Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм карда, дар яке аз бахшҳои соҳаи тандурустӣ кор мекунад. Писари дуюмашон Эраҷ донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмумин Раҳимов аст. Духтарашон Парвина дар синфи 11 мехонад. Падару модар фарзандонро дар рӯҳияи илмомӯзӣ ва одобу ахлоқи ҳамида тарбия кардаанд.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»