Электромотороллерҳо ба ВМКБ низ дастрас шуданд

№104 (4844) 28.08.2024

МОТОР мАШХУБо мақсади ҳифзи муҳити зист ва пешгирии хурӯҷи бемориҳои сироятӣ аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳафт электромотороллер дастрас шуд.

Дар маросими тақдими техникаи нав ба масъулини шаҳру ноҳияҳо раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот иқдомро идомаи мантиқии дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номид.

Масъулини шаҳру ноҳияҳо низ аз ин дастгириҳои рӯзафзун ҳарф зада, ба Роҳбари давлат миннатдорӣ намуданд. Ба қавли масъулин дастрас намудани чунин воситаҳои нақлиёт ояндаи наздик низ дар назар аст.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»