-мегӯянд сокинони вилояти Суғд
Баъди хондани гузориши муфассал аз ҷараёни ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум (рӯзномаи «Садои мардум», аз 10 декабри соли 2015 таҳти №168-170) маълум шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» якдилона қабул гардидааст. Ин ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни сокинони вилояти Суғд ҳамовозӣ ва дастгирии гарму самимиро ба вуҷуд овард. Дар робита ба ин хабарнигори «Садои мардум» бо чанд тан аз сокинони вилоят ҳамсуҳбат шуд.
Мирзо ОЛИМОВ — раиси Шӯрои Иттифоқи собиқадорони ҷанги Афғонистони шаҳри Истаравшан:
- Ҳамчун иштирокчии ҷанги Афғонистон ва муҳофизи сохти конститутсионии кишвари азизам ман бадбахтиҳои ба сари мардуми мо овардаи ҷанги шаҳрвандиро бо чашми худ дидаам ва шоҳиди он будам, ки чӣ гуна Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон барои ба эътидол овардани вазъи буҳронии кишвар, таъмини амнияти мардум ва истиқрори сулҳ дар Ватани азизамон — Тоҷикистон ҷонбозиҳо ва талошҳои шабонарӯзӣ мекарданд. Сарвари давлат мамлакати моро, ки қариб ба нобудӣ расида буд, аз вартаи ҳалокат раҳонида, ба дили мардуме, ки ба ояндаи худ чандон боварӣ надошт, шуълаи умед барафрӯхта, дубора меҳри зиндагӣ ва ҳаёти осудаву оромро ҷой намуданд. Ба шарофати ҷонбозиҳои Пешвои миллат, дар ҳақиқат, мо соҳибдавлат гаштем, Тоҷикистонро тамоми дунё шинохт, Парчами давлатӣ дар Тоҷикистон барафрохта шуд. Соҳибтамаддун будани тоҷиконро мардуми дунё эътироф намуд, аввалин маротиба аз минбари Созмони Милали Муттаҳид забони тоҷикӣ садо дод.
Мо ҳамеша ҷонибдори сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллатамон ҳастем ва барои таъмини амният ва барқарории сулҳу амонӣ дар кишвар амру супоришҳои ин марди бузургро собитқадамона иҷро менамоем. Намегузорем, ки нохалафе вазъи ороми ҷумҳурии моро халалдор созад ва монеае дар роҳи пешрафти ҳамаҷонибаи мардуму Ватани мо эҷод кунад.
Абдумавлон АЗИМОВ — номзади илми иқтисод, дотсенти Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон:
- Пешвои миллат будани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеияти таърихӣ мебошад. Эмомалӣ Раҳмон дар оғӯши Ватану миллат бо дуову дастгирии мардум сабзида, мавриди эътирофу эътибор қарор гирифтааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияте Сарвари давлати тоҷикон интихоб шуд, ки кишвар дар оташи ҷанг месӯхт ва бархе аз «дӯстон» Тоҷикистонро ба гирдоби нобудӣ ҳавола карда, мехостанд номашро аз харитаи сиёсии ҷаҳон пок намоянд. Хушбахтона, ба шарофати ақлу хиради азалии ин шахсияти бузург, давлатдории миллии тоҷикон барқарор шуд.
Зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон низоми бисёрҳизбӣ, гуногунфикрии сиёсӣ ташаккул ёфт, ҳуқуқи зан дар ҷомеа боло бурда шуд, баробарҳуқуқии зану мард таъмин гардид. Имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти Тоҷикистон занон нақши сазовори худро доранд.
Тавассути фидокориҳои ин марди фарзона роҳҳо, нақбҳо ва пулҳо бунёд шуданд, ки ҳамчун рагҳои хунгарди як пайкари зинда кишвари моро ба як кишвари воҳид ва миллати моро ба як миллати воҳид табдил доданд.
Ба амал баровардани ислоҳоти иқтисодӣ, гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва тавассути он ба вуҷуд овардани бахши хусусӣ, дар соҳаи кишоварзӣ аз сохти хоҷагидории куҳна ба тарзи нави хоҷагидорӣ гузаштан аз ҷумлаи дастовардҳое мебошанд, ки барои ташаккули тафаккури ягонаи миллӣ нақши ҷиддӣ мебозанд. Аз ин рӯ, мардуми Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ба як наҷотбахши давлат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳангу анъанаҳои миллӣ ва меъмори давлатдории навини тоҷикон менигаранд ва аз ӯ ифтихор доранд. Пешвои миллати тоҷик эътироф шудани ин фарзанди фарзонаи Тоҷикистонро сокинони вилояти Суғд ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.
Ҳоҷӣ Бозорбой Аброров- сармутахассиси Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Шаҳристон:
- Имрӯз кишвари азизи мо барҳақ ба хонаи умеди халқи Тоҷикистон ва ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзӣ табдил ёфтааст. Ин нуктаро ҳузуру иштироки фаъолонаи намояндагони воломақоми давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанги мо — Эрону Афғонистон ва аҳли илму фарҳанг аз кишварҳои зиёди Шарқу Ғарб дар ҷашнҳои гуногуни кишвар собит сохт. Воқеан, ин ҷашнҳо — чорабиниҳои бошукӯҳи гиромидошти таъриху фарҳанги бостонии ниёгон, аз қабили «Ҳазораи «Шоҳнома»- и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, 1100 — солагии давлати Сомониён, 2500- солагии Истаравшани бостонӣ, 2700 — солагии Кӯлоб, сеҳазорсолагии Ҳисори шодмон ва бисёр дигар тантанаҳо буданд, ки бедориву худшиносӣ ва муттаҳидии мардумро таъмин намуданд.
Ҳанӯз 13 сол муқаддам, дар рӯзҳои таҷлили 11- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Анҷумани тоҷикони ҷаҳон, ки дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, иштирокдорон ба қудрати сулҳофарии Сарвари давлатамон баҳои баланд дода буданд. Донишманде бо номи Валии Бадахшонӣ аз Ҷумҳурии Исломии Покистон як байти Хоҷа Ҳофиз:
Сухандониву хушхонӣ намеварзанд дар Шероз,
Биё, Ҳофиз, ки мо худро ба мулки дигар андозем
-ро мисол оварда, гуфта буд: «Ҳофиз орзу дошт, ки дар ягон кишвари ҷаҳон Анҷумане бошад барои тараққии адабиёти форсӣ — тоҷикӣ ва сухандониву суханронӣ, вале ин орзуи Ҳофизи Шерозӣ тӯли зиёда аз 800 сол амалӣ нашуд. Ин орзуро Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз чандин садсола амалӣ намуд. Созмон ёфтани «Пайванд» — и дилҳои Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ воқеаест, ки қобили тақдир аст. Ҷаноби Президент оштии миллӣ ва Сулҳи миллиро ба миён овард, ки он сабаби пешрафту тараққии кишвараш гардид. Дар муддати бисёр кам Тоҷикистон ба пешрафту дигаргуниҳо ноил шуд. Ин намунаи ибрат ба ҷаҳониён аст. Мо ифтихор аз он мекунем, ки намояндагони 19 давлати дунё, форсизабонони ҷаҳон Ҷаноби Олӣ, Президенти Тоҷикистонро ба ҳайси раисии раёсати ин созмон баргузиданд».
Яъне, тоҷикони бурунмарзӣ ва форсизабонони ҷаҳон кайҳо Президенти мо Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Пешвои тамоми тоҷикон ва форсизабонон медонанд ва мешиносанд.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»