Машғули тамошои кинои «Ҳазрати Юсуф» будам. Ҷиянам, ки донишҷӯ асту дар хонаи ман зиндагӣ мекунад, гуфт: — «Хола, фикри Эшони Нуриддинҷонро гӯш кун, дар сомонаи интернетӣ чӣ мегӯяд: «Ҷашн гирифтани «Рӯзи Модар» дар 8-уми март аз нигоҳи ислом ноҷоиз аст».
Лаҳзае, ки ҷиянам ин хабарро мегуфт, дар филми ҳазрати Юсуф коҳинони маъбади Омунро барои хурофоти бар сари мардум боркардаашон муҳокимаву сарзаниш мекард. Ин таърихи чандҳазорсоларо бо имрӯзи баъзеҳо қиёс мекунаму …
Ба фикр ғӯтавар шудам ва мехостам назди эшони Нуриддин бошаму бипурсамаш, ки оё зиёдаравиҳо дар маъракаҳои тӯю мотами мардум, ки хилофи исломанд, мумкину ҷашн гирифтани «Рӯзи Модар», ки сарчашмаи ҳастиву зиндагии инсоният аст, не?!
Баҳри мақоми пешнамозӣ дар ҷанозаҳои мардум, ки сабаби аслиаш боз ҳамон нафси саркаш аст, шӯру валвала андохтан, мурдаро монда, тут хӯрдан ҷоиз будаасту таҷлили як рӯзе барои модари хеш, бигузор, расму русуми касе набошад, лоиқ нест?!
Аҷабам меояд, эшони Нуриддин нисбати чандин нафарони ба ном тақводор, аъзои як ҳизби исломӣ, ки дар масҷидҳо намозгузорӣ намуда, баъдан ба таҷовузи наврасони ноболиғ даст мезананд, ба номи исломи азиз иснод меоваранд, боре садо баланд накардааст, вале як рӯзи баҳориро, ки барои занон – модарон ҳадя шудааст, таҳаммул карда наметавонад.
Аз ҳама ташвишовар он аст, ки имрӯз фарзандони мусулмони Тоҷикистон силоҳе дар дасти қудратҳои ба бозиҳои геополитикӣ машғул гаштаю зери ливои ҳаракату созмонҳои мухталифи иртиҷоӣ даст ба қатли ҳазорҳо ҳамдинони бегуноҳи худ бардоштаанд, вале эшони Нуриддину дигар ходимони динии ҷумҳурӣ дар ин бора ҳарфе ба забон намеоранд. Онҳо намефаҳмонанд, ки куштани инсони бегуноҳ ҳаргиз ҷиҳод набудаву нест.
Модар маъбуде нест, ки фарзанд танҳо дар рӯзи 8-уми март ёдаш кунад. Ҳар як инсони асил дар ҳар нафас аз модар ёд мекунаду шукргузорӣ. Ба пои писар хоре халад, «очаҷон» мегӯяд, сарашро дарде тазйиқ диҳад, номи Худову модарро ба забон меорад. Имрӯз ба ҷойи он ки эшони Нуриддин ва пайравонаш фатвоҳои зинадагисозу умедбахшро ба мардум шарҳу тавзеҳ диҳанд, баръакс, фармудаҳои бузургонро аз равзанаи танги андешаи худ ҷониби ҷомеа ҳавола мекунанд. Чаро ҳаргиз ба муқобили низоангезӣ дар ҷомеа, дар бахши хурофотпарастиву зери ниқоби ислом фаъолияти доштани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ фатво пеш намеоранд?
Он чӣ ки шумо мегӯед, ҳама бе ҳадису бе фатво медонанд, ки ин амалҳо хоси шайтони раҷиманд, аммо боре дар баррасии ин масоил сар боло намекунеду ҷашни «Рӯзи Модар»-ро нолоиқ мешуморед.
Он ҷашне, ки шумо – эшони Нуриддин ва надимонатон мегӯед, «Рӯзи озодии занон» ном дошт, ки таҷлилаш ҳам ҳеҷ бадие надошт. Шахсан шумо барои қадршиносиву ёд кардани бузургдоште баҳонаҳои бисёре эҷод мекунеду сарҷамъ мешавед, ки ин ҷамъомадҳоятон на фатво доранду на ҳадис. Агар чунин нест, чаро имрӯз дар фазои сулҳу осоиштагӣ, пешравии ҳама соҳаҳои рӯзгори Ватани азиз, дар ҳошияи шукргузориву сипосмандӣ амри маъруф намекунед ва ҳадису фатво намеоред? Ё барои ангехтани шӯру низои ҷомеа баҳонаи дигаре намондааст, ки ба ҷашни «Рӯзи Модар» часпидаед?!
Айб аст, айб, эшони Нуриддинҷон!
Назокат Маҳмадова, нафақахӯр, собиқ омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик