Давоми соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо сокинони маҳалҳо рӯи дарёи Яхсӯи назди деҳаи Санги Ғури деҳоти ба номи Лоҳутӣ ва дарёи Обимазори деҳаи Токаки деҳоти «Сариосиё»- и ноҳияи Ховалинг ду пули мошингард бо дарозии 127-130 метр бунёд гардид, ки масъулони ноҳия ин иқдоми хайрро эҳё ва дастгирии ташаббуси усто Ғуломи созтарошу дуторнавози машҳур медонанд.
Навоҳии кӯҳистон табиати рангину хос доранд. Ин қисмати диёрамон баробари зебову дилфиреб будан ва доштани манзараҳои диданибоб, инчунин бо дарназардошти муҳити ҷуғрофию релефи мураккаб мувоҷеҳи як силсила мушкилотеанд, ки набудани пулу роҳҳо аз ҷумлаи онҳост. Ин ҳолат сокинони ноҳияи кӯҳистони Ховалингро, ки дорои ду дарёи паҳнбар аст, дар ҳама давру замон думболагир буд. Масалан, имрӯз деҳоти дурдасти «Шукноб»- ро ба маркази ноҳия беш аз даҳ пули оҳанини дар замони шӯравӣ бунёдгашта пайваст менамояд, ки қисмате аз онҳо бо гузашти вақт таъмирталаб шудаанд. Иқлими ноҳия ҳамеша мардуми онро водор менамуд, ки қисмате аз ин мушкилотро якҷо бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ва ё бо қувваи хеш ҳал намоянд.Чунончӣ, дар охири солҳои 80- уми асри гузашта усто Ғуломи созтарошу дуторнавоз рӯи дарёи паҳнбари Обимазор аз ҳисоби пасандози худ бо дарозии 38 метр кӯпруке бунёд намуда буд, ки тӯли се даҳсола ба сокинони деҳаи Токаки деҳоти «Сариосиё» хизмат кард.
Баъди оғози таҷдиди роҳи Восеъ — Ховалинг бо ташаббуси Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва ба ноҳия раис таъин шудани Нурулло Мирзозода ташаббуси кӯпруксозии Усто Ғулом зиндаву эҳё гашт. Ин ташаббуси нек дар навбати аввал аз ҷониби сокинони маҳаллаҳои ба роҳу кӯпрукҳо ниёздошта ҳамовозию дастгирӣ ёфт. Имсол дар рӯзи таҷлили Иди Наврӯз, бо дастгирии раиси ноҳия ва саҳми сокинони деҳаи Санги Ғури деҳоти ба номи Лоҳутӣ рӯи дарёи Яхсӯ кӯпруки 127- метраи овезон бунёд шуд. Аксари корҳои сохтмонии кӯпруки мазкур, ки иқтидори борбардориаш даҳ тоннаро ташкил менамояд, бо усули ҳашар ба анҷом расид.
Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани кӯпруки деҳаи Санги Ғур ҳамдеҳагони усто Ғуломи ҳунарманд пайи азнавсозии кӯпруки осебдидаи устои машҳур шуданд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ҷаҳду талоши сокинони деҳаи Токаку Даҳанишолро оид ба азнавсозии кӯпруки усто Ғулом дастгирӣ намуда, баҳри саривақту босифат ба анҷом ёфтани корҳо маблағ ҷудо намуд. Азнавсозии кӯпрук, ки дар он ҳамагӣ 1,2 миллион сомонӣ ва усули ҳашар истифода гардид, бомуваффақият ба анҷом расид ва кӯпрук дар арафаи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Баъди азнавсозӣ дарозии кӯпрук 130 метрро ташкил дод ва тариқи он автомобилҳои сабукрав бемалол равуо карда метавонанд.
- Ҷамъомад ба муносибати ба истифода додани кӯпруки таҷдидгаштаи деҳаи Токак бисёр бошукӯҳ баргузор гардид. Аз хурд то бузурги деҳа суруд хонда, шодӣ мекарданд, вале сад афсӯс, ки бидуни иштироки бобои усто Ғуломи ҳунарпешаи саховатманд, зеро айни ҳол ин марди шинохта бо иллати заъфи пирӣ дар бистари беморӣ қарор дорад,- мегӯяд роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Шарифҷон Ҳисайнов.
Ёдовар мешавем, ки усто Ғулом Қодирови созтарошу овозхон, ҳунарманде буд, ки бо садои хуши дутори ӯ ҳатто ҳамон хӯсаи бузаки ҷингилапойи аз чӯб тарошидааш бо сад усулу нағма ба рақс медаромад. Ин ихтирои ҳунарии ӯ бо диплому мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ гаштааст. Яке аз ин мукофотҳои олӣ «Табарчаи тиллоӣ»- ест, ки соли 1978 дастаи тарона ва рақси «Чашма»-и собиқ колхози овозадори ба номи Ленини ноҳияи Восеъ дар кишвари Полша соҳиб гардида буд.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»