Ноиби мудири кулли минтақавӣ дар Шарқи наздик, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Туркия, Афғонистон ва Покистон Ҳела Шайхруҳӣ 7 — 9 ноябри соли ҷорӣ аз Тоҷикистон дидан намуд.
Дар ҳошияи ин сафар, Шайхруҳӣ бо мақомоти баландпояи ҳукумат, шарикони рушд ва намояндагони бахши хусусӣ ҷиҳати тавсеаи фаъолияти IFC дар кишвар ва ҷалби сармояи иловагӣ ба бахшҳои асосии иқтисод гуфтугӯ анҷом дод.
Вохӯриҳо қисме аз талошҳои IFC барои дастгирии рушди бахши хусусӣ ва кӯмак ба тиҷорат дар ҳалли мушкилоти гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла таъсири пандемияи COVID-19 мебошанд.
-IFC мекӯшад, барномаи ислоҳоти стратегии Ҳукумати Тоҷикистонро барои бунёди иқтисоди бозорӣ, ки ба рушди содирот нигаронида шудаст, дастгирӣ намояд ва дар эҷоди ҷойҳои кор, ноил шудан ба пешрафти устувори дарозмуддат саҳм дошта бошад,- зикр кард номбурда.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки IFC, узви Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, бузургтарин созмони байналмилалии рушд буда, ба бахши хусусии кишварҳои дорои бозорҳои рӯ ба инкишоф таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.Он бо истифода аз сармоя, дониш ва таҷрибаи амалӣ дар зиёда аз 100 кишвари дунё лоиҳаҳоро амалӣ намуда, барои фароҳам овардани бозорҳо ва имкониятҳои нав барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ заминагузорӣ менамояд.
Дар соли молиявии 2022 IFC барои ширкатҳои хусусӣ ва муассисаҳои молиявии кишварҳои рӯ ба тараққӣ 32,8 миллиард доллар ҷудо кардааст, то тавоноии бахши хусусӣ барои хотима додан ба камбизоатии шадидро беҳтар сохта, баҳри бартараф кардани оқибатҳои буҳрони бисёрҷанбаи ҷаҳонӣ ва мусоидат дар рушди муштарак саҳм дошта бошад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»