Ҳамасола бар асари офатҳои табиӣ, бахусус бориши жола, майдонҳои васеи кишт дар ҷумҳурӣ зарар мебинанд. Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ то 30 маротиба боришоти жола ба қайд гирифта мешавад. Бо мақсади бартараф намудани паёмади ҳодисоти табиӣ ва такмили сохтори ин Кумита чор сол муқаддам «Барномаи рушди соҳаи ҳолатҳои фавкулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2014» мавриди амал қарор гирифт. Вобаста ба ин ва дигар самтҳои фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фав-қулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабарнигорамон бо Раиси он, генерал-полковник Хайриддин Абдураҳимов ҳамсуҳбат шуд.
- Иҷрои «Барномаи рушди соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2014», ки аз роҳандозиаш чор сол сипарӣ гардид, то кадом андоза босамар буд ва он ба таҳким ёфтани иқтидори мудофиавии Кумита чӣ гуна мусоидат кард?
- Бо мақсади рушд ва ташаккули минбаъдаи соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ҳамаҷониба пурқувват гардонидани он, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008 таҳти №527 Барномаи мазкур тасдиқ ва мавриди иҷро қарор дода шуд. Дар ин муддат Кумита иҷрои талаботи Барномаро баҳри такмили сохтори идоракунӣ ва заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа, баланд бардоштани малакаи касбӣ ва истифодаи самараноки иқтидори кадрӣ, густариши ҳамкориҳо бо мақомоти ҳолатҳои фавқулоддаи дигар давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, мустаҳкам намудани базаи моддӣ-техникӣ ва таълимӣ равона намуд. Аз ҷумла бо истифода аз таҷрибаи мақомоти ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин сохторҳои қудратии кишвар намунаи сохтори ташкилии раёсатҳои Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохторӣ таҳия гардида, ба як қатор масъалаҳои муҳими мудофиаи гражданӣ такони хубе бахшида шуд. Бо дастгирии Созмони байналмилалии муҳоҷират ва кӯмаки молиявии Ҳукумати Ҷопон «Маркази амалиётӣ» ташкил ва бо таҷҳизоти замонавӣ, алоқаи видеоӣ, маҳворавӣ, интернетӣ, алоқаи телефонӣ таҷҳизонида шуда, ба шабакаи ягонаи иттилоотӣ пайваст гардид. Ҳамчунин дар Кумита таҷҳизоту техникаи ҳозиразамони алоқа васл шудааст.
Қобили зикр аст, ки дар доираи иҷрои Барнома як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идоракунии хатари офатҳо барои солҳои 2010-2011» ва «Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хатари офатҳо», ки самтҳои муҳими соҳаро ба танзим дароварда, ба рушди минбаъдаи он мусоидат мекунанд, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд.
- Чанде пеш Хадамоти зидди жола ба зерсохтори Кумита табдил ёфт. Бо истифода аз таҷрибаи дигар кишварҳо, марказҳои огоҳсозӣ ва рафъи оқибати ҳолатҳои фавқулодда, ба монанди хадамоти жола, сухторнишонӣ, обуҳавошиносӣ, муҳофизат аз сел зери як сохтор муттаҳид гаштаанд. Оё дар сохтори Кумита низ чунин тағйирот ба амал омадааст?
-Татбиқи ҷараёни Барномаи номбурда дар самти такмилу ташаккули сохтори идоракунии соҳа маҳз дар соли 2012 бо гузаронидани Сарраёсати таъсиррасонии фаъол ба ҷараёнҳои метеорологии Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ ба сохтори Кумита оғоз гардид. Ҳамасола дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ то 30 маротиба боришоти жола ба қайд гирифта мешавад, ки бар асари он, бахусус зироати кишоварзӣ, зарари зиёд мебинад. Соли ҷорӣ аз ҷониби сохтори Хадамоти зидди жола бо мақсади пурсамар иҷро намудани корҳои мавсимӣ барои ҳаматарафа омода сохтани таҷҳизоти мушакпарронӣ чораҳои мушаххас андешида шудаанд. Таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ собит месозад, ки чорабинии мазкурро аз ҳисоби муттаҳид сохтани ин хадамоту идораҳое, ки фаъолияташон дар самти пешгӯӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда алоқаманд аст, ҳал кардан мувофиқи мақсад аст.
- Ҳолати дастаҳои мушакпарронӣ дар кадом сатҳ қарор доранд?
- Бо мақсади пешгирӣ намудани хисорот вобаста ба чунин офатҳо шаш дастаи зидди жола бо дастаҳои мушакпарронӣ, стансияҳои радиолокатсионӣ ва дастгоҳҳои мушакпарронӣ омодаанд, ки майдони 585 ҳазор гектар заминро таҳти назорат гиранд. Имкониятҳои ин хадамот айни ҳол ҳаматарафа санҷида шуда, дар оянда шояд доираи фаъолияти он аз ҳисоби зиёд намудани дастаҳои зидди жола васеътар гардад.
- Дар бештари ҳолат сар задани офатҳои фалокатбори табиӣ дақиқ пешбининашаванда аст. Оё Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ барои сабук намудани фаъолияти кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмак мекунад?
- Кумита ба ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба пешгӯйӣ ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои фавқулодда диққати махсус медиҳад ва яке аз чораҳои пешгирикунандаи ҳодисаҳои фоҷиабор қаблан огоҳ намудани мақомоти дахлдор ва аҳолӣ ҳисоб меёбад. Масалан, давоми соли 2012-ум 55 барқияи огаҳӣ ва дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 12 барқияи огаҳӣ оид ба эҳтимолияти номусоидии вазъи обу ҳаво, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳолатҳои фавқулодда тариқи воҳидҳои сохтории дар маҳалҳо ҷойгирбудаи Кумита ба мақомоти дахлдор расонида шуд.
- Ба маълумоти Кумита бештар аз 90 фоизи қаламрави кишвар бо хатари ҳаводиси табиӣ рӯ ба рӯст. Ҳолатҳое ба миён меоянд, ки дар минтақаҳои кӯҳсор ва душворгузар ҳодисаҳои зиёди табиӣ ба вуқӯъ мепайванданд. Дар чунин ҳолат кори гурӯҳи наҷотдиҳандагон то куҷо фаврӣ ва ҳадафманд сурат мегирад?
-Вазифаи аввалиндараҷаи роҳбарияти Кумита фароҳам овардани шароит барои баланд бардоштани сатҳи касбият, донишу малака ва маҳорати касбии ҳайати шахсӣ мебошад, зеро ҳар як корманди Кумита дар кадом вазифае адои хизмат кунад, қабл аз ҳама, ӯ наҷотдиҳанда аст. Дастаҳои наҷотдиҳӣ, ки мунтазам ба корҳои садамавию кофтуковӣ машғуланд, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар ҳама гуна вазъият аз уҳдаи иҷрои вазифа бароянд. Мисолҳо дар ин бора зиёданд, аммо бояд иқрор шуд, ки таҷҳизоту лавозимот, алалхусус техникаи мавҷуда, дар баъзе ҳолатҳо нокифоя мебошад. Сарфи назар аз ин, илоҷи воқеа ҳама вақт мавҷуд аст. Қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сеюми майи соли 2010 таҳти №233 «Дар бораи тартиби ҷалб намудани корхонаҳои авиатсионӣ ба гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ, таъмини корҳои ҷустуҷуӣ ва садамавию наҷотдиҳии парвоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» хеле муҳиму саривақтӣ аст. Яъне, вобаста ба вазъият, тибқи ин қарор Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки баҳри наҷоти одамони ба фалокат дучоргардида чархбол ҷудо намояд.
Бояд зикр кард, ки дар соли 2012 бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 5 млн. сомонӣ ҷудо шуда буд, ки аз ин ҳисоб ду автомашинаи махсуси калонҳаҷм бо таҷҳизот ва лавозимоти садамавӣ-наҷотдиҳӣ, аз ҷумла техникаи ғаввосӣ таҷҳизонидашуда, ки барои манотиқи кӯҳӣ махсус гардонида шуданд, харидорӣ ва мавриди истифода қарор доранд. Бо ташаббуси Кумита ва дастгирии молиявии ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, ҷиҳати муҷаҳҳазгардонии дастаҳои наҷотдиҳӣ дар минтақаҳо, зиёда аз 30 номгуй таҷҳизоту лавозимоти махсуси наҷотдиҳӣ харидорӣ ва ба Ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва минтақаи Кӯлоб супорида шуданд. Инчунин аз ҳисоби маблағҳои буҷети Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ду автомашинаи махсуси садамавӣ-наҷотдиҳӣ бо 40 номгуй воситаҳо ва таҷҳизоти ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй ба маблағи 611 ҳазору 150 сомонӣ харидорӣ ва ба Дастаи зудамали наҷотдиҳии ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе супорида шуд. Умуман, бояд зикр кард, ки аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва шуруъ аз соли ҷорӣ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри бо техника ва таҷҳизоти махсус таъмин намудани хадамоти наҷотдиҳӣ маблағи зарурӣ пешбинӣ мешавад. Боварии комил аст, ки вобаста ба имкониятҳои моддию молиявӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баҳри ҳалли ин масъалаҳо чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»