Фаъолияти «Гурӯҳи 24» манъ шуд

№118-119 (3264-3265) 11.10.2014

Нуҳуми октябри соли равон дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мурофиаи судӣ баргузор гардид, ки дар он  ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкилоти экстремистӣ ва ғайриқонунӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда эътироф гардидани  ҳаракати ҷамъиятии «Гурӯҳи 24», аз ҷониби судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломат Ҳакимова қироат карда шуд.  Мувофиқи ин ҳалнома минбаъд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти «Гурӯҳи 24», сомонаҳои интернетии он чун воситаҳои ахбори омма, воридот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳудуди он паҳн, истеҳсол, чопу нашр намудани адабиёту варақаҳо, аудио ва видеосабтҳои он  манъ гардидааст. Бояд гуфт, ки Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аризаи даъвоӣ аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб карда буд, ки фаъолияти  ҳаракати ҷамъиятии «Гурӯҳи 24»  ба манфиати сохти конститутсионӣ ва амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шавад. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи даъвоии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонеъ гардонид.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»