Солҳои 90-уми қарни гузашта дар натиҷаи ба касодӣ ва инқироз дучор шудани ҷомеаи сотсиалистӣ Давлати Шӯравӣ барҳам хӯрд ва ҷумҳуриҳои иттифоқӣ паҳну парешон шуда, қисме ба сохтмони давлатдории мустақили навин машғул ва қисме ба кашмакашиҳои сиёсию муборизаҳои гурӯҳҳои ифротгаро дучор шуданд.
Системаи ягонаи хоҷагидорӣ, бонкдорӣ, суғуртавии ҷумҳуриҳо низ аз байн рафт ва давраи гузариш ба муносибатҳои нави иқтисодию бозоргонӣ оғоз ёфт. Аз ҷумла, Сарраёсати суғуртаи давлатии ҷумҳурӣ, ки дар сохтори Вазорати молияи Иттиҳоди Шӯравӣ амал мекард, низ фаъолияташро тағйир дод. Кормандони ботаҷрибаи соҳа ба сохторҳои гуногуни хоҷагии халқ гузаштанд. Раванди ташкилшавии ташкилотҳои суғуртавии мустақил оғоз ёфт.
Ин буд, ки мутахассисони ботаҷрибаи соҳа, аз қабили шодравон Бобоҷон Олимов (ихтисосаш меъмор), Шарифҷон Исҳоқов (сардори Идораи суғуртаи н.Октябри ш.Душанбе, ҳоло ноҳияи Исмоили Сомонии ш.Душанбе), Ҷӯрабек Ҷӯраев (корманди ҳамин соҳа), Исматулло Холниёзов (сардори Шуъбаи ҳуқуқи Сарраёсати суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва чанд тани дигар ба бунёди ташкилоти суғуртавии «Муин» асос гузоштанд.
Бо пешниҳоди шодравон Б.Олимов номи ташкилоти суғуртавиро якдилона «Муин» монданд, ки калимаи тоҷикӣ буда, маънояш «мададгор, ёридиҳанда, кумакрасон, ғамхор» мебошад. Тайи 30 соли фаъолият кормандони он кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сазовори номи ташкилот бошанд.
Баъдан дар равнақу ривоҷи фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ кормандони гуногунсоҳаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла Алибой Қурбонов, Иброҳим Шукуров, Исмат Баҳромов, Тоҳир Дадоҷонов, Илёс Маҳмудов, Акмалҷон Ҳотамов, Шаҳноза Исҳоқова, Зумрад Ҷӯраева, Шероз Исҳоқов, Гулмира Норматова, Муҳаррама Раҳмонова, Гулчеҳра Гулмамадова ва дигарон ҳисса гузоштанд.
Дуюми майи соли равон аз оғози ташкилшавӣ ва фаъолияти он 30 сол пур мешавад ва роҳбарии фаъолияти онро Ҳоҷӣ Шарифҷон Исҳоқов ва муовини ӯ Ҳоҷӣ Ҷӯрабек Ҷӯраев ба уҳда доранд, ки ҳар кадоме мутаносибан таҷрибаи зиёда аз 50 ва 35 — солаи кор дар соҳаро дошта, баҳри рушди корхона ҳиссаи арзанда гузошта истодаанд.
Дар ин давра ташкилоти мазкур фаъолиятро бо риояи ҳатмии қонунгузории амалкунанда, ҳамкории баробарҳуқуқ ва судманд, масъулияти баланди иҷрои уҳдадориҳои шартномавии суғуртавӣ ба роҳ монда, дар бозори суғуртаи ҷумҳурӣ мавқеи хос ёфтааст. Тайи ин солҳо ҳазорҳо шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои гуногунсоҳа аз хизматрасонии суғуртавии «Муин» бархӯрдор шудаанд.
Бояд гуфт, ки соҳаи суғурта ё дар баъзе ҳолатҳо «бима» ҳам ном мебаранд, солҳои пешин новобаста ба рекламаву ташвиқу тарғиботи густурда на он қадар маъмул буд.
Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳатто қонуни соҳавӣ мавҷуд набуда, муносибатҳои ҳуқуқии субъектҳои бо суғурта фарогирифташуда тибқи Кодекси гражданӣ, қоидаҳову дастурамалҳо ҳаллу фасл меёфтанд. Бинобар ин, лозим омад, ки, пеш аз ҳама, заминаи ҳуқуқии фаъолияти суғуртавӣ таҷдиди назар карда шавад.
Дар натиҷа, ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати пайгиронаву оқилонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ», «Дар бораи суғуртаи тиббӣ», «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ таҳия, қабул ва ҷонибдорӣ гардиданд, ки ба тавсеаи фаъолияти суғуртавӣ таҳрик бахшиданд.
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2016 таҳти №408 «Дар бораи масъалаи Хадамоти давлатии назорати суғуртавӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2017 таҳти №857 «Дар бораи ба Бонки миллии Тоҷикистон вогузор кардани ваколати назорати суғуртавӣ» Идораи назорати суғуртавӣ ҳамчун воҳиди таркибии БМТ таъсис дода шуд. Он фаъолияти суғуртавиро дар ҷумҳурӣ назорат, танзим ва рушди самараноки хизматрасонии суғуртавӣ, ҳимояи манфиатҳои қонунии суғурташавандагон ва давлатро таъмин менамояд.
Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон низ фаъолият дорад, ки барои бо низоми муайяни ҳуқуқӣ фаъолият кардани ташкилотҳои суғуртавӣ мусоидат менамояд. Зимнан, соҳаи суғурта аз дигар соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла иқтисодиёт ва молияю бонкдорӣ, ба куллӣ фарқ мекунад. Айни замон дар ҷумҳурӣ 19 ташкилоти суғуртавӣ амал карда истодааст, ки аз он ду ташкилоти суғуртавии давлатӣ, 17 ташкилоти суғуртавии ғайридавлатӣ мебошанд, ки дар ин миён ташкилоти суғуртавии «Муин» мавқеи хос дорад.
Суғуртакунӣ фаъолияти махсус буда, барои ҳифзи манфиатҳои суғурташудагон ва ташкилоту муассисаҳои бо суғурта фарогирифташуда равона шудааст.
Дар бештари мамолики дунё фаъолияти суғуртавӣ ба таври густурда ба роҳ монда шуда, ягон амали иқтисодӣ, муносибатҳои додугирифт, тиҷорат, сайёҳӣ, савдо ва ғайра бе доштани санадҳои суғуртавӣ ба амал бароварда намешаванд. Соҳаи суғурта яке аз самтҳои амалӣ намудани сиёсати давлат дар ривоҷу равнақи иқтидори молиявию иқтисодӣ ба шумор рафта, дар таҳкими муносибатҳои молию пулии шаҳрвандон, дастгириии онҳо ҳангоми ҳодисаҳои нохуш, барқарор намудани зарари ҷисмонии ба онҳо расонидашуда мавқеи беназир дорад. Ташкилотҳои суғуртавии дар бозори суғуртаи ҷумҳурӣ фаъолияткунанда дар пешбурди сиёсати иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дар ин замина ғанӣ гардонидани буҷети ҷумҳурӣ ҳиссаи арзанда мегузоранд.
Ҳанӯз 30 майи соли 2014 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтарсозии фазои сармоягузории назди Президенти кишвар ҳиссаи суғуртаро дар ҳаҷми умумии ММД-и кишвар ҳамагӣ 0,3 фоиз арзёбӣ карда, оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ташкилотҳои суғуртавии ҷумҳурӣ дастур доданд.
Инчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 майи соли 2019 ҳангоми мулоқоташон бо кормандони соҳаҳои молия, бонкдорӣ, андоз, гумрук ва сармоягузорӣ андешидани чораҳо ва тадбирҳои таъхирнопазирро ҷиҳати рушди инфрасохтори зарурӣ ва ташкили дурусти бозори суғурта, аз ҷумла васеъ ба роҳ мондани суғуртаи ихтиёрӣ ва фаъол гардонидани иштироки ташкилоту муассисаҳо дар ин бозорро таъкид намуданд.
Мавриди зикр аст, ки ташкилоти суғуртавии «Муин» моҳи сентябри соли 2021 аз нав аз қайди мақомоти назоратӣ гузашта, тибқи иҷозатнома, бо 10 навъи суғуртаи ихтиёрӣ кор ва фаъолият дорад.
Омӯзиши амалияи фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ, аз ҷумла ташкилоти суғуртавии «Муин», нишон дод, ки ҷиҳати амалӣ гардонидани дастури Пешвои миллат барои фаро гирифтани мактаббачагон ва кӯдакони то синни мактабӣ бо шартномаҳои ихтиёрии суғуртавӣ аз ҳодисаҳои нохуш барномаҳои дахлдор вобаста ба он, бо ду забон таҳия гардида, ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кӯдакистонҳо ирсол гардидаанд. Дар ин синну сол онҳоро эҳтимолияти хавфи дучор шудан бо ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш, аз қабили захм бардоштан, осеб дидан зимни афтидан, садамаи нақлиёт, ғарқшавӣ ҳангоми оббозӣ, газидани ҳар гуна ҳашарот ва ҳайвонот, мавҷуд аст. Бинобар ин, суғуртаи кӯдакони то синни мактабӣ ва мактаббачагон на танҳо ғамхории волидайн, балки масъулияти маъмурияти мактабу кӯдакистонҳо низ мебошад.
Бо бастани шартномаи суғуртавии мактаббачагон аз ҳодисаҳои нохуш волидайн имконияти гирифтани ҷуброни зарари ба кӯдакон расидаро аз ҳодисаҳои нохуш пайдо менамоянд, ки ба қадри ҳол барои сабук намудани вазъи молиявию иҷтимоияшон мусоидат менамояд. Барои мисол, хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №24 ноҳияи Ҷайҳун Аҳмадзода Мақсуд тибқи шартнома (полис)-и суғуртавӣ ба суғурта ба муҳлати 1 сол аз 1 июни соли 2021 дар натиҷаи афтидан осеб дида, ба беморхона оварда шуд. Дар асоси муроҷиати волидайн ва ҳуҷҷатҳои дахлдор ба номбурда кумакпулии суғуртавӣ пардохт шуд.
Дар натиҷаи ҳодисаи нохуш, яъне садамаи нақлиёт дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Душанбе, мактаббачагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Россияву Тоҷикистон №14 К.Р. Қурбонова, Ш.Б. Қаюмова ва С.С. Наврузова бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхона интиқол дода шуда, ноболиғ К. Қурбонова ба ҳалокат расид.
Бо сабаби он ки номбурдагон аз ҳодисаҳои нохуш суғурта шуда буданд, пас аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба волидони онҳо дар доираи шартномаи суғуртавӣ мутаносибан 3000 сомонӣ, 1650 сомонӣ, 2400 сомонӣ пардохта шуд.
Ҳамин тавр, соли сипаришуда аз ҳисоби суғуртаи ихтиёрӣ аз ҳодисаҳои нохуш, 38 762,7 сомонӣ, суғуртаи ихтиёрии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва масъулияти шаҳрвандии соҳибони онҳо 167 464 сомонӣ, суғуртаи тиббии ихтиёрӣ 53 161 сомонӣ, суғуртаи ихтиёрии сафаркунандагон ба хориҷи кишвар 69 145 сомонӣ пардохт шудааст.
Зимнан, танҳо соли 2021 аз ҷониби ташкилоти суғуртавии «Муин» 191 муроҷиати воридшудаи шаҳрвандон оид ба рух додани ҳодисаҳои гуногуни суғуртавӣ баррасӣ ва қонеъ гардонида шуданд.
Эътимоднокии молиявӣ муносибати хуб бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ташкилоти суғуртавии «Муин» имкон медиҳад, ки рисолатро дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро намояд.
Исматулло ХОЛНИЁЗОВ,
муовини директори генералииташкилоти суғуртавии «Муин» оид ба фаъолияти ҳуқуқӣ