Чанде қабл дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими рӯнамоии қисми сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ», ки аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, аъзо — корреспонденти Академияи илмҳои умумиҷаҳонии амнияти дастаҷамъӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро таълиф шудааст, доир гардид.
Дар ин ҳамоиш роҳбарияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону ҳуқуқшиносони варзида ва дигарон иштирок доштанд.
Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ зимни суханрониаш саҳми назарраси Раҳимзода Рамазон Ҳамроро дар рушди илми ҳуқуқи ватанӣ зикр намуд.
Муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Каримҷон Солиев зикр намуд, ки Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар натиҷаи фаъолияти илмии худ назарияи муосири ватании фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯиро коркард кардааст. Месазад, ки ӯро асосгузори илм ва фанни таълимии фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ дар кишварамон ҳисобем. Дар кишвари мо назарияи фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ мавҷуд набуд. Қаблан фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро яке аз намудҳои фаъолияти давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқ ҳисоб мекарданд, ки гӯё он танҳо хусусияти таҷрибавӣ — амалӣ дошта бошад.
Давоми зиёда аз 25 соли фаъолияти илмиаш Раҳимзода Рамазон Ҳамро мактаби илмии худро ташаккул дод ва исбот намуд, ки фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ на танҳо ба соҳаи мустақили қонунгузорӣ табдил ёфтааст, балки он соҳаи мустақили илм ба ҳисоб меравад. Ба қалами мавсуф китобҳои зиёд, мақолаҳои илмӣ, дастурҳои методӣ — таълимӣ дар самти фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ мансуб мебошанд, ки аз тарафи мутахассисони дохиливу хориҷӣ баҳои баланд гирифтаанд.
Ӯ ҳамчун мутахассиси соҳибтаҷриба дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ на танҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ эътироф гашта, мунтазам дар маҷаллаҳои кишварҳои хориҷӣ дастовардҳои илмии худро ба чоп мерасонад.
Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ» нахустин маротиба таълиф шуда, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ба сифати китоби дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавсия намудааст.
Дар китоб маводи зиёде ҷамъоварӣ шудааст, ки ташаккули фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯиро аз давраи пайдоиш то замони муосир дар бар гирифтааст. Диққати махсус дар он ба таъмини меъёрӣ — ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зоҳир гардида, илова ба ин, на танҳо меъёрҳои қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, балки меъёрҳои соҳаҳои дигари ҳуқуқ, ки бевосита ба ҳамин мавзӯъ рабт доранд, таҳлил шудаанд.
Дар ҳамоиш Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Маҳкам Маҳмудзода, устоди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Тақдиршо Шарипов, муовини раиси Суди вилояти Суғд, доктори илмҳои ҳуқуқ Исрофил Бобоҷонов, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ато Ҳамдам суханронӣ намуда, фикру андешаҳои худро иброз доштанд.
Аъзам МУСОЕВ, «Садои мардум»