КОРЕЯИ ҶАНУБӢ. Дар Кореяи Ҷанубӣ моҳи равон интихобот ба Маҷлиси давлатии кишвар муташаккилона доир гардид ва 62,7 дарсади интихобкунандагон ба тарафдории вакилони парламент раъй доданд, ки аз нишондиҳандаи соли 2004 (60,6) зиёд аст.
Барои таъмини амният ва ҳифзи саломатии одамон чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар даромадгоҳи бинои участкаҳои интихоботӣ ҳарорати бадани ҳар як нафар санҷида, вуруд танҳо бо ниқоби тиббӣ ва дастпӯшакҳои резинӣ иҷозат буд. Интихобкунандагон низ масофаи байни якдигарро, ки аз як метр зиёд муқаррар гардид, қатъиян риоя карданд.
РИА «НОВОСТИ»
РОССИЯ. Раиси кумитаи Думаи давлатӣ оид ба кишварҳои ИДМ Ленид Калашников ба бемории коронавирус гирифтор шуд ва ӯро дар беморхона бистарӣ карданд. Онҳое, ки бо ӯ наздик буданду муошират доштанд, ба карантин фиристода, ҳуҷраҳояшон безарар гардонда шуданд.
Ҳамчунин, ронандаи Леонид Калашников ва се ҳамтои ӯ ба коронавирус гирифтор шуданд.
Фаъолияти вакилони парламенти Россия тибқи меъёрҳои дар шароити пандемия муқарраршуда ҷараён дорад.
«ПАРЛАМЕНТСКАЯ ГАЗЕТА»
АНГЛИЯ. Вакилони палатаи поёнии Британияи Кабир баъди таътил мувофиқи тартиби махсус ба фаъолият шурӯъ карданд. Теъдоди вакилон дар толор маҳдуд шуда, аз 120 аъзо 50 нафари онҳо дар толор дар масофаи аз ҳамдигар дуртар ҷой мегиранд. Дигарон аз тариқи видеоконференсия дар ҷаласаҳо ширкат менамоянд. Барои ин системаи нави ZOOM, ки онро Маркази миллии амнияти кибернетикии мамлакат кор карда баровардааст, истифода мешавад. Дар таърихи 700 — солаи фаъолияти парламенти Британия бори аввал аст, ки вакилон ба чунин тарз кор мекунанд ва тавассути системаи зикршуда ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор савол пешниҳод мекунанд. «Ба ин восита дар ҳимояи умури тандурустии мамлакат ва ҳифзи сиҳатии мардум саҳм мегузорем», — гуфтааст раиси парламенти Британияи Кабир Линдс Хойл.
РИА «НОВОСТИ»
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»