Шаҳри Исфара бо корхонаҳои саноатии овозадораш машҳур аст. Дар ин раванд ҶСК «Осоишгоҳи Зумрад» низ шуҳрати шаҳрро афзудааст. Имрӯз ҶСК «Осоишгоҳи Зумрад» ба бренди Исфара мубаддал гаштааст, зеро ҳар вақте ки «Исфара» мегӯем, пеши назарамон осоишгоҳ ва ҳар лаҳзае, ки аз ҶСК «Осоишгоҳи Зумрад» сухан мекушоем, пеши чашмамон Исфара намудор мегардад.
ҶСК «Осоишгоҳи Зумрад» на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ шуҳрат дорад. Ҳамасола даҳҳо нафар дар ин осоишгоҳ истироҳат намуда, саломатиашонро барқарор менамоянд.
Он соли 1970 дар соҳили рӯди Исфара ҳамчун хонаи истироҳатӣ барои 150 нафар кишоварзони шаҳр сохта шудааст. Пас аз шаш сол дар ҳудуди истироҳатгоҳ бинои табобатӣ қомат афрохта, теъдоди истироҳаткунандагону табобатгирандагон ба 260 нафар расонида шуд. Шурӯъ аз ҳамон сол ба осоишгоҳ табдил ёфта, сардухтур Мирзо Олимов бо ҷидду ҷаҳди шабонарӯзӣ хонаи истироҳатиро ба як осоишгоҳи бузург табдил дод. Ҳангоми сардухтур будани номбурда дар осоишгоҳ бинои хуштарҳи панҷошёна барои 255 ва сеошёна барои 120 ҷой, қасри «Шифокорон» бо 260 ҷойи нишаст, чойхонаи «Сино», осорхонаи тиббӣ, ошхона ва китобхона бунёд гардид.
Чойхонаи «Сино» яке аз зеботарин иншооти ҶСК «Осоишгоҳи Зумрад» маҳсуб ёфта, бино ба гуфти директори генералии он Зафарҷон Олимов, чойхона бо маслиҳат ва ҳидояти устодон Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода дар соҳили дарё эъмор шудааст. Осорхонаи тиббии осоишгоҳ, ки ба номи бунёдгузори он Мирзо Олимов гузошта шудааст, дар ҷумҳурӣ камназир аст.
Дар наздикии деҳаи Сурх солҳои ҳаштодуми асри гузашта бахши «Зумрад» ба кор оғоз карда буд ва ҳоло дар ин ҷо хоҷагии ёрирасони осоишгоҳ фаъолият дорад ва истироҳаткунандагонро бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин менамояд.
Ҳудуди он 20 гектар буда, манзараҳои рангину афсонавӣ, табиати дилкушою ҳавои тозаи он ба кас ҳаловат мебахшад.
Дар давраи шӯравӣ чор маротиба ғолиби мусобиқаи умумииттифоқӣ гардидан худ бозгӯи мақому обрӯи он аст. Зафарҷон Олимов дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки табибони осоишгоҳ усулҳои гуногуни муоинаву муолиҷаро ба роҳ мондаанд, ки самараи хуб ба бор овардаанд.
-Дар осоишгоҳ 365 нафар корманд, аз ҷумла 20 нафар духтурони баландихтисосу соҳибтаҷриба, ки се нафарашон номзади илм ҳастанд ва 50 нафар ҳамшираҳои шафқат фаъолият доранд. Барои табобати истироҳаткунандагон асосан аз оби маъданноки «Оби шифо», муми кӯҳӣ, нафталан, усулҳои обшифоии гуногун, гилшифоӣ, маҳсшифоӣ, гиёҳшифоӣ, барқшифоӣ, сӯзаншифоӣ, иқлимшифоӣ, варзишшифоӣ истифода карда мешавад.
Номбурда гуфт, ки вақтҳои охир дар соҳаи ташхису муолиҷа як қатор навгониҳо ҷорӣ гардиданд. Аз ҷумла ба осоишгоҳ лойқаи шифобахши ҳавзи Сакии Федератсияи Россия ворид шуд, ки он барои рафъи бемориҳои мушаку устухон, асаб, пӯст, гинекологӣ, меъдаю рӯда, гурда, узвҳои нафаскашӣ ва бемориҳои мардона ниҳоят фоида мерасонад. Барои табобати маризиҳои пӯсту узвҳои такяву ҳаракат аз Ҷумҳурии Озарбойҷон нафти нафталан дастрас гардид.
Соли 2014-ум 11252 нафар ва давоми панҷ моҳи соли равон 3752 нафар ба истироҳату фароғат фаро гирифта шудаанд. Аз замони оғози фаъолият то имрӯз осоишгоҳ зиёда аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандони дохиливу хориҷиро қабул кардааст.
Барои хушу хотирмон гузаштани вақтҳои фориғ аз табобат мизоҷон ба чорабиниҳои фарҳангиву адабӣ даъват мешаванд. Бояд гуфт, ки ҶСК «Осоишгоҳи Зумрад» ягона осоишгоҳе мебошад, ки бахши фарҳанги худро дорад ва 15 нафар мутахассис кори онро пеш мебаранд. Гузаронидани шаби рақс, вохӯриҳо бо аҳли илму адаб, ҳунарнамоии санъаткорони шинохта, сафар ба мавзеъҳои таърихии Исфара ба ҳукми анъана даромадааст. Китобхонаи осоишгоҳ дорои ҳафт ҳазор нусха адабиёти гуногун ва рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки соли равон аз ташкили ҶСК «Осоишгоҳи Зумрад» 40 сол ва зодрӯзи бунёдкори он Мирзо Олимов 80 сол пур мешавад. Барои сазовор истиқбол гирифтани ин ҷашнҳо кумитаи тадорукот таъсис ёфтааст. Зафарҷон Олимов иттилоъ дод, ки ҷашнҳои зикршуда нимаи дувуми моҳи сентябри соли равон баргузор хоҳанд шуд.
-Нақша дорем, ки баҳри боз ҳам боло бурдани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба шаҳрвандон бинои нави ҷавобгӯй ба замони муосирро бо табобатгоҳу хобгоҳ ва ошхона барои 200 нафар бунёд намоем, — изҳор дошт ҳамсуҳбатам.
Чанде пеш ҶСК «Осоишгоҳи Зумрад» ҳамчун иштирокчии 29-умин «Конвенсияи байналмилалӣ оид ба сифат дар соли 2015» соҳиби Ҷоизаи байналмилалии тиллоии «Qualitu Summit» гашт.
Маросими ҷоизасупорӣ дар шаҳри Ню-Йорк-и ИМА бо иштироки намояндагони 72 ширкати ҷаҳонӣ доир гашта,ҶСК «Осоишгоҳи Зумрад» дар бахши «Барои сатҳу сифати олии хизматрасонӣ» ҷоизаи фавқуззикрро соҳиб гардид.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»