Файзи ҳастӣ аз вуҷуди меҳрубони модар аст

№30-31 (4292-4293) 06.03.2021

unnamedДар сатҳи давлатӣ ва ботантанаву шукӯҳи хоса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эҳтирому эътибори зиёди Ҳукумати мамлакат ба модарону занон мебошад.

Бегуфтугӯ, нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбияи фарзандон, болоравии худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.

Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, ободии ҳар як хонадон ба рӯҳия, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурус­тии зан-модар вобаста аст.

Ҳар сол дар арафаи 8 март бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар сохторҳо чорабиниҳои гуногун баргузор шуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон модарону бонувонро бо Рӯзи Модар муборакбод менамоянд.

Моҳияти ҷашн дар он зоҳир мегардад, ки 8 март тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», рӯзи истироҳат муқаррар шудааст.

Ҳоло дар Тоҷикистони соҳиб­истиқлол барои ба ҳаёти ҷамъиятӣ пайвастани занон тамоми шароит, аз ҷумла, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам мебошанд.

Занон қувваи пешбаранда эътироф гардида, иштироки онҳо дар тамоми соҳа, аз ҷумла, сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт ва сохторҳои қудратӣ, муҳим ва муфид эътироф шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии кишвар, ба боз ҳам баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Давраи Истиқлолияти давлатӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои зан як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 — 2020», «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 — 2023», «Консепсияи рушди оила» ва «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017 — 2022» аз санадҳои меъёрию ҳуқуқие мебошанд, ки барои фаъолияти занон имкониятҳои бештар фароҳам оварданд.

Мувофиқи маълумоти омор, ҳоло дар судҳои иқтисодӣ 103 нафар фаъолият мекунанд, ки беш аз 28,1 дарсади онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Тибқи таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон модарону бонувони кишвар бояд беш аз пеш дар татбиқи қонунҳои миллӣ — «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» фаъолтар бошанд. Сарфаю сариштакориро, ки яке аз хислатҳои беҳтарини миллати қадимаи мост, риоя кунанд, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд, расму оин, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоянд. Илова бар ин, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ кӯшиш карда, ба насли наврас одоби муошират ва суханвариро бо забони ширину шоирона омӯзонанд. Шоир низ бо дарназардошти фазилатҳои модарон гуфтааст:

Файзи ҳастӣ аз вуҷуди меҳрубони модар аст,

Асли мо, ному нишони мо забони модар аст.

Парвиз МИРЗОЗОДА,

судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон